logo

иҷтимоиёт

ВАО.ЧАРО ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ЧАШМИ ҲАҚБИН НАДОРАНД?

Воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ҳамчун манбаи иттилоот, бавуҷудоварандаи афкори саҳеҳ, саривақтӣ барои омма, муайянкунандаи равандҳо, муаррифгари афкору ақоиди солим дар ҷомеаи мутамаддин нақши калидӣ доранд. Бо назардошти ин «муҳимият» таваҷҷуҳи ҳукуматҳо, созмону ташкилот, афроди алоҳида ба ВАО назаррас аст. Ҳар яки инҳо мехоҳанд, ки чунин минбар дошта бошанд, ё аз ин минбар баҳравар шаванд. Ҳамин аст, ки ВАО ва ходимони он мувофиқи имконият ва ҳусни ният майлашонро, ба ягон идеология, ҳукумат ё ҳаракати сиёсию фарҳангӣ мушаххас мекунанд.
Соли 2009 рӯзномаи хусусии «Истиқлол» - ро таъсис додем. Ин нашрия рушди истиқлоли андеша дар ҷомеаро ҳадаф қарор дод. Барои бештар пайдо кардани хонанда ва хонданбоб кардани рӯзнома кӯшиши бисёр мекардем. Зеро рӯзнома худкифо буд ва манбаи дигари даромад надошт. Ҳамон замон ҳам гурӯҳҳое буданд, ки дар нашрияҳо бо туҳмату таҳқир бар зидди шахсони мансабдору машҳур ва дигар сохторҳо мақолаҳо нашр мекарданд. Буданд мақолаҳои фармоишӣ, ки бо пардохти маблағ ва ё манфиатхоҳии расонаҳо нашр мешуданд. Ба нашрияи «Истиқлол» низ чунин матлабҳо ворид мегардиданд ва бо шарту шароити ташкилоту созмонҳо грантҳо пешниҳод мешуданд. Аммо ҳайати нашрия ҳеҷ намехост, ки ҳадафу ормонҳояшонро қурбон кунанд ва ба хотири манфиати лаҳзаина зери таъсири доираҳои манфиатҷӯю фурсатталаб бошанд. Матолиби фармоишӣ рӯйи чопро намедид!
Ҳоло воситаҳои электронӣ, алалхусус шабакаҳои иҷтимоӣ, бисёриҳоро «бағайрат» кардааст. Ҳар кас чизе ба забон ояд, гуфтан мегиранд. Меъёри одоб нест, ягон этикаи журналистӣ дида намешавад.
Ҳамчунин, нашрияву рӯзноманигорон ва блогероне пайдо шудаанд, ки дар арафаи ягон чорабиниҳои сиёсӣ бо гирифтани гранти хурдакаке ҳангомасозӣ мекунанд. Онҳо аз мусибати мардум манфиат меҷӯянд. Аз блоге, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доранд ё аз расонае, ки он ҷо фаъолият мекунанд, ба туҳматандозию иғвогарӣ мепардозанд. Онҳо ба хотири сафед кардани хоҷагони грантдеҳашон сафедро сиёҳ мегӯянду вазъро ноором мекунанд.
Имрӯз ин гурӯҳҳо бо пайдоиши коронавирус сокинони кишварро ба таҳлука овардан мехоҳанд.
Аз ҳодисаи табиии ба сари мардуми ноҳияи Хуросон омада, ҳангома сохта, айбро болои мақомоту Ҳукумат бор кардан мехоҳанд. Намеандешанд, ки охир ин ҳодисаи табиист. Шояд ин ҷо низ «лоиҳа» - е бошад?
Нафароне, ки берун аз кишвар нишаста, худро мухолиф эълон карда, моҳи беайб меҳисобанд ва ғайр аз туҳматнависиву иғвоандозӣ масъулияте дар назди кишвар ва миллат надоранд. Дар матлабҳояшон ғайр аз суханҳои пучу бемантиқ чизе нест. Вазифаи онҳо танҳо якчанд гузориши ихтилофангез омодаю пахш кардан аст. Онҳо камтарин нуқси ҷомеаро бузург ҷилва дода, онро ба мушкилоти иқтисодӣ, озодии инсон ва ғайра рабт медиҳанду айбро дар амалу кирди Ҳукумат меҷӯянд.
Биёед, ҳамкасбони азиз, аз иғво даст кашида, барои ободии Ватану миллат танҳо ба интишори иттилои саҳеҳу дуруст даст занем, обрӯи миллатро нарезем, ҷавонони ноогоҳро ба варта тела надиҳем. Мебояд онҳоро ба роҳи мустақим ва дуруст ҳидоят кунем.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2020    №: 114    Мутолиа карданд: 645
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед