logo

иҷтимоиёт

ҲУМОИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Маълумот дар бораи ҷанги дохилии мо як андоза возеҳанд. Наздики 150 ҳазор нафар қурбон гардид ва даҳҳо миллиард доллар зарари моддӣ расид. Зарари маънавияш беҳисоб! Ҳазорон хонаву дар сӯхтаву молу маноли мардум ва давлат ба яғмо бурда шуд. Миллион нафар ҳамватан тарки Ватан кард. Заводу фабрикаҳо аз кор монданд, талаву тороҷ гардиданд ва низоми иқтисодиву иҷтимоӣ пурра аз байн рафт. Дар бонк як пули пучак намонд. Ҳамаро аз сифр бояд оғоз кард! Ин буд натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ!

Мақоле ҳаст, ки агар дар як хона чанд хоҷа бошад, меҳмон гурусна мемонад. Тоҷикистони оғози солҳои навдум ҳамин аҳволро дошт. Ҳама хоҷа буду худро масъул меҳисобид. Роҳбарони ҷумҳурӣ булҳавасона зуд-зуд иваз мешуданд. Аммо коре карда наметавонистанд ва аз мақом аксаран тарсуёна дур мешуданд. Касе ба оянда бовар надошт ва давлатро, аллакай пароканда меҳисобиданд. Дар ҳамин гуна вазъият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбариро ба уҳда гирифтанд. Дар муқобили моҷароҳои хатару нобудӣ истодагарӣ карда, ваъдаҳои худро амалӣ сохтанд. Сулҳро дар сарзамини ҷангзада ба армуғон оварданд, гурезаҳоро ба хоки Ватан баргардонданд, заминро ба халқ дода, шароити мусоиди зиндагиро фароҳам сохтанд. Корнамоиву қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон, аллакай дар саҳифаҳои заррини таърих сабт ёфтаанд ва, яқинан, таърихро таҳриф кардан номумкин аст.

ВАҲДАТ БЕҲТАРИН ИДЕОЛОГИЯ АСТ

Ваҳдат ва истиқлолият барои халқи тоҷик вожаҳои ҳамсонанд. Мункир наметавон гашт, ки истиқлолият на танҳо барои тоҷикон, балки барои ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС низ худрӯву туҳфаи тақдир буд. Барои халқи тоҷик истиқлолият неъмате буд, ки нотавонбинону ҳасудон нестии онро мехостанду бақои онро хатарнок карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои сари қудрат омаданашон, ваҳдатро ҷавҳари фаъолияти давлатдорӣ қарор доданд. Мавсуф кори Айниву Ғафуров барин шахсиятҳоро давом доданд, ки бамаротиб масъулияти даҳчанд дошт. Айнӣ барои худшиносии тоҷикон заҳматҳо мекашид, то ки мавҷудияти тоҷик инкор нагардад. Б. Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро ҳуҷҷати тоҷикон гардонд. Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз шикаст ва ин халқи ҷафодидаро аз оташи ҷанг раҳонда, истиқлолияти миллатро нигоҳ дошта тавонистанд. Ваҳдат ба сифати идеология табдил ёфт, ки ин тақозои рӯз аст. Ваҳдат барои давлатҳои хурду бузург ҳамеша омили тақдирсозу таҳкимбахши пойдориҳост. М. Ганди (Ҳиндустон), Шарл де Гол (Фаронса), Франклин (ИМА), М. Дун (Чин), М. Камол (Туркия), М. Ҷиноҳ (Покистон) ва ғайраҳо дар заминаи ваҳдат давлатсозӣ кардаанд. Имрӯз мебинем, ки бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ ҳам, қатъи назар аз дороиву сарватҳои беҳудуд аз набудани ваҳдати милливу дохилӣ ба ларза меоянд. Равандҳои ҷаҳонишавии имрӯза хеле мураккаб аст ва манфиатхоҳон бо роҳҳои гуногун дар фано сохтани халқияту миллатҳо нақш мегузоранд. Ин раванди хеле ноаёну мармуз аз рӯи шиори маъмулии «тафриқа андозу ҳукмронӣ намо» сиёсати ҳарисонаи ҷаҳонхоҳонро амалӣ мегардонад. Пас, ҳам дар гузаштаи наздик, ҳам дар шароити имрӯза ва ҳам барои оянда, ваҳдат беҳтарин идеологияи давлатдории мо хоҳад буд.

СУЛҲУ ВАҲДАТ ҲИМОЯТ МЕХОҲАД

Ҳифзу бақои сулҳ дар навбати аввал донистани даҳшату ногувориҳои ба сари миллати тоҷик омада мебошад. Ин андеша борҳо гуфта шудааст ва боз бо таъкид ҷонибдори онем, ки дар низоми таълими муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва олӣ дарси махсуси «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» ба роҳ монда шавад. Албатта, сокинони кишвар, ки синну соли бузургтар доранд, қадру манзалат ва арзиши сулҳу ваҳдати тоҷиконро медонанд. Аммо насли ҷавону наврас, бояд аз омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва роҳҳои ба даст овардани сулҳ огаҳ бошанд. Ин омил яке аз ҷузъҳои муҳими худшиносии миллии замони истиқлол аст. Дар ин роҳ то андозае аз хидматҳои "Телевизиони Тоҷикистон» таъкид метавон кард, ки дар ин шабу рӯзҳои ҳассос филмҳои махсуси мустанадро доир ба таърихи ҷангу раванди сулҳсозӣ пешниҳод менамояд. Аммо ин маҳдуду ночиз аст. Имрӯз муассисаҳои таълимӣ ба компютерҳо муҷаҳҳазанд. Бигзор тариқи видеопроекторҳо дар доираи барномаҳои таълимӣ наворҳову сабтҳои муҳими таърихӣ пешниҳоди наврасону ҷавонон гардонда шаванд.

ФАЙЗИ ВАҲДАТ

Ҳар чизе ки халқи тоҷик давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, аз файзи ваҳдату дӯстӣ мебошад. Халқи тоҷик бо хираду кордонии Пешвои худ бо татбиқи барномаҳои бузург ба пеш қадамҳои устувор мегузорад. Сахттарин мушкилот рафъ гардид ва ҷои пӯшида нест, ки  мушкилиҳо имрӯз ҳам ҳастанд. Аммо, ҳама ноҳамвориҳои роҳҳои рушд суфта гашта истодаанд. Се ҳадафи стратегии бузург амалӣ гардид. Имрӯз халқи тоҷик дар роҳи инкишофи худ ҳадафи стратегии чорум - саноатикунонии босуръати кишварро амалӣ кардан мехоҳад. Ҳанӯз аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта намехостанд, ки НБО “Роғун” бунёд гардад. Алорағми монеаҳо ду агрегати ин неругоҳ ба кор даромад ва халқи тоҷик дар назди дӯстону душманон сарбаландии худро нишон дода тавонист. Масъалагузорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар мавриди мушкилоти об дар ҷаҳон кишвари моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.  Дар ин муддати хеле кӯтоҳ муваффақу комёб будани халқи тоҷикро ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид гардид, иқрор гашт ва аҳсант гуфт. Зеро кишвару давлатҳое ҳастанд, ки даҳсолаҳо боз муноқишаҳои дохиливу мухолифатҳои худро ҳал карда натавонистаанд. Аз таҷрибаи сулҳи мо сабақ гирифтан мехоҳанд. Аз тамоми ҷаҳон бо файзи ин сулҳу ваҳдат ба кишвари мо меҳмонон меоянд. Ба тасмимҳои бузурги халқи тоҷик дар арсаҳои байналхалқӣ бовару эътимод доранд. Душанбеи тоҷикон бо муҳиту фазои созгор мизбони бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ гардидааст.

ҲУМОИ СУЛҲ

Дар бораи хосиятҳои сиёсати минтақавӣ (геополитика) сиёсатшиносону муҳаққиқон хеле зиёд таълифоти илмӣ анҷом додаанд. Танҳо як нукта мавриди таъкид аст, ки дар асри нав сиёсатҳои геополитикӣ дар шаклу сифати наву ноаён ҷаҳонро таҳти таъсири амиқ қарор додаанд. Осиёи Марказӣ чанд садсола боз барои абарқудратону хоҷагони алоҳидаи хориҷӣ нуқтаи муҳими геополитикӣ ба ҳисоб меравад. Бо сиёсатҳои таҳмилӣ мехоҳанд, ки дар ин минтақа оташи мухолифату низоъро афрӯзанд. Дар ин роҳ онҳо аз демократия чун ниқоб истифода мекунанд. Фарҳанг, дин, эътиқоду оинро сиёсӣ месозанд. Ба ин ҳадафу нишони худ солҳои навадум Тоҷикистонро ба нуқтаи даргир табдил додан мехостанд. Шукрона, ки бо «раҳми Парвардигор», идроки халқ ва заковати хиради ҳамватанон ин оташ хомӯш гардид. Вале дар ҳар лаҳза ба болои ин мардум Президенти мамлакат чун Ҳумои сулҳ сояпардоз мегашт. Дигар мардум муътақид аст, ки Президенти сулҳпарвар дорад. Хоҳ дар сарҳад, хоҳ дар як кунҷи кишвар хавфи низоъ ба миён ояд, қадами мубораки Президент ин низоъро ба ҳам мерезад, ки доим шоҳидаш будем.  Бо ин ҳама, ибораи «ҳушёрии сиёсӣ», ки доимо аз забони Пешвои миллат садо медиҳад, моро водор месозад, ки аз гузашта сабақ гирифта, имрӯзро таҳлилу ташхис карда, ояндаро дида тавониста бошем. Хавф ҳанӯз боқист. Сиёсатҳои мақсадноки берунӣ чун уқоби тезчанголи ҳарис сайди хуфтаву нотавону ғофилро ҷустуҷӯ дорад. Хуб аст, ки халқи тоҷик акнун огаҳ аст ва намегузорад, ки дубора бехонумону дарбадар гардад, ҳастии миллат зери хатар бошад.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, ректори ДМТ,
Саъдӣ МАҲДӢ,декани факултети журналистикаи ДМТ,
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2020    №: 117    Мутолиа карданд: 240
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед