logo

Хабарҳо

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

Sputnik.  Арабистони Саудӣ бар асари пандемияи коронавирус имсол зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом дар Макка ва Мадинаро барои зоирини кишварҳои хориҷӣ манъ кард, - хабар медиҳад Вазорати умури ҳаҷ ва умраи кишвар.
"Бо сабаби пандемияи коронавирус ва хатари он ба саломатии мардуми зиёд, маросими ҳаҷи имсола бо шумораи маҳдуди зиёратгарони миллатҳои гуногун, ки дар қаламрави кишвар ҳастанд, гузаронда мешавад,”- афзудааст манбаъ.
Қаблан мақомоти Арабистони Саудӣ аз мусалмонони дунё даъват карда буданд, ки омодагиро барои зиёрати Макка то дақиқ шудани вазъи коронавирус ба таъхир андозанд. Имсол давраи ҳаҷ ба 28 июл - 2 август рост меояд.
 
 
ИМА ВА РОССИЯ ДОИР БА МАСОИЛИ СУБОТИ СТРАТЕГӢ ГУРӮҲҲОИ ТЕХНИКӢ СОЗМОН МЕДИҲАНД
INTERFAX.RU. «Вашингтон ва Москва омодаи идомадиҳии музокирот оид ба суботи стратегӣ мебошанд», - изҳор дошт намояндаи вижаи президенти ИМА оид ба назорати силоҳ Маршалл Биллингсли.
"Даври аввали гуфтушунид дар Вена басо судманд гузашт. Кулли масоили ядроиро муфассал баррасӣ намудем. Кори гурӯҳҳои техникиро ба роҳ мондем. Доир ба гузарондани давраи дуюми муколама ба мувофиқаи принсипиалӣ расидем», - гуфт Биллингсли пас аз анҷоми гуфтушунид бо муовини вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Рябков.
Вохӯрии намояндаҳои ду кишвар 22 июн дар Вена баргузор гашт.
 
 
ДАР МЕКСИКА ЗАМИНЛАРЗАИ САХТ БО МАГНИТУДАИ 7,4 БОИСИ ҚУРБОНӢ ГАРДИД
Reuters. Ин офати табиат 23 июн дар ҷануби кишвар ба амал омад. Баъди он зилзилашиносон беш аз 440 такони такрориро ба қайд гирифтанд. 
Бар асари замиҷунбии сахт панҷ нафар ҳалок гашта, 30 нафар зарар дид. Маркази заминҷумбӣ иёлати Оахака буд. 
Тибқи маълумот, ларзаи замин дар 11 иёлати кишвар ба мушоҳида расида, дар ду иёлат харобаҳои зиёд ба амал овард. Аз ҷумла, панҷ беморхона осеби ҷиддӣ дида, дар деворҳои дуи дигар тарқишҳо пайдо шуданд. Дар калонтарин корхонаи коркарди нафти мамлакат сӯхтор рӯй дод. 
 
 
ФИНЛЯНДИЯ САРҲАДАШРО БО ЯКЧАНД КИШВАР БОЗ МЕКУНАД
АИР Новости. Ҳукуматдорони кишвар вобаста ба вазъи феълии пандемия чунин тасмим гирифтанд.
Аз ҷумла, маҳдудияти сафар ба иддаи давлатҳое, ки дар онҳо сатҳи сирояти коронавирус паст аст, бардошта мешавад. Ҳукумат то 10 июл рӯйхати кишварҳоеро тартиб медиҳад, ки ба онҳо сафари сайёҳии шаҳрвандонаш иҷозат дода мешавад. Ғайр аз ин, назорати дохилии марзӣ бо мамлакатҳое бекор мегардад, ки сатҳи бемории COVID-19 дар онҳо ба нишондиҳандаҳои кишварҳое айният дорад, ки аллакай маҳдудияти убури марз бардошта шудааст. Сафарҳои сайёҳиро ба Италия, Юнон, Австрия, Швейтсария, Кипр ва ғайра метавонанд иҷозат диҳанд.
 
 
БАЪДИ КАРАНТИН НАХУСТИН САММИТИ САРОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО 17-18 ИЮЛ ДОИР МЕГАРДАД
INTERFAX.RU. – «Саммити мазкур дар Брюссел баргузор мешавад», - хабар дод намояндаи расмии раиси Шӯрои Аврупо Баренд Лейтс.
"17 ва 18 июл раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ҷамъомади ғайринавбатии шӯроро ҷиҳати баррасии масоили барқарорсозии иқтисод ва нақшаи дарозмуддати молиявӣ даъват мекунад", - гуфт дирӯз Лейтс. 
Шарл Мишел 19 июн пас аз видеомашварати сарони давлату ҳукумати Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки «мо нияти гузарондани саммит бо ҳузури бевоситаи иштирокчиён дар Брюссел миёнаҳои моҳи июл дорем. Масъалаҳои муҳимро, ки пандемия ба миён овардааст, бояд ҳарчи тезтар баррасӣ намуд".
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1017
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед