logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. КӮДАКИ ИМРӮЗ ВАТАНДОРИ ФАРДОСТ

Ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакон аз авлавиятҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. Ин аст, ки ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия (моддаи 34) сарчашма гирифта, дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳким бахшида шудааст.

Воқеан, дунёи рангини кӯдакон софу беғаш аст. Баъзан, онҳо чунон зираку кунҷков мешаванд, ки наметавонем ба он бетаваҷҷуҳ бошем. Дар ҳамин айём агар вориди ҷаҳони ботинии кӯдак шавем ва дунёи ӯро бишносем, маълум мешавад, ки истеъдоди кӯдак дар оянда ба кадом самту равия моил хоҳад буд.
Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси шинохта, бар он андеша аст, ки муайян намудани истеъдоди табии кӯдак аз рӯзи аввали ба дунё омаданаш оғоз мегардад. Зеро тифл аз овони навзодиаш ба мушоҳидаи воқеаҳои олами беруна шурӯъ мекунад. Ӯ дар ин марҳила фарқияти ашё ва воқеаҳои атрофро дарк сохта, шахсият ва “ман” – и худро кашф мекунад. Мекӯшад, ки ба моҳияти ашёву воқеавии атроф сарфаҳм равад. Завқу салиқа ва пазироиву вокуниши кӯдак ба пуррагӣ дар ҳамин марҳилаи ҳаёти ӯ муайян мегардад.
Тафаккур ва шуури инсонӣ ба ҳадде қодир будааст, ки тифли ҳанӯз ба гап надаромада муҳит ва фазои оиларо дарк мекунад. Ин муҳит хуб аст ё бад ба равони ӯ таъсир мегузорад. Ин андешаро ҳамсуҳбати мо ҳам тасдиқ карда мегӯяд: “Хуб аст ё бад, воқеаҳои хушу зебоии муҳити атроф мисли ҳама кас ба кӯдак ҳам хуш меоянд, аммо ҳодисаҳои ҳузнангез ва нохуш ба ӯ таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ, кӯдак, ки бо ҳодисоти атроф муносибати доимӣ дорад, завқманд ва ё ошуфтаҳол шуданаш мумкин аст. Ӯ ба ҳар кору ҳодиса ҳамроҳ шуда, бо узвҳои нозуки биноӣ ва шунавоияш барои худ маълумоти тару тоза гирд меорад. Кӯдак ба ин роҳ ҳар чизи дида ва шунидаашро таҳлил карда, маълумоти нав барои оянда сохтани “ман” – и худ ба зершуураш ҷой мекунад. Воқеан, маълумоте, ки пайваста ба олами ботинии кӯдак роҳ меёбад, минбаъд аз як тараф, дар ташаккули шахсияташ нақш баста, аз тарафи дигар, рафтору кирдори ӯро муайян ва ба самти мусбат ва ё манфӣ равона мекунад”.
Ин муқаддимаи психологияи кӯдак буд. Вале муайян намудани лаёқати кӯдак посухи дигар дорад. Равоншиносон ба он андешаанд, ки муайян намудани лаёқати кӯдакон дар илми психология масъалаи хеле муҳим ба шумор меравад. Онро чӣ тавр бояд муайян кард? Афлотун ба ин назар аст, ки агар кӯдак аз рӯйи заминаҳои табиияш, коршояму тавоно дар мӯзадӯзӣ бошад, бигзор мӯзадӯз бошад, агар ба дуредгарӣ шавқ дошта бошад, бигзор дуредгарӣ кунад на кори дигар. Ва ҳамин талаб нисбат ба дигар касбу ҳунарҳо.
Табиист, ки мавҷуд будани ин ё он истеъдоду ҳунар дар вуҷуди фарзандон охири кор нест ва барои рушди ҳунару истеъдод қувваи такондиҳанда зарур аст, ки он боз ҳам ба таълиму тарбияи дуруст бармегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, дар заминаи шароити мусоиде, ки давлату Ҳукумат фароҳам кардааст, барои маърифатнокии фарзандони худ кӯшиш ба харҷ диҳем, то фардои худро имрӯз сохта бошем. Зеро кӯдаки имрӯз ватандори фардо ва саробони мову шумост.

Сарвиноз ШОДМОНОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 95
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед