logo

Хабарҳо

СУТ: «МО ШОҲИДИ ҚАҲРАМОНӢ ВА ФИДОКОРИИ ПИЗИШКОНИ ТОҶИК БУДЕМ»

Sputnik. Доктор Олег Стороженко, корманди бахши ҳамоҳангсозии таъсири COVID - 19 Соз-мони умумиҷаҳонии тандурустӣ, узви ҳайъати СУТ дар Тоҷикистон, дар бораи кори мутахассисони ниҳод дар кишвар суханони нек  гуфт.
Коршинос таъкид намуд, ки ин сафари дувумаш ба Тоҷикистон дар вақтҳои ахир аст. Дар рафти кор вай тавонист аз муассисаҳои тиббӣ, ташхисгоҳҳо ва мактабҳо боздид карда, бо муборизаи ҳамтоёни тоҷикаш алайҳи коронавирус шинос шавад. 
"Мо шоҳиди қаҳрамонӣ ва фидокории пизишкон будем", - афзудааст намояндаи СУТ дар Тоҷикистон.

25 ИЮН ПАРВОЗҲОИ ЧАРТЕРӢ АЗ РОССИЯ БА ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ МЕЁБАНД
Sputnik. «Бо дастури  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  парвозҳо бо мақсади баргардондани шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ мешаванд», - хабар додааст котиботи Вазорати  корҳои хориҷӣ.
"Шурӯъ аз 25 июни соли равон барои марҳила ба марҳила баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои ватании "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" ба самти шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги  Россия ва аз ин шаҳрҳо ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд", - омадааст дар хабар.
Зикр мегардад, ки ҳангоми парвозҳои чартерӣ ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён ва нафарони ҳамроҳ, инчунин, шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар Россия дармондаанд, авлавият дода мешавад.

ИНТИҚОДИ СММ АЗ ҲАМЛАҲОИ СЕРШУМОР БА ТАБИБОН ДАР АФҒОНИСТОН
Gazeta.ru. Неруҳои миллии мудофиа ва амнияти Афғонистон ва ҳаракати тунд-рави «Толибон» барқасдона ба кормандони тиб ҳуҷум мекунанд, - омадааст дар гузориши вижаи Созмони Милали Муттаҳид.
Дар қаламрави кишвар 15 ҳамла ба қайд гирифта шуд, ки 12 - тояш ҳадафнок буд. Зикр меравад, ки аксарияти онҳо аз ҷониби "Толибон" содир шудаанд. Масъулияти се ҳамла бар дӯши неруҳои мудофиа мебошад.
СММ махсус таъкид месозад, ки амнияти аҳолии осоишта бояд авлавият дошта бошад.
ВАКСИНАИ РУСӢ АЗ COVID - 19 ДУ СОЛ ҲИФЗ МЕКУНАД
«Красная звезда». Директори Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалей Александр Гинсбург хабар дод, ки ваксинаи якҷоя бо Вазорати мудофиа офарида аз сирояти коронавирус камаш ду сол муҳофизат менамояд.
Ӯ гуфт, ки ваксина ба организм ду маротиба ворид карда мешавад ва ин имкон медиҳад, ки шахс дар муддати зикргашта аз сироят эмин монад. Эҳтимол меравад, ки таъсири ваксинаи нав муддати мадидтар давом ёбад.

ПЕКИН БАЪДИ ХУРУҶИ КОРОНАВИРУС НИЯТИ ПУРРА МАҲКАМ ШУДАН НАДОРАД
АИР Новости. «Ҳукуматдорони пойтахти Чин бар асари хуруҷи нави SARS-CoV-2 дар фикри пурра бастани шаҳр нестанд, чуноне ин ҳолат дар Ухан моҳи январи соли равон рӯй дода, 76 рӯз давом карда буд», - гуфт муовини сардори раёсати амнияти ҷамъиятии Пекин Пан Сюйхун.
13 июн дар шаҳр калонтарин бозори яклухти «Синфади» дар маҳали Фэнтай баъди ошкорсозии COVID - 19 баста шуд. Сюйхун афзуд, ки назорати қатъии даробаро роҳандозӣ мешавад. Ғайр аз ин, шаҳрро тарк кардани онҳое манъ аст, ки бо коронавирус ягон иртибот доранд, махсусан сироятёфтаҳо.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 170
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед