logo

сиёсат

ПАЁМ ВА РАВАНДИ РУШДИ ҶОМЕА

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз арзишҳои муқаддаси замони истиқлолият ба шумор рафта, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро фаро мегирад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои танзимсози соҳаҳои гуногуни ҷомеа паёмҳои Пешвои миллат ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар асоси низоми ҳуқуқии кишвар дурнамои ҳар соҳаро бо дарназардошти вазъашон равшан месозанд. Яке аз масъалаҳои марказии паёмҳои Сарвари давлат танзим ва ташаккули ҳокимияти судӣ мебошад.
Таҷрибаи давлатдории тоҷикон нишон дод, ки Паём санади хеле муҳиму сарнавиштсоз, раҳнамо ва дурнамои рушди устувори сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат буда, рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятиро муайян менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – 27 июни соли 1997 ва ба ин васила барқарор гардидани ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар ҷомеа марҳилаи бунёдкориву созандагӣ дар кишвар оғоз гардид. Дар ин росто, Паёми нахустини Президенти мамлакат, ки 27 апрели соли 2000 ироа гардид, вобаста ба мақсаду маром, вазифа ва хусусиятҳои хоси марҳилаи муайяни инкишофи мамлакат ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххаси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таҳррезии барномаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар бар гирифта, дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ нақши созгор бозид. Бояд гуфт, ки дар фарҳанги забони тоҷикӣ истилоҳи «Паём» бо маъноҳои гуногун пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, муҳаққиқ Ҷамшед Ҷӯразода истилоҳи мазкурро ба мазмуни пайғом, хабар, салом, дуруд, таҳният, муборакбодӣ, орзуи нек кардан ба касе, муроҷиат намудан, маънидод намудааст. Дар мавриди Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ он чун дастур, ҳидоят, барнома, тарҳу нақшаи фаъолият барои оянда, раҳнамо, дурнамо ва санади сарнавиштсози рисолати созанда ва бунёдкорона дошта, фаҳмида мешавад.
Паёми Сарвари давлат ба парлумон як усули таърихии робита, ҳамкорӣ ва таъсири мутақобилаи се шохаи ҳокимияти давлатӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Паёми Президентро на танҳо узви мақомоти олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ, балки намояндагони тамоми шохаҳои ҳокимият ва сохторҳои идоракунӣ – вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, васитаҳои ахбори омма, аҳли ҷомеа тамошо намуда, ба суханронии Роҳбари давлат ҳамчун барнома, ҳидоятнома таваҷҷуҳи амиқ ва хосса зоҳир менамоянд ва аз он маълумот, далелу рақамҳои нав, иттилооти муҳим ба даст меоранд ва барои фаъолияти минбаъдаи хеш дастуру супоришҳои мушаххас мегиранд.
Паём асоси ҳуқуқӣ дошта, аз моддаи 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Тавре ки дар он омадааст: “Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд”. Яъне Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ асоси ҳуқуқӣ дошта, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва аз вазифа, ҳуқуқ ва салоҳияти конститутсионии Президент тибқи қонуни асосии мамлакат сарчашма мегирад.
Дар ҳар Паём, аз ҷумла Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илму фарҳанг, таълиму тарбия, тандурустӣ, варзиш, оила, занон, ҷавонон, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, амният ва субот дар ҷомеа, мубориза алайҳи ҳуқуқвайронкунӣ, терроризм, экстремизм, пешгирии паҳн шудани ғояҳои бегона ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақшаву барномаҳои мушаххаси ҳаллу фасли онҳо тарҳрезӣ гаштанд.
Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, иҷрои муқаррароти он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандонамон хоҳад буд.
 
Одил НУРАЛИЗОДА, судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2020    №: 115    Мутолиа карданд: 424
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед