logo

иҷтимоиёт

КОРОНАВИРУС БАТАДРИҶ НЕРУ АЗ ДАСТ ДОДА, АЗ БАЙН МЕРАВАД

Бино ба иттилои расмӣ то имрӯз дар кишварҳои ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, наздики 400 ҳазор нафар фавтидааст. Моҳҳои охир суръати паҳншавии он хеле коҳиш ёфта бошад ҳам, то ҳол дору ва ваксинааш ихтироъ нашудааст ва хатари вабо ҳамоно побарҷост. Яъне, аз эҳтиёт кор гирифтан ҳаётан муҳим боқӣ мемонад. Дар ин бобат суҳбате доштем бо Ниёз Одинаев, доктори илмҳои тиб, мудири кафедраи эпидемологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино.

- Тавре маълум аст, ин вабои аср дар як муддати кӯтоҳ ба тамоми кишварҳои олам доман паҳн кард. Аммо сабаб чист, ки дар як қатор мамлакатҳо он зуд ва бошиддат ва дар баъзеи дигараш хеле суст паҳн гардид?
- Омӯзиши хусусияти вирус аз ҷониби олимони вирусшинос ва биологҳо  нишон медиҳад, ки он дар макони хуруҷ - Чин тағйироти эволютсиониро аз сар гузаронд.  Яъне, аз  Чин  ду вирус  ба дигар мамлакатҳо паҳн гардид: яке вируси асосӣ - COVID - 19, дигаре  вируси таркибан тағйирёфта. Аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ дар ҳолати тағйир ёфтани ҷавҳари вирусҳо фаъолият ва заҳрнокии онҳо хеле паст мегардад. Ҳамин тавр, вируси асосӣ ба мамлакатҳои Аврупо, шаҳри Ню-Йорк ва мавзеъҳои шарқии  Амрико паҳн гардид, баъдан ба  Россия омад. Вируси дувум, яъне мутантӣ, манотиқи соҳилҳои ғарбии Амрико ва мамлакатҳои Осиёро фаро гирифт. Зимни санҷиши ин ду штамм дар озмоишгоҳ маълум гашт, ки суръати афзоиши вируси якум то 270 маротиб зиёд мебошад. Аз ин ҷост, ки он дар баъзе аз кишварҳо зуд паҳн шуд.
Аз рӯи тадқиқоти олимони вирусшинос ва биологҳо, аз ҷумла профессори донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон (ИМА) Анча Баранова, вируси COVID - 19 дар Корея дар натиҷаи мутатсия  хосияти қаттолияшро гум карда, қобилияти воридшавӣ ба ҳуҷайраҳои эпителиро  аз даст додааст. Ба ақидаи академики рус В. В. Зверев, ин гувоҳи он аст, ки вируси мазкур батадриҷ неруи хатарзояшро аз даст дода, мисли ду ҳамҷинси пешинааш - SARS ва MERS худ аз худ аз байн меравад.

- Гирифторӣ ба ин беморӣ чӣ тавр сурат мегирад ва масуният дар муқовимат ба он чӣ нақше мебозад? Оё эҳтимолияти сироятёбии дубора вуҷуд дорад?
- Тавре маълум аст, бемории фавқ метавонад дар се шакл зуҳур ёбад. Дар шакли аввал, ки сабук аст, вирус ба организм дохил шавад ҳам, то муддате беморон чизеро эҳсос намекунанд. Агар теъдоди вирус кам бошад, худи омилҳои муҳофизатии  инсон, махсусан интерферон, онҳоро нест месозад. Дар ин гурӯҳ беморон антитела пайдо намешавад ва онҳо метавонанд боз сироят ёбанд.
Дар шакли дувуми миёна вирусҳо ба қисми поёнии роҳҳои нафас меафтанду сироят бо сулфаи хушк, хориши гулу, пастшавии ҳиссиёти бӯйфаҳмӣ ва лаззати хӯрок, ҳарорати баланд, беҳолӣ ва бемадорӣ зуҳур мекунад.  Дар ин маврид давоҳои зиддивирусӣ фоидабахшанд. Бемор метавонад дар шаш - ҳашт рӯз  шифо ёбад. Дар организмаш антителаҳо пайдо мегарданд ва ба нобудсозии вирус ёрӣ мерасонанд. Аммо ба қадри зарурӣ не, чунки теъдодашон хеле кам аст. 
Дар шакли сеюми сироят, ки вазнин мегузарад, бемор ба таби баланд, сулфа, нафастангӣ гирифтор шуда,  аломатҳои гипоксия ба назар мерасад ва дар таркиби хун дигаргунӣ ба вуҷуд меояд.  Дар организми ин қабил сироятёфта антителаҳо зиёд истеҳсол мешаванд ва онҳо теъдоди вирусро дар узвҳо кам мегардонанд. Дар ин беморон иммунитети пурқувват алайҳи COVID-19 пайдо мегардад.
Тадқиқоти олимони бисёр кишварҳо  нишон дод, ки  дар калонсолон ва онҳое, ки бемориро вазнин гузарондаанд, пас аз беморӣ масунияти устувор ҳосил мешавад. Онҳо пас аз шифо ёфтан, дигар аз коронавирус сироят намеёбанд ё онро сабук мегузаронанд.

- Ниёз Сафарович, омилҳои марговарии вирус чӣ тавр зуҳур меёбанд? Оё ҳадафи таҳоҷуми SARS-CoV-2 фақат шуш маҳсуб меёбад ва ё ба дигар узвҳо низ зарар мерасонад?
- Хатари COVID – 19 ин харобсозии системаи масуният ва илтиҳоби (васкулити) мӯякрагҳои шуш мебошад, ки тадқиқоти илмии коршиносони кишварҳои гуногун собит намудааст. Бояд қайд кард, ки  осебёбии шуш асосан ба бемории системаи васкулит хос мебошад. Ҳамин тавр, асоси бемориро ташаккули дурдабандӣ, ҳосилшавии судда (тромб) ва ихтилоҷ (спазм)  ташкил медиҳад. Чуноне зикр кардем, дар шакли севуми хуруҷ теъдоди вирус кам шуда, антителаҳо пайдо мегарданд. Мо, табибон, бояд табобати асосиро ба ин омилҳо, яъне ба системаи сахтшавии хун ва ташаккулёбии илтиҳоби мӯякрагҳо (васкулити капиллярҳо), равона созем.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, баъзе беморон аз дарди сахти сар, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ азият мекашанд ва бархе аз дарди сахти шикам,  фазлаи обӣ, фишорбаландӣ, дарди шадид дар мавзеи гурдаҳо шикоят мекунанд.  Инҳо аломати вайроншавӣ  ва илтиҳоби гардиши хуни мӯякрагҳои узвҳои дарунӣ ва ташаккулёбии микросуддаҳо дар рагҳои мағзи сар, ғадуди зери меъда, гурдаҳо, ғадуди болои гурда мебошанд. Инчунин, таъсири манфии COVID – 19  дар унсурҳои хун низ дида мешавад. Ба ақидаи академики рус Александр Чучалин, ин ваборо бемории вирусии системавӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарчашмаи асосии фавти беморони коронавирус ин ташаккули дурдабандӣ, суддашавӣ дар системаи хунгард, камшавии оксиген ва афзудани гази карбон (гипоксемия) дар шуш ва дар ин асос ба вуҷуд омадани нуқсҳои ҷиддӣ дар узвҳои ҳаётан муҳим мебошад.

- Барои масунияти хуб доштан чӣ бояд кард?
- Ҷиҳати устувории масуният истифодаи витаминҳои Д3 (холекастефлор) ва витамини К (МК-7)  барои тунукии хун, инчунин, афзоиши хусусияти ёзандагии рагҳои хунгард хеле муфид аст. Ин витамин дар таркиби карам, помидор, гӯшт, кабудӣ, анҷир, равғани рустаниҳо низ фаровон аст. Ҳамчунин, витамини С дар мубодилаи моддаҳо иштирок намуда, ҳуҷайраҳои мурдаро хориҷ месозад. Тухми каду, ки дар таркибаш руҳ дорад, ҳуҷайраҳои вирусиро нобуд мекунад. Омехтаи маҳлули барги уд (алоэ) бо асал, муми занбӯри асал, мумиё низ ба устувории системаи масуният мусоидат менамоянд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 122
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед