logo

иҷтимоиёт

ОТАШИ МАРДИСТ ДАР ИН БУМУ БАР

- Рӯи сафеди субҳгоҳони Ватани ҷавоншударо саломати бардавом! Чашми рӯзҳои оғӯштаашро ба иди озодиву якоякиву адолату ризо умри хуршедӣ! Синаи бегоҳи шафақомези лолагунашро чароғи лаззати маҳтобӣ! Набзи ҷӯши мардони оташдилашро париши  шодмони пойи равову ақли бино сӯи дари кушодаи саодати башарӣ!
Ва, албатта, дастгири неруманд Пешвои азаматсози миллат Эмомалӣ Раҳмонро эҳтироми ҷовидонӣ, ки мардуми кишварро аз ҷангу парокандагиву хонумонсӯзиву ғурбату беқадрӣ раҳо карданд ва ин арзишҳои зиндагисозро барояшон ҳадия намуд! Ин тақозову муноҷоту умедталабии  дӯсти меҳмонам – муаллими обрӯманди қаламрави Файзобод Анвар Саидов аст. Чидам ононро мисли нонпораҳои камёби қоқи дастархони ғурбатӣ, бӯсидаму бимолидамшон ба хонақоҳи чашмон ва пардози қаламишон додам бар эътибори ҷамъи хонандаҳои маҳбуби «Ҷумҳурият».
Бобои омӯзгори ҳаққуляқин Анвар Саидов Аълочии маориф боз мисли ҳаво дар раги решаву барг биёзонд нидоҳои давопандашро: «Мудом дуои давлат дорам, ки Эмомалӣ Раҳмон чандон, ки сулҳу ваҳдати миллӣ овард, шарафу сарафрозиву шоистагии куҳантоби тоҷиконаро аз дигар маҳтобворе рӯшан кард, ба фузун зеҳну ҳунару тавонмандии миллатро ҷунбиш дод, то созанда бошему худогоҳу давлатёру ватанбон. Бифаҳмем забони обу боду замини кишварро. Ва бигирем гапи хирадсолор Низомии Ганҷавиро:
Ғофил  манишин на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист».
- Боракалло,  ака, - меситоям ӯро, - тахайюли бисёр қавӣ, зеҳну фаҳму завқи ватандоритон – дашти  гандумзори хӯшасер.
- Э додар,  ту гуфтӣ, ки дар ғарибӣ дарду доғи беватанӣ кашидӣ. Моро дар Ватан аламҳои беватанӣ чашми хунрав дод. Ҷанги бародаркушро хона масофи набард аст. Мо дар хонаи худ бехона будем. Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» - и  Пешворо хондаӣ?
- Як бору ду бор на. Дар болои мизи дафтару қаламдориам мудом кушода аст.  Медароям ба сарвақти ин ганҷи сармад пайи ковишу ёбиши назари воҳид, бузургии ҷаҳонороии миллати азиз, созандагии фикрӣ, тарбияти аълои зеҳнӣ, парастиши зебоӣ, густариши хайру салоҳ, ки андудаи оташи раҳёби аҷдодону абармардони муосиранд. Чароғи ҳидояту иноятҳои зиндаву тобанда будану мондани як халқи тамаддунофари миқёси ҷаҳониро бо номи тоҷик мебинам аз саҳифаҳои арзишманди он мехонам. Ақли моро ба соҳибӣ кардан дар диёри пурнеъмат парвариш медиҳад.
Хоҳиш мекунам, илтифоту муроот дорам ин шоҳкори маънавии шедгунаи худшиносиву ҷаҳоншиносиву мақомгириву ватангириро хонеду хонеду боз ҳам хонед, эй ҳамватан, эй ҳамзабони бурунмарзӣ, эй муҳтарамон мухлису ошнову… ҳатто ононе, ки буду шинохту дурахши гавҳари зеҳнии тоҷикиятро бепарво нокирову нохушомад мепиндоштед.
- Гул ба рӯят, додар, - меҳмон бо чеҳраи сурхидаву лаҳни хуши ризову эҳсон бедорбошии худро таровиш медиҳад:
- Ба матолиби шумо, илова дорам, чун омӯзгор, насиҳатгар. Кӯдакони замони ҷанги бародаркушро сабақ доданиам, ки ин китобро бихонанд. Дар ҷустуҷӯи решаҳо ва тариқи дарҳам шикастани пайкараҳои истеъморгарону ғосибони озодиву саломату обрӯву садои меҳрубони тоҷикӣ дарси таҳамтанӣ биомӯзонд.
- Ака, нагӯед, ки ҳай вой! Ман рӯи зарду дили пурдарди кӯдакони айёми ҷангро дар роҳҳои гурезогурез, дар хаймаҳову кандакҳои мусофирати қаламрави Афғонистон дидам, чашми сари бинандае набинад.
Рӯзе мегузаштем аз бари ҷамъе кӯдакони оббоз дар кулмаки борони биёбонӣ. Суруд мебастанд зиндагии ғарибишонро бо ин сӯгнома:
Хокбозиву лойбозӣ,
Дар чӯли ғарибона.
Моро кӣ кунад розӣ?
Бо хонаву кошона.
Шояд ин мисраъҳоро калонсоле барошон бофтаву дар забоншон тофта. Ё эҷоди худашон буд, надонам. Ва муҳим нест донистанаш. Сӯзанда он буд, ки дар паноҳие гӯшҳоямро ин садои бечоранолӣ шикофид то дилу ҷигару гурдаҳоям. Сару танро ба лой  андуда, бо пову даст мезаданд чак-чак ба маъное: бад ба ҳолтон, эй калонсолони пӯку ҳеҷ «масъул»-у уҳдадори баргумоштани зиндагии кӯдакии лойандуди мо.
Дигар бор, таронаи аз ин сиёҳтар ба чашмонам хоки сӯхта молид, гӯш кунед, шуморо ҳам бисӯзонам.
Офтобаки баҳорӣ аз рӯю лабу зери гӯши майсаҳои дурахшон марворидҳои шабнам мечиду як даста кӯдак дар пушти хаймае бо дами гарму сари хуш саҳнаи арӯсбозӣ ороста буданд. Писаракон дегдонча кофтанд. Духтаракон дегчае болояш гузоштанду чи анвои хӯрокае андохтанду об рехтанду алов даргиронданд, хасакҳои ғундошташонро. Дар гирди алов духтаракон дугонаеро оростагии арӯсӣ медоданд, писаракон ҷӯраеро шукӯҳи шаҳбачагӣ. Арғушту ҳаёҳуи «тӯёна» фурӯзид дар гирди дег. Ва ногаҳ … таркише, дудғулае аз алови таги дег хурӯшид хунталаб. Бало - аз таги по. Аз миёни ҷинбоди тираву мунфаҷири даҳшатнок кӯдакони андуда ба дуду хокистар фарёди ҷонкоҳ мезаданд ва мунтазири додбахшу дастгире. Мардуми хайманишин огаҳ аз хоки оғӯштаи гулӯлаву чораии (тиру сочма бо лафзи афғонӣ) афғонистонӣ париданд ба як нигаҳ сӯи ҳодисаи муҳлик. Кӯдакони аловкуни сиёҳлута ба хоку хокистарро намешинохтӣ. Хайрият, ду-се нафар «тӯй»-доракон захми сабук гирифтанду ҳамагӣ ҷони дигарбора саломат ёфтанд. Ман дар миёнашон кундабеди шахшудаворе бо муноҷот намеҷунбидам дар пешгоҳи каромоти Худои карим.
Эй дӯст, эй бародар, эй ҳамватан аз кӯи сахти ғарибӣ чизе кам ҳафт ҷувол қиссаҳои ашковар дорам. Ва мехоҳам бигӯяму шумо бишнавед ва сар аз гиребони бехабарӣ бароред ва бидонед, ки ҷангу кишварбарандозиву бародарафканӣ ҳунар нест, шоистаи тобу тавони мардона нест, дар умеду заҳмату андуҳи модарона намеғунҷад, Худо розӣ нест.
Акаҷон, шоирона карда бигӯям, аз оҳу андуҳу интизориҳоямон дар мулку макони дури муҳоҷират ишқу алоқаи Ватанро барои инсон хубтар то мағзи  ҷон фаҳмидам, ки дар сангу хасу хошоки Ватан ҳам нозест чун нози сари китфу тахти синаи падар.
Сар-сари ағбаҳои Мӯрчадара, Панҷшеру Чатрол, рӯ-рӯи харобаҳои Қундузу Балху Самангону Бағлон, таҳ-таҳи хаймаҳову кандакҳову порисаҳои заҳкашидаи Боғи Ширкату Хонободу Кампи Сахиву (мақарри муҳоҷирнишини тоҷикон дар қаламрави Мазори Шариф) Тахористону Чаҳоб… ду чашмонамон; чи тифлону чи бузургон чун ду парандаи ғариб ёду умедамон ба сӯи хонаву дари зодгоҳ бол мезаданду менолидем: чи қадар бузургу азизу бамазаӣ хокдони Ватан. Ба яқини яқинон расидам, ки соири гумкардаҳои хурду бузурги одамизод ва ҳама махлуқоти  дигар ҳам дар қиёси Ватан гум кардан сӯзане гум кардан асту бас.
- Додар, аз нону равғану орди ансори рӯзҳои  муҳоҷират  мегӯӣ, мо онро дар хонаҳои худ надоштем.  Банда шоҳиди айниям кӯдакони аз гуруснагӣ фавтидаро гӯрондем. Аммо наҷунбидем аз ҷо ба эътиборе, ки ҳеҷ қалъаву қибла, ҳеҷ қасру ошёни мармарини муҷалло бо чилчароғу қандилҳову тоқу панҷараҳои зарнигори мулку бегона рафоияти рӯи суфасанги бодфарсудаи бобойи тоҷикистониро надорад. Ман муҳоботро хуш надорам. Бо қатъият мегӯям, муаллимони солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баҳодурони ҷонфидои маърифату тамаддуни куҳанбунёду наслии мардумамон буданд. Бе моҳонаву тамау ҳирс овози донишбахшу тарбиятгарашон синфхонаҳоро пур мекард. Шогирдони гуруснаву нимбараҳна аз дарс дурӣ намеҷустанд, рангу рӯи парида, вале дилу дидаи умедвори он кӯдакон пеши рӯям мудом медурахшанд.
- Ака, аз забони ман  пурсӣ, ки куҷои Ватан ва чӣ неъмати Ватан ширинтар аст, гир накарда мегӯям:
Каҳдуди Тоҷикистон мазае дорад, ки кайфияташро дар ҳеҷ хӯриши ҷаҳони дар бурунсӯ надидаам, эҳсос накардаам.  Гуфтаму мегӯям: хори Тоҷикистон сӯзандоруст аз канзи шифои Сино рӯйида, бӯйи Тоҷикистон марҳамест кӯрро бино, бегонаро ошно, бедилро соҳибдил, нотавонро Саидмуъмини ҷаҳонпаҳлавон месозад.
- Ва бидонем, акаҷон, Сарвари давлат бо фитрати рӯшанёб ҷон ба хатароти ҳалокатбор печонда (манзур саҳнаи гуфтушуниди созиши сулҳу ваҳдат дар рустои  Хусдеҳи ноҳияи Фархори Афғонистон 10 -11 декабри соли 1996 дар нишасти Президенти вақти Афғонистон устод Раббонӣ, Қаҳрамони миллии ин кишвар Аҳмадшоҳ Масъуд ва ҳайати мухолифин аст) моро аз низои бародаркуш чун дастагуле аз алов дар ҳамин дидори сангартоби замини гулӯларези Афғонистон наҷот дод. То ҳафтае пеш аз ин мулоқоти таърихсоз ғарибони ҳамсафари ман умеду бовари боздиди рӯи Ватан ва оғӯши мардуми азизро чун гавҳари ба умқи дарё уфтода гум  карда буданд. Ширинии обу боду хоку ишқу алоқаи ватандории ин сӯи дарёи Панҷ дар хобҳои хайманишинии чӯлӣ тоб мехӯрд.
Оҳе!!!  Як ҳафта пеш буд. Қиссае дигар аз рӯзгори беқадру фирориву дармондагиро бишнавед ака.
Аз шаҳри Толиқони вилояти Тахор ҳамроҳи раиси  бошишгоҳи муҳоҷирин ба мақарри ғарибнишини Амиробод расидем. Гармии сӯзандаи моҳи  июл дар ин макони бармолаи кӯҳи офтобрез моҳиро дар рӯи санг мепазонд. Зеҳн монед мурдаи ҳамватани мо дар таги хаймаи тафсон 13 соат бесоҳиб монда, наметосад?! Моро нолаву фиғони зор-зори кӯдаконаи хаймаи гӯшагӣ ба шӯр овард. Давидем сӯи овозҳои мотамӣ. Зане аз ҷамоати фирориёни қубодиёнӣ фавтидаро дидем пӯшонда ва дар азояш панҷ фарзанду шавҳари ҷигархунаш ашк мерехтанд. Касе дигар аз ҳамроҳон набуд ҳамдарду мутакко, гӯрмону кафанпечон?! 
Пурсидам ман  аз шавҳари марҳума, ки хоҳар кай ба ҷо овард фавти бандагиро. Ӯ ба зӯре овози гирифтаашро таконд: «пеш аз субҳ».
- Касеро фиристодед ба гӯрканӣ?
- Се-чор ҷавонмардро зора карда фиристодам. Хабарашон то ҳол наомад, қабр канда шуд ё не.
Ҳай дареғо! Мардуми ҳамсояву ҳамдеҳаву ҳамдиёрпарасти мо андуҳи шӯру шикасти ватани гумшударо шафқату шафоату додрасии дилҳои мардуми инсонпарварамонро ба сангу кулӯху барги бодрези биёбон ҳамтанӣ бахшида буд. Дар хонадони тоҷике агар баъди 10 фарзанд боз тифле ба дунё меомад, аҳли қишлоқ чи хурду чи калон чанд шабу рӯз оғӯши муборак кушода, «пос»-дори меҳмони нав буданд. Дар хунашон ҷӯш мезад эътибори ҳамдардиву такядориву танҳонавозӣ чун аз гӯшаи савоби имондорӣ. Мурдаҳоро дар хок чун андаруни синаҳо мегӯронданд.
Фарёди акаи Мирзо Мурод ҳамроҳони хобзадаро ба гирди хаймаи мотамзадагон ҷамъ овард. Пасон, мо ҳар ду ба сари қабристон расидем. Эй вой, он ҷо як марди афғоние ғӯтида дар тафту арақ теша мезад андаруни лаҳад.  Вале аз ҳамшаҳриёни тоҷикӣ гарди доман барнамехост. Гӯркан садои моро шунида, сар ба дар карду салом дод.
- Эй бародар, барои мурдаи тоҷикӣ гӯр мекобед ё дигаре? - пурсидем аз ӯ.
- Мусулмонӣ ҳаст дига, биядар. Расули Акрам (с) фармуд, ки тӯли умр мусулмон се гӯр канда кунад ё шарикдастӣ дарёбад ба шуғли гӯркобӣ. Ма, пушти ҳами савоб хирмани ғаллакӯбии бойбоборо вогузошта омадам, ки ба тоҷикиҳо сунати гӯркобии ин маконро бихононам. Лекин онҳо хеле сипойи карда, белро ба дасти ма қапонданду худ куҷое ғайб заданд.
Мо ҳар ду ҳайратзада ба афғони дастбахайр тавфиқ хоста, ба бошишгоҳ баргаштем. Марҳума ҳанӯз бе кафан мехобид. Акаи Мирзо давиду аз куҷое сони такфин пайдо карду мурдаамонро ванангири муқимии хоки афғонҳо кардем…
Бовар накунед ба он собиқ фирории хайманишине, ки имрӯз дар кӯи неъмату ворастагии  кошонаи дигарбора ёфтааш таъриф мезанад: «Ҳай ҳиҷрати хуб гузарондем, то таги қуртуқ серу пур». Ман фош хабар мерасонам: он кас  аз саркардаҳову узвиятҳои наҳзатиҳои фиребанда аст, ки мардумро аз пушти худ ба он сӯи рӯди Панҷ бурда, фирориёни ҷиҳоди исломӣ маъруфӣ карданду киса ғафсониданд бо дуллорҳои хайротӣ. Ҳам халқи Ватанро фиребиданд, ҳам мусулмонони хайрхоҳро.
Моён бо ин фиребу ҳасрати ҳушрабояндаи биёбонӣ ба қилак  уфтода тавба пеши Худо доштем дар намозу рӯзаи бандагӣ ва эҳсоси надомату афсӯсу гӯлхӯрдагӣ аз содагиву ноогоҳиву дастпешибаргириву тавозӯъ бар эҳтироми ҳар салладору тасбеҳгардоне, ки аз худ авлиё менамоид.
- Бо устод Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд вохӯрдед?
- Устод Раббонӣ як бор  ба хабаргирии мо омад. Аммо гармии дастмолу меҳру ғамхории дилаш ҳар рӯз мерасид.
Гуфтаҳояш дар дафтари ёднависҳои муҳоҷириям ҳанӯз садо доранд:  «Дӯстони тоҷики ман  ба ҳоли мо хуб зеҳн монед. Дар миёни  ин қадар шӯришу ситезу омез зиндагии хушро гум кардем мо. Аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дарёфтам, ки ин ҷаноб хостору дӯстдори бузурги миллату зиндагии хуши шумост. Бипайвандед, бо ӯ ба созиш оед, тоҷиконро аз вартаи хору зор шудан мераҳонад».
Рустами замон Аҳмадшоҳи Масъуд ду бор ба қавли худаш ба зиёрати мо, дӯстони ҳамзамину  ҳамзабонаш омад. Ина сухан  аз забони таҳамтани набарди ватандорӣ: «Чи мардуме ҳастем шуълаи  озодагӣ  дар хунамон ҷорист. Дастам бирасад шуморо ба зодгоҳатон мебарам, шумо шоистагӣ бар Ватани бузург доред».
Мо ба Ваҳдати назар, ба Ваҳдати дил, ба Ваҳдати умумихалқӣ расидаем. Дигар аз ёду вобастагии Тоҷикистони азиз дур  намонем!

Мирзо  НАБОТ,  собиқадори матбуот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2020    №: 110    Мутолиа карданд: 220
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед