logo

иҷтимоиёт

ИСПАНД. ГИЁҲИ ДАРМОНБАХШ

Айни ҳол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бо душмани ноаён идома дорад ва танҳо «силоҳ» - е, ки дар муқобили он истифода мегардад, риояи саривақтии гигиенаи шахсӣ ва иҷрои тавсияҳои мутахассисон мебошад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки бо истифода аз маслиҳатҳои коршиносон худ ва дигаронро аз ин беморӣ эмин дорем.
Халқи тоҷик аз қадимулайём  тариқи гиёҳ табобат кардани бемориҳои гуногунро дар мадди аввал мегузошт. Алалхусус, истифода аз испанд дар шифоёбии бештари бемориҳо маъмул аст. Аз ин рӯ, шайхурраис Абуалӣ ибни Сино  дар асарҳои худ «Ал-Қонун фит-тиб» ва «Алвоҳия» нигошта буд, ки испанд ҳангоми дарди буғум, илтиҳоби асаб, бемориҳои испурч, зуком ва дигар маризиҳо таъсирбахш аст.  Дуди испанд таъсири антисептикӣ дошта, ҳамчун маводи шифобахш дар тибби халқӣ эътироф шудааст. Ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ,  бахусус коронавирус, истифодаи он хеле бамаврид аст.
Боиси тазаккур аст, ки чунин таъсирнокии фармакологии испанд марбут ба таркиби химиявиаш мебошад.  Дар испанд чунин моддаҳои фаъоли биологӣ ба монанди алкалоидҳои пеганин, пеганол, гармин, гармалин, гликозидҳои флаваноидӣ, кислотаҳои органикӣ, микроэлементҳои мис, манган, хром, никел, алюминий ва сурб мавҷуданд. Ҳар яке аз ин моддаҳои фаъол таъсири ба худ хос, аз  ҷумла таъсирҳои оромбахш, қандпасткунӣ, рагвасеъкунӣ, гипотермӣ, зиддигиҷҷагӣ,  арақбарорӣ доранд.
Испанд ҳамчун гиёҳи шифобахш дар тибби халқии минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон хеле васеъ истифода мешавад. Таъсири шифобахшии испанд (Peganum harmala, гармала, испанд, сипанд, ҳазориспанд, ҳазораспанд, исрик, адраспан, белобок, бибик, гармань, дикая рута, степная рута) ҳанӯз даврони пеш ба олимон маълум буд.  Дар дорухонаҳо испандро дар шакли хушки пресскардашуда, ки дар саноати фармасевтӣ тайёр мегардад, вохӯрдан мумкин аст. Дуди онро ҳамчун антисептик ва оромкунандаи асаб бо роҳи нафас истифода мебаранд. Солҳои охир дар сарчашмаҳои илмиву адабӣ маълумот оид ба истифодаи испанд дар тибби халқӣ ҳангоми вайроншавии мубодилаи чарбҳо, фишорбаландӣ, баландшавии сатҳи қанд дар хун ва дигар ҳолатҳо гирд оварда шудаанд. Истифодаи рустаниҳои шифобахш усулҳои хос дошта, ба хусусиятҳои фардии организм вобаста аст, ки дар ин маврид тавсияи мутахассисон зарур аст. Ҳомидҷон Зоҳидов, дар китоби «Канзи шифо» хусусиятҳои давобахшии испандро чунин шарҳ додааст: «Испанд дар баробари хушбӯиаш истеъмолаш ба узвҳои даруни сина ва шушро аз рутубатҳои часпак пок намудан бамаврид аст. Испандро кӯфта бихӯранд, барои иллатҳои саръ (припадка), фолиҷ (шал шудани нимаи бадан), фаромӯшхотирӣ, бемориҳои мағзи сар даво мебахшад».
- Табиати нотакрори Тоҷикистон дорои намуди зиёди гиёҳҳои табобатӣ мебошад, ки аз ҷумлаи маъмултаринашон испанд аст. Испанд гиёҳи худрӯй буда, дар тамоми манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон дар баландии 450 – 2800 (3700) метр аз сатҳи баҳр мерӯяд.  Ин гиёҳи нодир дар тибби ҳозира ҳамчун ашё барои истеҳсоли маводи доругии дезоксипеганини гидрохлорид истифода мешавад. Ин дору боздорандаи таъсири ферменти холинэстераза буда, аз ин ҳисоб гузарондани импулсро дар бофтаҳои асабу мушак барқарор мекунад. Тонуси мушакҳоро ҷобаҷо менамояд. Дар тиб ғайр аз маводи антисептикӣ буданаш барои табобати касалиҳои мононеропатия, полинейропатия, миастенияҳо, миопатия ва ғайра истифода мешавад, - мегӯяд Бибиҷон Шарифова, сардори шуъбаи фармакологияи маводи дорувории Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2020    №: 115    Мутолиа карданд: 181
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед