logo

иҷтимоиёт

COVID-19. ТАДБИРҲОИ БЕСОБИҚАИ ҲУКУМАТ САМАР МЕДИҲАНД

Дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро дар радифи хавфи содиршавии ҷиноятҳои террористиву ифротгароӣ, хуруҷ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва оқибатҳои мудҳишу вазнини он нигарон намуда, тансиҳатии минбаъдаи сокинони сайёра ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои олам аз тадбирҳои фаврии андешидашуда дар самти табобат ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин вабои аср вобастагии амиқ дорад. Бо вуҷуди коҳиши чашмрас, ҳамоно паҳншавии ин беморӣ идома дошта, то кунун беш аз 188 кишвар ва наздик ба 9 миллион нафарро дар ҷаҳон сироят намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, дар баробари дигар давлатҳо аз сирояти ин беморӣ эмин намонд ва он то андозае ба рӯзгори мардум таъсири манфӣ гузошт. Хушбахтона, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ бобати анҷоми корҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятӣ, тадбирҳои бесобиқа андешида шуда, муассисаҳои тандурустӣ барои қабул ва табобати гирифторони бемории сироятӣ ҳамаҷониба омода гардиданд. 
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, кумаки наҷибу ғамхоронаи Пешвои миллат дар намуди маводи ғизоӣ ва ёрмандиҳои моддӣ ба табибону дигар кормандони беморхонаҳо расонда шуд.
Бо мақсади дастгирии аҳолӣ, инчунин, соҳибкорон ва бахши хусусӣ дар шароити таъсири пайомадҳои ин беморӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тадбирҳои муҳиму бесобиқае ба шумор меравад, ки ҳамовозии тамоми ҷомеаро ба миён овард.
Президенти кишвар бо ин санади меъёрии ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф гардонданд, ки тадбирҳои таъхирнопазирро дар ин самт амалӣ намуда, аз ҷумла нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи Буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад.
Чунончи, тибқи фармон аз ҳисоби маблағҳои захиравии Буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла  ба  иштирокчиёни  Ҷанги  Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонда шуда истодааст. Ҳамчунин, то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии Буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт карда мешавад.
Ин иқдоми муҳиму ғамхоронаи Сарвари давлат барои дастгирии беморон, нафақахӯрон, маъюбон, дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ равона гардида, барои амалишавии ҳадафҳои конститутсионии давлати иҷтимоӣ, ки мақсади он таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона ба ҳар як шахс мебошад,  заминаи муҳим ба шумор меравад. Яъне, дар ин вазъияти мураккаб табақаи ниёзманди аҳолӣ бори дигар ба ғамхории инсондӯстона ва пуштибонии Пешвои муаззами миллат фаро гирифта шуда, вазъи зиндагии худро беҳтар карданд. 
Ҳамзамон, бобати дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар нуқтаҳои дахлдор фаъолият менамоянд дар ҳамин давра аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд. Ташаббуси мазкур дастгирии навбатии рушди бахши хусусӣ, яъне соҳибкорӣ дар кишвар ба шумор рафта, воситаи муҳими пешгирии  муфлисшавии соҳибкорон мебошад ва онҳоро барои фаъолияти минбаъда ҳавасманд мегардонад.
Тибқи фармони мазкур, воридоти мавод барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва мавод барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 зарурӣ, аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод карда шуданд. Ин амр имкон медиҳад, ки баландшавии нарху наво ва норасоии маводи зикршуда пешгирӣ шуда, эҳтиёҷмандон бидуни ягон мамониат онҳоро дастрас ва истифода кунанд. 
Дар фармон пешбинӣ шудани муқаррарот дар хусуси  аз 1 июн то 31 декабри   соли  2020  бо  мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ паст намудани меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз, инчунин, мавриди танзим қарор додани нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани рустанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишворӣ аз ҷумлаи иқдомҳои дигари шоиста мебошанд. Зеро омили мазкур бевосита ба ҳаёту фаъолияти ҳамарӯзаи сокинони кишвар таъсири мусбат расонда, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи  иқтисодии шаҳрвандон, пардохтпазирии онҳо, ғанӣ гардондани бозори истеъмолии кишвар, пешгирии баландшавии беасоси нарх, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои дастрасии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон ба молу маҳсулоти зарурӣ ва қонеъ намудани талаботи маишии онҳо мусоидат мекунад.
Иҷрои муқаррароти ин санади басо муҳим, инчунин, барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷа қарор доранд, ҳамаҷониба мусоидат кард. Дар иртибот ба ин, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат парвозҳои махсуси ҳавопаймо ташкил шуда, шаҳрвандони дар хориҷи кишвар бандмонда ба Ватан баргардонда шуданд ва ин раванд идома дорад. Тибқи муқаррароти Конститутсия шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, Президенти мамлакат ҳамчун кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон бо ин ташаббуси наҷиби худ ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони кишварро дар хориҷа таъмин намуданд.    
Умуман, дар шароити таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба ҳаёти ҷомеа, аз ҷониби Пешвои миллат роҳандозӣ намудани чунин ташаббуси инсонпарварона дар заминаи қабули фармони алоҳида боиси ҳамагуна эҳтирому қадрдонист. Зеро ин иқдомот, аллакай натиҷаи мусбат ба бор оварда, ба он мусоидат кард, ки теъдоди гирифторони ин маризӣ бамаротиб коҳиш ёбад ва шиддати паҳншавии он пешгирӣ гардад.
 
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2020    №: 115    Мутолиа карданд: 287
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед