logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 166; с. 2007, № 6, мод. 429) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
-дар сархати понздаҳум калимаи «мушаххаси» ба калимаи «муайяни» иваз карда шавад;
-сархатҳои шонздаҳум, ҳабдаҳум, ҳаждаҳум, нуздаҳум, бистум, бисту якум ва бисту дуюм бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«-бархӯрди манфиатҳо – ҳолате, ки хизматчии давлатӣ дар ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ зери таъсири манфиатҳои шахсӣ қарор гирифта, қарорҳои ба манфиати давлат мухолифро қабул менамояд;
-манфиати давлатӣ- манфиатдории умумии ҷомеа, ки бо роҳи қабули қарорҳои беғаразона ва қонунӣ аз тарафи шахсони мансабдори давлатӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ амалӣ карда мешавад;
-манфиати шахсӣ- фоидаи моддӣ ё фоидаи дигаре, ки хизматчии давлатӣ бевосита ё бавосита барои худ ё барои шахсони сеюм дар натиҷаи иҷро намудани ӯҳдадориҳои мансабии худ кӯшиши гирифтан мекунад ё мегирад;
-озмун – тартиби интихоби номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо роҳи муайян намудани дараҷаи мутобиқати онҳо ба талаботи тахассусии мансаби ишғолшаванда;
-аттестатсия- тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ;
-баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ- тартиби муайян кардани натиҷаҳои фаъолияти хизматчии давлатӣ бо роҳи гузаронидани сӯҳбат дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, дараҷаи комёб шудан ба натиҷаҳои пешбинишудае, ки ба мақсаду вазифаҳои мақоми давлатӣ ва воҳиди сохтории он мувофиқат мекунад;
-дастурамали мансабӣ – санаде, ки номгӯи мансаби давлатӣ, талаботи тахассусии мушаххас нисбат ба ишғолкунандагони мансаби мазкур ӯҳдадориҳои мансабӣ, ҳуқуқ ва масъулияти хизматчии давлатиро пешбинӣ мекунад.».
2. Дар банди дуюми қисми 2 моддаи 5 калимаи «принсипҳо» ба калимаҳои «принсипҳои асосӣ» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 6:
-сархати нӯҳуми қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ барои хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ);»;
-сархатҳои чорум, панҷум ва шашуми қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«-кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ;».
4. Моддаи 71 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 71. Одоби хизматчии давлатӣ
1. Одоби хизматчии давлатӣ бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, сатҳи дониш, қобилияту истеъдод, ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро танзим менамояд.
2. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва ба роҳбарӣ гирифтани қоидаҳои он ӯҳдадории хизматчии давлатӣ буда,  риоя накардани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мегардад.».
5. Дар моддаи 8:
1) дар қисми 2:
-дар сархати сеюм калимаҳои «таклиф пешниҳод менамояд» ба калимаҳои «пешниҳод ирсол менамояд» иваз карда шаванд;
-дар сархати чорум калимаҳои «тасдиқ менамояд» ба калимаҳои «қабул менамояд» иваз карда шаванд;
-сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«-роҳбарии методии хадамоти кадрии мақомоти давлатиро амалӣ намуда, Низомномаи намунавии хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-якҷоя бо  мақомоти  омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳисоботи омории соҳаи хизмати давлатиро муқаррар ва дастурамали тартиб додани онҳоро тасдиқ менамояд;
-маълумоти омори давлатиро оид ба соҳаи хизмати давлатӣ ҷамъ, коркард ва нашр менамояд;»;
-сархати панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-тартиби анҷом додани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия ва ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатиро назорат ва роҳбарии методии онро амалӣ менамояд;»;
-дар сархати шашум калимаи «ташкил» ба калимаҳои «таҳия намуда,» иваз карда шавад;
-сархати нӯҳум хориҷ карда шавад;
-аз сархати дувоздаҳум калимаи «намунавии» хориҷ карда шавад;
-сархати сездаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-махзани маълумоти захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад;»;
-сархатҳои ҳабдаҳум ва ҳаждаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«-барои бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ, ки талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро вайрон мекунанд, ба суд муроҷиат менамояд;
-якҷоя бо мақомоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи бемориҳоеро, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд,таҳия ва тасдиқ менамояд.».
2) қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«5. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд вобаста ба масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ бо дархости хаттии мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ иттилооти заруриро пешниҳод намоянд.».
6. Қисми 4 моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«4. Таснифи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ба категорияҳо дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад.».
7. Дар моддаи 11:
-дар қисми 1 калимаҳои «мувофиқати онҳо» ба калимаҳои «мувофиқати хизматчиёни давлатии маъмурӣ» иваз карда шаванд;
-дар қисми 4 калимаҳои «барои хизматчиёни давлатии сиёсӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» хориҷ карда шаванд.
8. Сархати сеюми моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-мавҷудияти беморӣ, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизмати давлатӣ монеа мегардад;».
9. Дар моддаи 18:
-аз қисми 1 калимаҳои «(ба истиснои мансабҳои категорияи олӣ)» хориҷ карда шаванд;
-қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Тартиби гузаронидани озмун ва намудҳои онҳо Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар мекунад.»;
-қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Ишғоли мансабҳои категорияи олӣ бе озмун сурат мегирад. Дигар ҳолатҳои бе озмун ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ муайян карда мешаванд.».
10. Қисми 1 моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Бо мақсади муайян кардани мувофиқат ба мансаби ишғолнамуда ва таъмини болоравии касбӣ аттестатсияи хизматчии давлатии маъмурӣ (ба истиснои хизматчиёни давлатие, ки мансаби сиёсии хизмати давлатӣ ва мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи олиро ишғол мекунанд) гузаронида мешавад.».
11. Моддаи 201 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 201. Баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ
1. Бо мақсади назорати мунтазами рафти адои хизмати давлатӣ ва ҷамъ намудани иттилоот дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ дар охири ҳар сол баҳодиҳии натиҷаи фаъолияти хизматчии давлатӣ гузаронида мешавад.
2. Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
12. Ба моддаи 21 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Тартиби баробар донистани рутбаҳо ва унвонҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва махсус ба рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
13. Моддаи 26 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 26. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ
1. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини хизмати давлатӣ бо кадрҳо, болоравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ, қобилият, истеъдод ва тайёрии касбӣ, сари вақт ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии категорияҳои сеюм, дуюм, якум, олӣ ва мансабҳои сиёсӣ ташкил карда мешавад.
2. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби мутахассисони босалоҳият, ташаббускор, дорои сатҳи баланди тайёрии касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва малакаи идоракунӣ ташаккул меёбад.
3. Тартиби ташаккул ва кор бо захираи кадрҳои хизмати давлатиро Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар менамояд.».
14. Моддаи 261 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 261. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ
1. Дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ анҷом дода мешавад.
2. Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
15. Дар моддаи 28:
1) дар қисми 1:
-сархати панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури фаъолияти худ қарор дода, ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳоро ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ истисно намояд;»;
-сархати даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-агар манфиати шахсии хизматчии давлатӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ монеа гардад, ё ба манфиати давлатӣ мухолифат кунад ва ё боиси дигар ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо гардад,бояд ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки барои таъин ва озод намудани ӯ аз мансаб салоҳият дорад, хабар диҳад;»;
2) ба қисми 2 ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Қоидаҳои таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.».
16. Моддаи 32 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1. Роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, ба хизматчии давлатӣ барои кирдори интизомии содирнамудааш муҷозоти зерини интизомиро татбиқ менамояд:
-сарзаниш;
-танбеҳ;
-то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ;
-ба мансаби паст гузаронидан;
-аз мансаб озод кардан.
2. Бо мақсади ҷамъ овардан ва санҷиши маълумот дар бораи кирдори интизомии содирнамудаи хизматчии давлатӣ аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ санҷиши хизматӣ таъин карда мешавад. Санҷиши хизматӣ метавонад бо талаби хизматчии давлатӣ низ гузаронида шавад.
3. Тартиби гузаронидани санҷиши хизматӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани хизматчии давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.».
17. Дар қисми 1 моддаи 34:
-ба сархати сеюм баъд аз калимаҳои «ҳарсолаи пардохтшаванда» калимаҳои «ва дигар рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
-ба сархати чорум баъд аз калимаҳои «музди меҳнат» калимаҳои «, мансаби ишғолнамуда ё мансаби ба он баробар, бо тартиби муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
-сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-таъмини нафақа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
-дар сархати шашум калимаи «ва» ба калимаи «ба» иваз карда шавад.
18. Дар ном ва матни моддаи 35 калимаҳои «барҳам додани» ба калимаҳои «барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ   РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 марти соли 2010, № 603

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             С.  ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2010, № 1548

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                       М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 марти соли 2010, № 751


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2238

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед