logo

иҷтимоиёт

ҲАМА ДАР АТРОФИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ МУТТАҲИДЕМ!

Имрӯзҳо ҷаҳонро вируси нав COVID - 19 фаро гирифтааст. Мутаассифона, кишвари мо низ аз таъсири он дур намонд. Аз рӯзҳои аввали паҳншавии ин беморӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дастур доданд, ки барои мубориза бо он Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.

Ситодро худи Сарвари давлат ба зимма гирифтаанд. Дар натиҷа, ин беморӣ ба кишвари мо дертар ворид шуда, нисбат ба дигар давлатҳо, ҳатто назар ба мамолики бисёр пешрафта, талафоти камтар гузошт.
Имрӯз ҳамаи мардуми кишвар дар паҳлуи роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дошта, ба хотири мубориза бо коронавирус камари ҳиммат бастаанд. Аммо ҳастанд нафарони ғаразноку моҷароҷӯе, ки аз берун истода, ба тарафи давлату Ҳукумат санг меандозанд. Онҳо намеандешанд, ки ин ҳолати вазнинро имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сар гузаронда истодааст. Ҷое нашунидем ё нахондаем, ки кадоме аз мухолифони он кишварҳо бар зидди давлату миллати худ туҳмату буҳтон зада бошанд.
Хушбахтона мардуми кишвар дарк кардаанд, ки онҳо чӣ ният доранд. Ҳоло сокинони кишвар дар паҳлуи давлату Ҳукумат қарор дошта, барои қаҳрамонони рӯз - табибон кумаки худро дареғ намедоранд.
Ҳамчунин, дар асоси дастурҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ, ки вазифаи он ташкил ва танзиму ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад, сохтмончиёну меъморон низ дар атрофи давлати соҳибистиқлолу Ҳукумати кишвар муттаҳид гардида, ҳамаҷиҳата кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Бо назардошти вазъи бамиёномада раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳр дастур доданд, ки ба таври илова чанд беморхонаи муваққатӣ барои зиёда аз 3000 кат ҷиҳати табобати гирифторони COVID - 19 бо фароҳам овардани шароити зарурӣ, алалхусус, бо таъмин намудани таҷҳизоти тиббии сифати баланд ва дорувории зарурӣ ташкил шавад.
Бо ин мақсад, ҳоло дар варзишгоҳи «Бофанда» - и шаҳри Душанбе беморхонаи сайёри муваққатӣ бо тамоми шароит ташкил шуд. Ин беморхона дар масоҳати 2 гектар ҷой гирифта, дар он 144 контейнерҳои махсуси тиббӣ ҷойгир шудаанд, ки дорои 984 кати хоб мебошад.
Ҳамчунин, дар Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани 350 нафар бемор, дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои 650 кат, дар гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои 110 кат ва дар коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ барои қабули 500 нафар беморони мубталои коронавирус беморхонаҳои муваққатӣ ташкил шудаанд.
Итминони комил дорам, ки бо амалӣ намудани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятӣ гирифта мешавад ва мо боз ба бунёдкорӣ машғул гардида, Тоҷикистони азизамонро нисбат ба имрӯз ободу сарсабз мегардонем.
Аз ин хотир, ҳар нафаре, ки миллат ва Ватани хешро заррае дӯст медорад, дар чунин лаҳзаҳои воқеан ҳассос дар паҳлуи халқ бояд бошад. Мардуми тоҷик дигар ба он овозаҳои беасосу бепояе, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чоп мешаванд, бовар намекунанд. Ҳамватанони азизи мо набояд фаромӯш кунанд, ки мо лаҳзаҳои аз ин ҳам вазнинтарро пушти сар кардаем ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ аз ин имтиҳон низ мегузарем.

Абубакр САФАРЗОДА,
директори Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2020    №: 108    Мутолиа карданд: 245
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед