logo

иҷтимоиёт

27 ИЮН. ҶАШНИ ПОЙДОРИИ СУЛҲ ВА БЕДОРИИ МИЛЛӢ

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ шаҳодати он аст, ки дар кишвар сулҳу амният пойдору устувор мебошад. Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мешавад. Ин ҳақиқат 23 сол боз собит гардида, минбаъд низ истеҳком меёбад.

Ҳамин тавр, ҳамеша боварӣ, эътимод ва муҳаббати мардум ба Пешвои миллат меафзояд. Дар баробари ин ҳама ва рушди тамоми соҳаҳо, ободонии кишвари маҳбуб, ки бисёр чашмрасу боиси ифтихори ҳар тоҷикистонист, Президенти мамлакат ҳамеша таъкид мекунанд, то аз таърих сабақ бигирем. Мурод аз он шинохти ҳодисаҳои фоҷиабори миллат ва такрор накардани хатоҳост, то истиқлолият, давлати миллӣ, ваҳдату якпорчагӣ аз байн наравад.
Таърихи миллат, воқеан, аз ин гуна сабақҳо зиёд дорад, ки омӯзандаанд. Дар оғози солҳои асри рафта душманони миллат ва марзу буми кишвар тамоми саъю кӯшишашонро бар он равона сохтанд, то давлате бо номи Тоҷикистон барои умре дар харитаи ҷаҳон ҷой надошта бошад. Аммо абармардони ин миллати мутамаддин, ҷонфидоёни он нақшаҳои тахрибкоронаашонро барбод доданд. Ин ҳодисоти фоҷиабор пушти сар шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гашт. Агар душманони хориҷӣ ва дохилии мо дар он пирӯз мешуданд, тасаввурнопазир буд, ки оқибати давлати тоҷикон ба чӣ меанҷомид ва давлату кишварамонро киҳо соҳиб мегардиданд. Дар ҷанги шаҳрвандии охири солҳои бистуму аввали сиюми асри гузашта аз ислом суиистифода кардан хостанд. Миллати тоҷик пас аз пирӯзӣ дар он андак қомати худро рост карда буд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Ба ҳимояи Ватани умумӣ ҷавонмардони кишвар бархостанд ва сина сипар карданд, то фашизми гитлерӣ на танҳо бар мо, балки ба тамоми дунё мусаллат нагардад. Қурбониён дар ин ҷанг низ зиёд буданд.
Соли 1991 истиқлолият ба даст овардем, аммо он дар оғоз қариб ки аз даст мерафт. Душманони хориҷӣ, инчунин, баъзе аз гумроҳону ҷоҳилону фурӯхташудагон ё худ хоинони Ватан, ки бар осиёбашон об мерехтанд, бори дигар хостанд, то мо соҳиби давлати миллӣ ва истиқлолияти воқеӣ набошем. Барномаҳо дар хориҷ аз кишвар тарҳрезӣ шуда буданд ва дар пайи иҷроишашон гардиданд. Ин бор оташи ҷангеро афрӯхтанд, ки хомӯш намудани он аз имкону тасаввур дур буд. Душманон дар ду сангар ҳаммиллатонро гузоштанд. Ин барномаи озмудашуда дар дигар кишварҳо мутмаин месохт, ки ҷанги шаҳрвандӣ, куштори ҳаммиллатон ҳеҷ ба поён намерасад. Дар ин сурат миллат ва давлат барои ҳамешагӣ маҳв мегардад. Хатар рӯшан буд, аз ин рӯ, эҳсосу даркаш аксар рӯшанфикрони асилро ба осонӣ даст медод, аммо кореро ба анҷом расонда наметавонистанд. Чаро? Чунки дар пеши қудрати силоҳ аҷзи худро дарёфта буданд. Ба ҷуз ин, роҳбари шоиставу хирадманду ҷонфидо, ки ҳастияшро барои пойдории миллату давлат ва хомӯш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ фидо бикунад, надоштем. Ин ҷанг ва хатарҳои бузург имтиҳоне маҳсуб мешуд, ки ҳаққу ботил дуруст шинохта шавад ва дар маърифату интихоби сарвари асил ба хатоӣ дигар роҳ дода нашавад. Хушбахтона, миллат ин бор ғалат накард. Қариб сӣ сол аст, ки дурустии ин шинохт ва интихоб собит мегардад. Кӣ дар он рӯзгори даҳшатбору фоҷиабор зимоми давлату давлатдорӣ ва мардумро ба зимма мегирифт? Ҳар кас дар андешаи худ, ҷони худ ва аҳли хонадони худ буд. Ба ҷуз ин, ҳеҷ бовар надоштанд, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда метавонанд.
Бояд зикр гардад, ки дар он даврон Шӯрои Олӣ ягона сохторе ба шумор мерафт, ки дар миёни мардум нуфузашро нигоҳ медошт ва барои барқарор кардани сулҳу салоҳ, ба низом даровардани вазъи сиёсии мамлакат саъю кӯшиш ба харҷ медоду тадбирҳои заруриро дар доираи салоҳияташ меандешиду амалӣ менамуд. Мо - намояндагони халқ бори ин масъулиятро бар дӯши вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳавзаи интихоботии № 172, гузоштем. Мо – ҳама танҳо ба ӯ бовар доштем, зеро эҳсосу дарк намуда будем, ки аз иҷрои ин рисолату масъулияти таърихӣ фақат ин шахсияти обруманд баромада метавонад. Пазируфтани сарварии давлат дар он рӯзгор, яъне охири моҳҳои соли 1992 – юм, ки маълум набуд фарҷомаш чӣ мешавад, худ қаҳрамонӣ буд. Албатта, ин он маъноро надошт, ки мо - вакилон дар паҳлуи ӯ набошем. Не, ҳаргиз чунин набуд. Ҷасорату мардонагӣ, муҳаббату садоқати ӯ моро водор месохт, ки бо роҳнамоияш тамоми тадбирҳоро амалӣ намоем. Ба он синну соли ҷавонӣ Худованд хирадро ёраш гардонда буд. Ба ин хотир, ба иқдомоте рӯ меовард, ки натиҷаи некашро баъдҳову баъдҳо дармеёфтанд. Он чӣ мегуфту бар забонаш ҷорӣ мегардид, тасаввурнопазир маҳсуб мешуд. Вале замон собит месохт, ки ояндаро дидаву дуруст шинохтааст. Бо ёдоварӣ аз он рӯзгори фоҷиабор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор дошта: «Ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он давраи барои тақдири Ватан ва халқи кишвар ниҳоят душвор кадом масъулиятро ба зимма гирифтам. Ва бо такя ба ақлу заковати халқамон, ки ворисони миллати хирадманди тоҷик мебошанд, савганд ёд кардам, ки то вақте дил дар синаам метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам, тамоми қуввату ғайрат ва донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, ба хотири шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона заҳмат мекашам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Имрӯз мебинему шоҳид мешавем ва меболему ин шукрро ба ҷо меорем, ки дар ҳақиқат, дар ҳар хона ва ҳар оила сулҳ барқарор мебошад. Инчунин, Ватани азизамон ба шукуфоӣ бар асари саъю кӯшиши зиёд ва талошҳои хастагинопазири Сарвари давлат ноил гардидааст.
Ваҳдати миллӣ, дар радифи Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарину муқаддастарин дороии мардуми мо ба ҳисоб меравад, ба мисли Ватан, ба мисли модар. Агар ваҳдати миллӣ таъмин намешуд, Тоҷикистони ҷангзада ба чи рӯзе гирифтор мебуд, миллатамон чи ҳолу аҳволе медошт. Ваҳдати миллӣ омили суботу осоиш дар ҳама давлати миллӣ, гарави пешрафту шукуфоии онҳо ба шумор меравад. Муваффақиятҳое, ки кишвари мо зимни солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, гувоҳи равшани гуфтаҳои болоанд. Хулласи гап, дар давлатдорӣ мо роҳеро интихоб кардаем, ки имрӯз тамоми давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо ин самт равонаанд. Он роҳи интихобу пешрафти озодона, муросову мадоро, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун барои кулли аъзои ҷомеа мебошад.
Имрӯз худшиносию худогоҳӣ, таҳкими эҳсосоти миллатдӯстию ватандӯстӣ шиори ҳамагонист ва дар самтҳои мазкур муваффақиятҳо кам нестанд. Вале набояд хотирҷамъ  буд.  Шумо рӯйдодҳои имрӯзаи дунёро мушоҳида кунед, аксуламали иддае аз ҷавонони моро ба ҳодисаҳои мазкур бубинед. Маълум мешавад, ки кори мо бо ҷомеаамон ҳанӯз тамом нашудааст.  Ҳанӯз ҳам бисёранд афроде, ки мафкураву ҷаҳонбиниашон аз тафаккури асрҳои миёна болотар нарафтаасту сатҳи камолоти сиёсиву маънавии аҳли ҷомеа ба он дараҷае нест, ки хотирҷамъ бошем. Махсусан, ҷавонони аз 20 то 30 – солаи мо, гарчанде аксар бо технологияи муосир, бо компютеру интернет муомила доранд, аз лиҳози маънавию сиёсӣ баъзан заъфиятҳои ҳайратоваре ба зуҳур меоваранд.
Ҷаҳоне, ки мову шумо дар он зиндагӣ дорем, имрӯз ба як деги ҷӯшоне шабоҳат дорад. Ҷангҳо, мухолифату муноқишаҳое дар ҷараёнанд, ки муддатҳои мадид халқу миллатҳоро дар маърази хатар ва фоҷиаю нобудӣ, фалокату бадбахтиҳо қарор дода, ҳаёти осуда, рифоҳу рушд ва саодату хушбахтиро барои онон дастнорас сохтанд. Аврупоро канор бигузорем, дар олами ислом домани нооромиҳои мазкур аз Филиппину Малайзия дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ кашида, то ба Афғонистону Покистон дар Осиёи Ҷанубӣ, аз  Сурияву  Ироқ, Яману Либия дар Шарқи Наздик гирифта, то ба Судону Сомали дар қораи Африқоро фаро гирифтааст. Мушкил чист? Мушкил он аст, ки як тоифа хешро аз тоифаи дигар мусулмонтар, як гурӯҳи муслимин саҳмашро дар давлатдорӣ назар ба гурӯҳи дигар ноодилонатар бештар мебинад. Ҳамин чиз рафта – рафта ба пайдоиши ихтилофу ноамнӣ мунҷар мешавад.
Ҳолатҳои мазкур моро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи ҷавононамон диққати боз ҳам бештар диҳем. Эҳсосоти худшиносию ватандӯстии онҳоро тавассути донишу маърифат тақвият бубахшем, ваҳдатамонро, ки дастоварди беназири миллат аст, давоми асрҳо устувору пойбарҷо нигоҳ бидорем. Ваҳдат омили бақои миллату давлат ва суботи ҷомеа, заминаи пешрафти сарзамини ҷоноҷонамон ва гарави осудаҳолии ҳар як фарди ин куҳандиёр мебошад.
Воқеан, Пешвои миллат барои расидан ба ин нияти муқаддас борҳову борҳо ҷони худро дар хатар гузоштанд. Душманони миллату ин сарзамин чун ба иҷрои ғаразҳои бадашон ноил гашта натавонистанд, хостанд, ки ҷисман маҳваш бисозанд. Ба бахти миллати азияткашидаи мо Худованд нигоҳаш дошт. Тавре изҳор дошта буд, мо ояндаи неки Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи халқро шоҳид гардидем.
Бо шукргузорӣ аз заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои миллат ва шодмонӣ ҳамасола 27 июн чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Дар баробари ин ҳама, бояд ба қадри истиқлолият, ваҳдат, сулҳ бирасем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки андак ғафлат, беэътиборӣ, носипосӣ,  қадрношиносӣ ба дастовардҳои беназирамон халал ворид месозад. Ба таъкиди Сарвари давлат зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Инчунин, огоҳ бошем, ки ҳанӯз ҳам душманони ин миллату давлат дар камин нишастаанд ва дастовардҳои мо, аз ҷумла ваҳдату истиқлолият ва осоиштагию сулҳамон барояшон хушоянд нест. Аз ин рӯ, мо, махсусан ҷавононамон, ба иғвову дасисаҳо, ваъдаҳои дурӯғини душманону хоинон фирефта нашавем. Бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки душманон аз ҳар нуқтаи заъфи мо мехоҳанд истифода баранд ва ин неъматҳоро аз дастамон бирабоянд. Моро мебояд, ки дар атрофи Пешвои миллатамон бо боварӣ ва эътимоди комил ҷамъ бошем. Танҳо дар ин сурат ҳамаи нақшаҳои муғризонаи душманону хоинонро барҳам зада, сулҳу ваҳдатамонро пойдортар карда метавонем.

Ғайбулло АВЗАЛОВ,
раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, собиқ вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии № 171


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2020    №: 117    Мутолиа карданд: 118
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед