logo

сиёсат

ФАРИШТАИ НАҶОТ. ЛАВҲАҲО АЗ ЗАМОНИ ҶАНГИ ТАҲМИЛИИ ШАҲРВАНДӢ

- Ба хотир овардани воқеаҳои солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва аҳволи мардуми кишвар дар он солҳо бароям бас мушкилу дарднок аст, гуфтану ба риштаи тасвир кашиданашон ҷонгудозу дардноктар. Агар онҳоро худ дида ё аз сар гузаронда бошӣ, чунин эҳсосот дучанд меафзояду дилат таҳ мезанад, чашмонат пуроб мешаванд, ба баданат мурғак медамад ва пеши чашмонат торик мегардад. Дил ба сӯзиш меояду нола мекунад ва лаҳзаҳои умратро бо худ мебарад. Аммо бояд нависӣ - агар нависандаӣ, ба коғаз гузаронӣ - агар таърихнигорӣ, ба фитаҳои овозу видео сабт кунӣ ва бигӯию фаҳмонӣ - агар рӯзноманигору воқеанигорӣ,- овардааст дар китоби тозанашраш “Фариштаи наҷот” нависанда ва рӯзноманигор Ҳасан Юсуфи Файзбахш.

Лавҳаи якум
НОЛА
Ҳаво гарм, офтоб сӯзон, асфалт тафсон. Дар ҳамин шароит гурезаҳо ба роҳ баромаданд. Ҷонталвоса. Аксаран пойи лучу сари луч, бо либосҳои даридаю ҷӯлида. Марде модари муштипарашро дар аробачаи кӯдакона савор карда, марди дигар падари пирашро дар пушт гирифта метохтанд. Аммо намефаҳмидам бо ин ҳол то куҷо мерафтанд?!
Марди бас пири дигар ба ду асо такя карда мерафт. Ӯ имкони дуруст тозакунии оби чашмони обравашро надошт. Чангу ғубори роҳ бо оби чашмонаш омехта, дар мижаҳо ва рухсораҳояш лар баста буд. Сару танаш шип - шилта. Гӯё ӯ ҳам мегурехт. Аммо бо ин ҳол ба куҷо ва то куҷо гурехта метавонист? Вале ҷони ӯ ҳам ширин буд. Дар талвосаи ҷон мегурехт, гӯё...
Тақ - тақ. Тақа - тақ! Тррр...! Тррр! Автоматҳо садо дода, тирҳо парвоз карданд. Ҳуштаккашон аз боло, аз поён, аз пушти сар, аз пешу бар. Ғиреви гурезаҳо баланд шуд. Касе ба пушти санг, касе хамии роҳ, даруни ҷӯй ва паси дарахт медавиданду панаҳ бурдан мехостанд. Қисми дигар дар ҷояшон карахт, беҳолу ҳанг, саргаранг ва ҳайрону ҳақиру нотавон буданд. Аз ҳайрату ноилоҷӣ дар ҷойҳояшон «ҳайкал» шуданд. Баъди чанд лаҳзаи ба асли воқеа сарфаҳм рафтан, аз ҳоли ҳақир ва хору залилашон гиристанд, фиғон карданд, навҳа кашиданд ва дод мегуфтанд.
Модаре тифлакашро ба сина пахш намуда, надонист сар ба куҷо занад. Кампираке маҷоли ҷунбидан накарда, рӯйи замин нишаст. Ӯ ҳайрону ҳаросон ба ҳар сӯю ба ҳар кас менигарист. Аммо ҳама аз пайи ҳифзи ҷони худ ва наздиконашон овора буданд: бо дард, бо навҳа, аз дил, аз ҷон, бо зорӣ, бо тавалло ба Худо.
Чанд нафар, гӯё ки шах шуда бошанд, аз ҷо намеҷунбанд...Гӯё ҳамагӣ дар аъроф монда буданд.
Тирҳо ин дафъа аз наздиктар ва шиддатноктар омаданд, ба тани гурезаҳо бархӯрданд. Ҷавонзане «о...о...» гуфту тифли сари дасташро ба қафаси сина зер кард ва ғайри ихтиёр печутоб хӯрда оҳиста ба замин афтод. Баробари ба хок расидани ҷуссааш тифл аз дасташ ҷудо шуд. Овози тифли аз асли воқеа бехабар баланд гашт. Аммо зери таъсири доду фиғони дигарон ягон қуввае пайдо накард. Кӯдакони дигари ҷавонзан гирдашро гирифта, навҳа кашиданд. Духтарчаҳои нисбатан калонаш, ки худро каму беш мешинохтагӣ буданд, дигар омадани тирро фаромӯш карданд ва худро болои модар партофтанд. «Очаҷон», «очаҷон», - гӯён рӯю мӯ канданд, даст сӯйи осмон бурда, аз Худо ёрӣ хостанд.
Чанд қадам дуртар як кӯдаки хурдсолу як навраси 12 - 13 - сола оғӯштаи хоку хун мехобиданд. Модарони онҳо, хешу ақрабояшон гирдашонро гирифта, нолаю фарёд мекарданд...
Боз садои тир. Ин дафъа гуларӯсаке ба замин афтод. Модари зори ӯ доду фиғон бардошта, сари духтаракро ба қафаси синаи хеш пахш кард. Хуни гарми духтарак аз қабатҳои либоси модар гузашта, ба бадани ӯ ҷорӣ шуд ва модар аз ҳуш рафт. Наздикони онҳо духтараки, аллакай беҷонро аз рӯйи синаи модар гирифта, ҷароҳаташро диданӣ шуданд. Ин вақт аз бағали ӯ рӯймолчаи силсиладори гулдӯзӣ ба замин афтод. Ҳамагон фаҳмиданд, ки духтарак бо чи орзую ҳавасҳое он рӯмолчаро гулдӯзӣ кардааст. Фиғону оҳу нолаи мардум дучанд шуд...

Лавҳаи дуюм
“НОН”
Ба минтақаи Кӯлоб хӯрокворӣ оварда, ба воситаи ҷамоатҳо ба мардум тақсим мекардем. Бо мақсади фаҳмидани он ки озуқавории фиристодаамон ба соҳибонашон мерасанд ё не, ману чанд ҳамкорам ба санҷиш баромадем. Зимни санҷиш дар қишлоқи Меҳнатободи ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) паси дарвозае истода, садо кардем, аммо касе ҷавоб надод. Дарвоза, ки нимроғ буд, даромада дидам, ки мӯйсафеде рӯйи суфаи зери тути калон хобидааст. Ӯ танҳо буд. Сӯяш қадам задам. Ба назарам бисёр фарбеҳ намуд. Чун наздаш омадам, дарк кардам, ки фарбеҳ не, ба варам монанд аст. Ҳоли ӯро дида аҳвол пурсидан маънии ба ҷароҳаташ намак пошиданро мегирифт. Бинобар ин, худро шиносонда, мақсади омаданамро арз кардам.
- Ҳанӯз нагирифтаем. Се рӯз боз кампирам мераваду аз субҳ то шом навбат мепояд. Аммо ҳеҷ не, ки навбаташ расаду маводро гирифта биёрад, - бисёр дарднок гуфт мӯйсафед.
Бисёр боэҳтиёт ва ҳар чи имкон буд, сабук карда пурсидам:
- Бобо, агар малол нашавед, пурсам?
- Пурс, бачам, пурс.
- Мегӯям фарбеҳ бошед ё варам доред?
- Варам дорам, бачам, варам.
- Чанд вақт шуд?
- Як – ду моҳ шуд-да. Аз рӯзи тамом шудани хӯроквориамон.
- Бобо, маро бубахшед. Медонам, ки аз набудани хӯрокворӣ одам лоғар мешавад, вале варам карданашро намедонистам.
- Ҳа, писарам, шумо – ҷавонон, ҳоло бисёр чизҳоро намедонед ва шукр, ки намедонед.
- Бобоҷон, садқаи ришу мӯйи сафедатон. Фаҳмонед, аз чӣ варам кардаед?
Мӯйсафед чизе нагуфт. Оҳиста, гӯё ки онро озор надиҳад, бо эҳтиёт лаби дастархончаи пешаш бударо кушод.
- Ана аз ҳамин, бачам, аз ҳамин.
- Ин чист?
- Нон, бачаҷон, нон.
- Бобоҷон, намефаҳмам, чӣ хел нон?
- Бигир, бачам, бичаш, мефаҳмӣ.
“Нон” - ро ба даст гирифтам. Шабеҳи ягон хел нонҳои медонистагиам набуд. Рангаш хокистари сиёҳтобро ба ёд меовард. Чанд мағзашро ба даҳон бурдам. Таъми ҳеҷ нонҳои хӯрдаамро надошт.
- Бобо, ин нон аз чӣ омода шудааст?
- Аз сабӯс, бачам. Не, аз сабӯс не, аз сабӯси сабӯс.
- Онро кӣ овард?
- Ҳеҷ кас. Худам рафта, аз бозори развилка харидам (гардиши роҳи Душанбе – Кӯлоб ба тарафи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ).
- Магар чизи дигар набуд, ки сабӯси сабӯс харидед?
- Э, бачам. Шукр, ки ман ҳаминашро ҳам ёфтам. Дигарон намеёбанд. Охир аз ҷанг баромада бошем ҳам, ҳанӯз оқибатҳои он тамом нашудааст.
Баъди инро гуфтан овози мӯйсафед ларзид. Якпаҳлу ки буд, оби як чашмаш аз бари биниаш, оби чашми дигараш аз рухсорааш поин шорид. Ӯ хеле хомӯш монд. Дар ин лаҳзаҳо намедонистам чӣ гӯяму чӣ хел рафтор кунам. На рафтанро медонистаму на истоданамро. Хайрият, ки баъди чанде мӯйсафед боз ба сухан даромад.
- Акнун, бачам, мо намемирем. Ана, тут пухт, - ба тути болои сараш ишора карду канда - канда гуфт ӯ. – То инро хӯрда тамом мекунем, ки ҷав ҳам мепазад. Ана, бин, думбул шудааст... – бо шеваи шодӣ ва фараҳмандӣ ҷониби ҷави ҳавлиаш ишора карда гуфт мӯйсафед. – Боз насиб бошад, ана - мана нагуфта, кампир ёрии фиристодаи шумоёнро ҳам меорад...

АЗ АВРОҚИ ДИЛ
Чунин ҳолатҳо борҳо такрор шудаанд, ки нафареро сел мебарад, дигаре аз кӯҳи баланд меафтад ва сеюмӣ ба коми дарёи пурталотум меравад. Ҳолати гирифторшудагонро сарфаҳм рафтан пас, одамон бовар намекунанд, ки инсон баъди гирифтор шудан ба чунин фалокатҳо боз зинда мемонда бошад. Аммо, чӣ мегӯед, ки зинда мемонад ва мардуми ҳайратзада дар ҳамин маврид мегӯяд: “Фариштаҳо наҷоташ доданд”. Ҳолати Тоҷикистони азиз ҳам дар солҳои навадуми асри гузашта шабеҳи ана ҳамин хел фоҷиаҳо буд. Аммо кадом қувваи ғайбе дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли фариштаи наҷот омаду онро наҷот дод. Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари кишвар омадани фариштаеро мемонад, ки бо фармони Худованд ҳамеша омодаи наҷоти одамон ва мулку кишварҳо мебошад.
Дар ин суханҳо муболиға нест. Ҷаноби Олӣ вақте ба сари қудрат омаданд, ки миллате бо номи тоҷик ва кишваре бо номи Тоҷикистон дар вартаи нестшавӣ қарор дошт. Маҳз ӯ барои ин миллату ин кишвар фариштаи наҷот гардид.
Ва, аз ин рӯ, номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳо боз дар равоқи дили мо навишта шудааст. 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 351
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед