logo

иҷтимоиёт

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. ТОҶИКИСТОНРО БА ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БА ТОҶИКИСТОН ПАЙВАСТ

Агар бемории коронавирус дар ҷаҳон доман намезад ва марзи давлатҳо бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва сирояти ин маризӣ ба рӯи ҳам баста намешуд, яқин буд, ки кишвари биҳиштосои мо мисли солҳои гузашта дар ин шабу рӯз ҳазорҳо сайёҳи хориҷиро мизбонӣ мекард. Зеро ҷаҳонгардони хориҷӣ, дер боз Тоҷикистонро чун кишвари амну осоиш ва барои сайру саёҳат мувофиқу мусоид дарёфтаанд, ки сол ба сол афзудани ташрифашон ба хоки ин сарзамини дорои манзараҳои дилфиребу тамошобоб далели ин амр аст.
Ҳоло бемории COVID-19, ки тамоми иртиботи байналмилаливу минтақавиро аз ҳам гусаст, рӯ ба коҳиш ниҳода, мардуми олам хушбинӣ мекунад, ки ин беморӣ ба зудӣ мегузарад ва зиндагии аҳли башар ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад. Дар ҳар сурат марзҳо низ кушода шуда, туризми ҷаҳонӣ ба ҳаракат медарояд ва боз Тоҷикистон кишвари сайру саёҳат баргузида хоҳад шуд. Чунин майлу рағбати сайёҳони хориҷӣ дар ҳолест, ки замоне шаҳрвандони хориҷӣ ба далели ҷангу даргириҳои дохилӣ аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ меварзиданд. Вазъи ноороми кишвар дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мамлакатро дар зеҳни мардуми сайёра минтақаи ноамну хатарзо ҷилва намуда буд.
Хушбахтона, талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ чунин пиндорро ба зудӣ аз мағзҳо дур кард. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фурсати кӯтоҳ аз вазъи харобиовари ҷанг раҳо шуда, дар роҳи барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ боиси пайравӣ ва кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид.
Ҳоло дар ҳама ҷо мардуми хушиқболи тоҷик сухан аз ваҳдату ҳамдилӣ мегӯянд ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саъй доранд, ки Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро дар фазои осудаи Ватан ва бо дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ истиқбол намоянд. Ин раванд баёнгари он аст, ки мардуми тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа медонанд.
Дар ҷаҳони печидаи имрӯза арзише чун ваҳдати миллӣ, аҳамияти бештар касб намуда, таблиғи густардаи он ба манфиати ҷомеа аст. Зеро таҳдидҳои терроризму экстремизм ҳанӯз аз миён нарафта, гурӯҳҳои ифротие чун наҳзатиҳои хоин барои рахна кардани сулҳу ваҳдати миллати тоҷик даст аз тафриқаву ҷудоиандозӣ барнадоштаанд. Онҳо дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ, ки кишвари мо низ аз таъсири он эмин намонд талоши зиёде ба харҷ доданд, ки аз чунин вазъ низ ба манфиати худ истифода кунанд. Тавассути торномаву шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мардумро бо пешбиниҳои ваҳмангези худ ба таҳлука андохта, аз маргу мири шаҳрвандон табли шодӣ мезаданд. Вале тадбирҳои саривақтиву санҷидашудаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рағми пешбинии душманони миллат дар пешгирии беморӣ ва табобати маризон натиҷаҳои басо судбахш дода, дигарбора коми наҳзатиҳои фурсатталабро талх кард.
Ин гурӯҳи худбохта ҳар қадар, ки барои душманӣ бо халқи худ дасту панҷа нарм мекунад, ҳамон андоза расвою мавриди нафрати мардум қарор мегирад.  Амалкардҳои ноҷавонмардонаи онҳо нишон медиҳанд, ки мехоҳанд, дасти мардумро аз иттиҳоди ҳамбастагӣ ва сулҳу осоиш кӯтоҳ намоянд ва мисли солҳои аввали истиқлолият тарҳҳои хунини худро амалӣ созанд. Вале ҳаргиз чунин нахоҳад шуд. Зеро сатҳи огоҳии сиёсӣ ва худшиносии миллати тоҷик дар пояе қарор дорад, ки ҳадафҳои нопоку муғризонаи онҳоро дарк мекунанд.

Баҳодур ИСОЗОДА, муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2020    №: 117    Мутолиа карданд: 118
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед