иҷтимоиёт
ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ. АЗ НАВБАТИ НОН ТО РОҲАТИ ҶОН
- Соли 1993 ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту ман ҳамагӣ 25 сол доштам ва дар қатори дигар ҳамсоязанон бо либоси фарсуда сару рӯямро бо рӯймол печонда дар навбати нон меистодам. Яке мегирист, дигаре кӯдак дар даст зери лаб худ ба худ чизе мегуфту сеюмӣ барои навбаташро касе нагирифтан кӯшиш мекард. Дигарон маъюсу ғамгин ба ҳамдигар менигаристанд.
Ин порае аз хотироти Саидабону Нусратуллоева, сокини ноҳияи Рашт, аст, ки аз даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар хотираш нақш бастааст. Вақте ӯ аз ин солҳо ёдовар шуд, оби чашмаш бе ихтиёр ҷорӣ гардид ва суханонашро давом дод: “Он солҳо, ки мардум пойи лучу сари бараҳна ва бо шиками гурусна аз ҷанг гурезон буданд, ин байти Ашӯр Сафар вирди забонашон буд:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,
Дар кӯчаи мо базму тараб мешуда бошад.
Имрӯзҳо, ки мебинам дар тамоми хонаҳо, бозору мағозаҳо на танҳо нон, балки тамоми маводи озуқавориро ба осонӣ дастрас карда метавонем, шукрона мегӯям, ки саломат ба ин давра расидем”.
- Ҳоло ба дилхоҳ ҷо озоду оромона сафар карда, ободиву шукуфоии Тоҷикистони азизамонро дида, шод мегардем ва шукри сулҳу субот ва озодию оромии кишвар мекунем, - гуфт Саидабону.
Воқеан, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, на танҳо нооромию низоъҳои мусаллаҳона, қатлу куштори бераҳмона, балки хавфи аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлолро низ ба миён оварда буд. Маъюсию ноумедӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фарогир шуд. Бисёриҳо ба ояндаи нек умед надоштанд. Зеро гурӯҳҳои силоҳбадаст дар минтақаҳои даргир ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ даст зада, ҳар чи дар бисоташон буд, бо худ мебурданд. Ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш ба тафаккури мардуми сода ва аз надоштани дониши кофии динии онҳо ба манфиати худ истифода мебурданд.
Арзишмандтарин дастоварди мо дар таърихи давлатдории навин ин аст, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати комилро ба даст оварда дар фазои беғубори он зиндагии нишотбахш дорем. Аммо қисмати талху сангини миллат дар солҳои навадуми асри гузашта ҳанӯз хотираҳои мардумро тарк накардааст. Аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ қариб чоряк аср гузашт. Касе, ки монанди Саидабону Нусратуллоева шоҳиди воқеии он рӯзҳо буд, медонад, ки ҷанги бародаркуш чӣ бадбахтӣ ва хисороту нокомиҳо дошт.
Бигзор он рӯзҳои мудҳишу воқеаҳои даҳшатнок дар хотираи таърих бимонанд ва сулҳу ваҳдати мо ҷовидонӣ бошанд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.06.2020 №: 118 Мутолиа карданд: 321