иҷтимоиёт
ҶБВ. АЗ НАХУСТИН ГУЗАШТИ НИЗОМӢ 75 СОЛ ПУР ШУД
Имсол аз ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм 75 сол пур шуд. Муҳорибаҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 1418 шабонарӯз давом кард, фаромӯшнашавандаанд. Ин ғалаба дар таърих чун воқеаи бузург бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегарданд. Рӯзи Ғалаба бар фашизм аз ҷумлаи ҳамин рӯйдоди фаромӯшнопазир аст».
Дар ғалабаи оламшуми таърихӣ бар фашизм саҳми тамоми халқҳои адолатхоҳи ҷаҳон, дар навбати аввал халқҳои Иттифоқи Шӯравӣ бузург аст. Барои сазовор таҷлил намудани ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои Германияи фашистӣ 24 июни соли 1945 оид ба гузарондани паради ҳарбӣ ё гузашти низомӣ дар шаҳри Москва қарори дахлдор қабул гардид.
Сарбозон ва афсарон - иштирокчиёни парад уҳдадор буданд, ки бо худ мукофотҳои ҷангӣ дошта бошанд, ҳол он ки на ҳар кадоми онҳо соҳиби ордену медалҳо буданд, ки дар кадрҳои кинохроника ба хубӣ аён аст.
Барои маршал ва генералҳои иштирокчии парад сарулибоси инфиродӣ дӯхта шуд. Ҳамчунин, ханҷарҳои махсуси идона омода карданд. Ба фармондеҳони фронтҳо супориш шуд, ки ҳамаи байрақҳои фашистие, ки ғанимат гирифтаанд, новобаста аз шумораашон бо худ биёранд.
Дар охирҳои моҳи майи ҳамон сол гусели полкҳои мунтахаб ба Москва, ки дар он ҷо барояшон хобгоҳи ҳарбӣ ва дигар нуқтаҳои ҷойгиршавӣ омода шуда буд, оғоз ёфт. Якҷоя бо дигар иштирокчиён ба парад оркестри мунтахаб дар ҳайати 36 дастаи мусиқавии ҳарбии гарнизони ҳарбии Москва бо 1400 нафар мусиқачӣ низ тайёрӣ медиданд. Зимни барнома он бояд беш аз 30 асари мусиқии мутантани ҳарбиро менавохт.
Аввалин машқи якҷояи қӯшунҳои пиёдагард 12 июн дар фурудгоҳи марказӣ баргузор гардид. Санҷиши ниҳоии артиллерия, қӯшунҳои зиддитанкӣ ва механиконда дар Майдони Сурх шаби 19 июн доир шуд. Давомнокии парад 2 соату 9 дақиқаю 10 сония ба нақша гирифта шуда буд.
Рӯзи таърихии 24 июн ҳаво номусоид гардид, бориш ба амал омад. Дар Майдони Сурх полкҳои мунтахаби 10 фронт, Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ, қисмҳои қӯшунҳои гарнизони Москва саф оростанд. Дар майдони Манеж техникаи ҳарбии қувваҳои мудофиаи ҳавоӣ ҷойгир шуданд, саворанизом, тирандозон, зиддитанкӣ ва қӯшунҳои механиконда бошанд, дар кӯчаи Горкий саф оростанд.
Парадро нақоранавозони мактаби ҳарбиву мусиқии Москва ифтитоҳ бахшиданд. Пешопеши онҳо савори асп фармондеҳи парад Маршал Рокосовский ҳаракат мекард. Полкҳои мунтахаби фронтҳо тибқи тартиби муқарраршуда дар Майдони Сурх ҳаракат мекарданд.
Сипас, ба Майдони Сурх полкҳои мунтахаби гарнизони Москва, комиссариати халқии мудофиа, шунавандагону курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, полки Кремл, саворачиён ворид гадиданд. Ин қисмати парадро се полки саворанизом анҷом бахшид.
Қисми хотимавии парадро намоиши аслиҳаву техникаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, пулемётҳои калон, аслиҳаи хурду миёна, ки болои автомобилҳо устувор карда шуданд, ифтитоҳ намуд. Баъдан, ба майдон артиллерияҳову тӯпҳо, танкҳо, техникаи ҷангӣ баромаданд. Парад бо гузашти оркестри мунтахаб анҷом ёфт.
Дар қатори иштирокчиёни парад теъдоди зиёди тоҷикистониён низ иштирок намуданд, ки дар байни онҳо Абдуназар Фармонқулов, Бобоҷон Ҳакимов, Толиб Дадобоев, Александр Селезнёв. Ашӯрбой Азимов, Ҳамдам Фозилов, Қучқор Рӯзиқулов, Абдуқаюм Ҷӯраев, Иван Пилличенко, Абдусаттор Ҳоҷибоев, Истамқул Ҳасанов, Мирзоаҳмад Турсунов, Саидолим Раҷабзода ва дигарон иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар баробари дигар меҳмонон намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла Мастура Авезова, Пӯлод Бобокалонов, Мирзоаҳмад Холматов, Она Нодирбобоева ва Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев иштирок намуданд. Паради ғалаба роҳи пуршарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравиро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба таври шоён ҷамъбаст кард.
Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд бо ҳамкории шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят иқдом гирифт, ки бахшида ба 75 - солаги Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 75 - солагии Паради Ғалаба (24 июни соли 1945) китоби «Ғалабаи Бузург» - ро интишор намояд. Китоб бо пешгуфтори раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз чоп баромад, ки дар хусуси саҳми Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ғалаба бар фашизм, нақл мекунад.
Шавкат АЛИЕВ, муовини раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд,Корманди шоистаи Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.06.2020 №: 116 Мутолиа карданд: 261