logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. ЧАРО ИҒВОГАРОН АЗ ОРОМИИ ВАТАНИ ХЕШ НОРОҲАТАНД?

«Аз далелҳои зиёди нодуруст ҳам хулосаи дуруст баровардан имконпазир аст», - навиштааст файласуфи Юнони Қадим Арасту. Вориди шабакаҳои иҷтимоии иттилоотӣ гардида, кас аз туҳматгарӣ, дурӯғгӯӣ ва бешарафии баъзе муаллифон, ки худро «ғамхор»-и мардуми Тоҷикистон метарошанд, ҳайрон мешавад! Дар масъалаи вируси COVID – 19 низ онҳо чунин бемаънию беасос ҷор мезананд. Аз матлабҳои бемантиқи онҳо чунин хулосаи мантиқӣ бармеояд: иғвоангезони шабакаҳои иҷтимоӣ дар масоили марбут ба Тоҷикистон, ки аксари онҳоро роҳбарон ва пайравони ҳизби дар Тоҷикистон ва ҷаҳон террористӣ эътирофшудаи наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ташкил медиҳанд, аз он нигаронанд, ки кишвари мо орому осуда аст, баръакси пешгӯию воҳимаангезии онҳо,   дар Тоҷикистон назар ба дигар мамлакатҳо шумораи зиёди ба COVID -19 гирифторшудагон шифо ёфтанд. Ин вазъ иғвогаронро комилан нороҳату андуҳгин кардааст.
Шашсад сол боз дар Аврупо зарбулмасали англисие маъруф аст:   Praemonitus, praemunitus (лот.) — яъне «Огоҳ силоҳдор аст». Ба қавли мардуми тоҷик: «Тайёрии об - дар хушкӣ».
Дарди ҳанӯз бедавои COVID – 19 дертар ба Тоҷикистон омад, дар ҳоле, ки мардуми аксар кишварҳои ҷаҳон, бахусус Чин, Амрико, Италия, Испания, Франсия, Олмон, Британияи Кабир, Россия, аз он се - чор моҳ боз азият мекашиданд.  Тоҷикистон ба ин бало, то ҳадди имкон омодагӣ гирифт.
Кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, хосса мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хизматҳои ба сипосу миннатдорӣ арзандаи гурӯҳи калони табибони тоҷик ( 7500 табиб ва 25000 корманди миёнаи тиб) аз назари «мӯшикофона»-и ин муғризони иғвоангези интернетӣ ниҳон мондаанд. Магар самари талошҳои дастаҷамъонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва созмону идораҳои дахлдор нест, ки COVID -19 Тоҷикистонро дар ғафлат дарёб накард ва кишвар ба он омодагии ҳамаҷониба гирифт?
Мо аз телевизион бо чашми сар  медидем, ки ба мардуми Аврупо ва Амрико аз омадани ин эпидемияи мудҳиш (баъдтар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ онро пандемия эълон кард) дарғафлатмонда чӣ ҳодисаҳо рух доданд. Дарҳои ҳамаи идораю корхонаҳо баста, дар шаҳрро «ҳатто паша пар намезанад», ба ҷуз кормандони идораҳои безараргардонӣ, дар беморхонаҳо аз бисёрии шумораи беморон ҷой намерасад… Дар нуқтаҳои фурӯши хӯрокворӣ навбатҳои калон, мардум дар воҳимаю таҳлука ва ин вазъ бори вазнини бемориро дучанд мекунад. Бо вуҷуди ин, давлатҳои мутараққӣ тавонистанд, ки баъди хисороти бузурги ҷонӣ ҳам бошад, ба муқобили ин мараз ба по хезанд. Миллионҳо, миллиардҳо ва ҳатто триллионҳо доллари барои мубориза ҷудошуда самар доданд ва абарқудратҳо (ИМА, Чин, Россия, Олмон, Франсия, Италия, Британияи Кабир...) ҳатто тавонистанд ба кишварҳои дигар дар ин мушкил ёрӣ расонанд.
Аммо дар шигифтем, ки иғвогарон ба Тоҷикистон дар ин муборизаи беамон бо коронавирус чӣ ҳиммате нишон доданд? Ҳатто як нафар бо пули онҳо табобат нашудааст ё барои роҳ наёфтани вабои нав ба кишвар ягон кори хайр накардаанд!
Яке аз паҳлуҳои зиёнмандтари коронавирус  барангехтани таҳлукаю воҳима дар байни мардум аст ва дар ин амал, дар ин хизмати хирсона иғвоангезон, дар ҳақиқат, «саҳми назаррас» гирифтан хостанд. Аммо Сарвари давлат аҳолиро ба оромӣ, дода нашудан ба тарсу воҳима ва риояи тадбирҳои эҳтиётии пешгирӣ даъват карданд ва мардум сухани Пешвои маҳбуби худро азиз доштанд. Зеро ҳадаф аз ин даъват бештар намудани самари мубориза бо коронавирус, ҳифзи саломатии сокинон ва нигоҳ доштани оромӣ дар ҷомеа буд.
Дар олам 8 миллион ба COVID -19    гирифтор шуд, қариб ним миллион кас фавтид, аммо шумораи нисбатан хеле ками гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон (5100), боз ҳам дар муқоиса хеле камтари фавтидагон (50) ва шумораи нисбатан зиёди шифоёфтагон (70 дарсад) ин «ғамхорон»-ро, аз гапҳояшон маълум, нороҳат кардааст. Пас, бо кадом рӯ шумо, иғвогарони туҳматгар, худро дилсӯзу дӯсти  мардуми тоҷик шумурда метавонед, кадом амалатон барои чунин даъво кардан ҳақ медиҳад?
Дарвоқеъ, тайи ним рӯз дар аввали пайдоиши коронавирус (аз нимрӯзӣ то бегоҳ) бар асари воҳимаи пешакии беасос, ки ҳиссаи иғвоангезони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хусусан роҳбари ТТЭ ҲНИ ва думравони ӯ, дар барангехтани он кам нест, нарху наво боло рафт. Вале бар асари тадбирҳои фаврии андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хосса мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, рӯзи дигар аз сари субҳ дар бозорҳои озуқа мошинҳои орду равғану биринҷу сабзавот қатор шуданд ва нарх барқарор шуд, ҳатто поинтар фаромад. Мутаассифона, боз ҳам хидматҳои арзандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID -19, мардуми шарафманди тоҷик, ки тӯли  таърих фоҷиаю фалокатҳои зиёдро паси сар карда, имрӯз ҳам муташаккилона бар зидди онҳо мубориза мебарад, аз чашми «ҳамабин»-и муғризону бадгӯён ниҳон монд. Чаро? Зеро ин нотавонбинону туҳматгарон амалҳои хубу хайрро ҳеҷ гоҳ намебинанд, ҳамеша дар талоши Офтобро бо доман пӯшондан, дар пайи аз таги нохун чирк кофтан ва «ғамхор» ҷилваю намоиш додани худанд. Ва боз ҳам ҳақ ба ҷониби аллома Мирзо Бедил аст, ки гуфтааст:
Рафъи инкор аз насабҷӯёни маънӣ мушкил аст,
Гӯ ба қудрат Анварӣ, дар маърифат Аттор бош.
Тири воҳимаю таҳлукаангезон боз ҳам ба хок рафт. Имрӯзҳо, хушбахтона, вирус аз Тоҷикистон рафта истодааст. Шумораи мубталошудагони нав ба бемории коронавирус назар ба шумори бемороне, ки ҳар рӯз шифо меёбанд, бамаротиб коҳиш ёфтааст ва Худо хоҳад, ба ин равиш дар чанд рӯзи дигар ҳамин моҳ беморхонаҳо аз гирифторони коронавирус тамоман холӣ мешаванд... Далели қавии дигар қариб ба нестӣ расидани шумораи фавтидагон аст. Пас, кӣ ҳақ будааст?
Туҳматгароёну иғвоангезон ҳатто аз ҳамин вазъи барои тамоми мардуми тоҷику ҷаҳон вазнин барои ҳадафҳои нопоки худ истифода бурдан хоста, бори дигар ноҷавонмардии худро собит сохтанд.
Пири адаби мо, устоди сухан Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол муқаддам падарона аҳли башарро насиҳат карда буданд:
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Иғвоангезон – аъзои ТТЭ ҲНИ ва думравони онҳо на танҳо дасти як фитодаро нагирифтанд, балки дар чунин рӯзҳо Президенти маҳбуби кишвар ва Ҳукумати ҷумҳуриро туҳмат зада, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба шӯр овардан, авзои осудаи мамлакатро ноором кардан хостанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон аз амалҳои шуми сиёҳкорони аъзою думравони ТТЭ ҲНИ безор  шудаанд ва ба онҳо нафрат мехонанд. Магар ҷиноятҳои сангини солҳои ҷанг (90-ум) ва баъдиҷангии ҳизби террористии наҳзати исломиро, ки ҳоло қариб дар тамоми ҷаҳон мамнӯъ эълон шудааст, аз саҳифаҳои хотир зудудан имконпазир аст?
Ҳоло Тоҷикистон, алорағми хоҳишу орзуи онҳо, рушд мекунад, ҳамарӯза ободтару шукуфо мешавад. Дастовардҳои бузурги соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизи моро, хусусан дар ду даҳсолаи охир, танҳо кӯрдилон - террористони наҳзатӣ дида наметавонанду бас. Ва Худо хоҳад, корвони рушди кишвар, алорағми дурӯғзанию буҳтони онҳо пештар хоҳад рафт. Бемории COVID -19 ҳам тавассути тадбирҳои муассири андешидаи Ҳукумати кишвар, талоши дастаҷамъонаи мардуми шарифи тоҷик, пайравӣ аз даъватҳои Президенти маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзҳои наздик аз байн меравад.
Вале, аминам, рӯи туҳматгарон «дуд намекунад», зеро, аслан, рӯи касе  дуд мекунад, ки номусу ҷавонмардие дорад. Чаро рӯи иғвоангезон, ки дар қӯраи беномусию сияҳкорию сияҳдилӣ сӯхтааст, дуд кунад?
 
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2020    №: 115    Мутолиа карданд: 385
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед