logo

иҷтимоиёт

ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки сулҳу субот дар кишвар барқарор гардад. Пас аз ин оламиён донистанд, ки миллати тоҷик анъанаҳои таърихии худро ҳамеша ҳифз мекунанд.

Оғози солҳои 90 – уми асри гузашта сокинони кишвар вазниниҳои зиёдеро аз сар гузаронданд. Дар нобасомониҳо нафарони зиёде ба ҳалокат расиданд. Қисме аз шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо, муассисаву коргоҳҳо талаву тороҷ гардиданд. Сохтори фалаҷшудаи ҳукуматӣ аз уҳдаи идоракунии давлат баромада натавонист. Ба арсаи сиёсат қадам гузоштани як гурӯҳи мансабхоҳон боиси парокандагии миллат ва нооромии ҷомеа гардид. Барои ишғоли вазифаҳо талошу кашмакашиҳо давом ёфта, оташи низоъ аланга зад. Созмонҳои навташкил ба сиёсат часпида, ҷомеаро ноором сохтанд. Майдоннишиниҳо, гаравгонгириҳо ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфтанд.
То оғози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд фишору зӯроварӣ ба вакилон онҳоро ба ташвиш оварда, дар бораи ба кадом тараф майл намудан андеша мекарданд. Муваффақияти калони вакилон дар он буд, ки онҳо ба тарафдории Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якдилона раъй доданд. Хушоянд аст, ки Сарвари ҷавони давлат боварии вакилон ва сокинони кишварро сазовор шуд.
Дар солномаи таърихи Тоҷикистон 27 – уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт ёфт. Дар ҳамин рӯз дар шаҳри Москва ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, бо ҳамин сулҳ дар сарзамини тоҷикон аз нав барқарору пойдор гашт.
Зиёда аз 1 миллион гурезаҳо ва фирориён ба Ватан баргашта, ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ машғул шуда, дар муҳлати кӯтоҳ хонаҳои харобгаштаро обод карданд.
Ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони тоҷик сулҳи деринтизор омад, харобаҳои ҷанг барқарор шуданд. Сулҳу ваҳдат пойдор гашт. Бесабаб нагуфтаанд, ки ваҳдат қудрату тавоноии мардум аст. Сулҳи комил ва ваҳдати устувори миллӣ беҳтарин дастоварди мардум маҳсуб меёбад.
Фахр аз он дорем, ки бо шарофати сарварии оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалист.
Тоҷикон аз Роҳбари бузург ва Пешвои хирадманди худ - Эмомалӣ Раҳмон бо камоли мамнуният ифтихор доранд. Президенти Тоҷикистон ифтихори миллати тоҷик буда, баҳри сарсабзӣ ва шукуфоии диёр хизматҳои арзишманде кардааст.
Имрӯз ҷаҳониён таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро, ки бо ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчун мактаби таҷрибаи беназир меомӯзанд. Тоҷикистон сарвари оқилу хирадманде дорад, ки давлату миллатро дар ҷаҳон номвар гардондааст. Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии миллат, ватандорӣ ва давлатдории соҳибистиқлолии тоҷикон мебошад. Имрӯз дар фазои кишвар сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ҳукмфармост. Мардум аз Ватани ободу зебои хеш ва Сарвари барӯманду хирадманд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтихорманданд.

Раҳимҷон РАҶАБОВ,
прокурори раёсати муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи
генералии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2020    №: 117    Мутолиа карданд: 237
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед