logo

иҷтимоиёт

ҲАЗЁН Ё ТАЛВОСАИ ҲАСУДУ ХОИНОНИ ВАТАНФУРӮШ

Ҷомеаи ҷаҳони имрӯза  шабеҳи мавҷуди ягонаест, ки ба қавли Шайх Саъдӣ аз дарди узве дигар узвҳо қарор аз даст медиҳанд.  Мушкилоти бемории сироятии COVID - 19 собит сохт, ки дар ин айёми ҳассос тамоми кишварҳо дар мубориза бо он муттаҳид шуда, дасти ҳамдигар мегиранд, худ дар вазъияти душвор бошанд ҳам, ёрӣ ба дигар кишварҳоро воҷиб мешуморанд. Чунки банӣ Одаманд.
Вале боиси таассуф аст, ки фурсатталабони шайтонпешаи ТТЭ ҲНИ дар сомонаҳои таҳти фармони худ ва саҳифаҳои интернетии пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз ба ифроту тафрит, туҳмату буҳтон ва нифоқу дурӯғпароканӣ  дар ҳаққи мардуми шарифи Тоҷикистон ва роҳбарияти он даст заданд, ки беш аз ҳазён ва об дар ҳован кӯфтан нест. Ҳасудону хоинони ватанфурӯш бо ин амал симои манфур ва ботини сиёҳи хешро бори дигар ифшо сохтанд, ки ин ба талвосаи ҷонкании мори саркӯбшуда шабоҳат дорад.
Кирдори ин гуна ашхосро Сайидои Насафӣ чунин қазоват карда:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон кирдорҳои ваҳшиёнаи наҳзатиёну думравонашонро, ки худро “ҳомиёни дини ислом”метарошиданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Дар ин бора нақли Мирзо ном ронандаи таксӣ аз ноҳияи Лахш, ки зимни сафари хидматӣ аввалҳои моҳи марти соли равон бо ҳамкоронамон  ба водии Рашт сурат гирифт, боз он манзараҳои мудҳишро пеши назарамон ҷилвагар сохт. Бино ба гуфтаи ӯ наҳзатиён солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар деҳоти онҳо қоидаву қонунҳои “шариатӣ” - и гӯшношунидро  ҷорӣ сохтанд. Ҷарима барои таъхир ва адо накардани намоз дар масҷид як гӯсфанд буд. Дар ҳолати такрор ва ё надодани ҷарима одамонро бераҳмона мекӯфтанд ва ё ба дохили чалакҳои (бак) калони тунукагӣ партофта, сарпӯшашро мебастанд.  "Ба ману бародарам низ чунин ҷазоро доданд, зеро дар бисотамон на мол ва на чизи арзишманде боқӣ монда буд, ки ба онҳо диҳем. Аз тафси чалак ва бӯи ғализи сӯзишворӣ нафасгир мешудем. Доду фарёд ва гиряву зории  мо ба гӯши ин худобехабарон намедаромад. Баръакс, онҳо аз ин ҳолати мо лаззат бурда, қоҳ – қоҳ механдиданд ва бо сангу арматур чалакро мезаданд. Аз садои баланди марговар гумон доштем ё кар мешавем ё сарамон мекафад. Бародарам тоқат накарда, аз ҳуш рафт. Ҳарчанд аз даруни чалак дод зада, илтиҷо кардам, ки ақаллан ӯро аз ин дӯзахи зинда халос намоянд, хандида онро сахттар мекӯфтанд. Аз шиддати дард аз ҳуш рафтам, намедонам чанд муддат гузашт.  Аранге дида боз кардам, ки касе ба рӯям об мепошад. Базӯр сар бардошта, дар паҳлуям бародарамро дидам, ки болояшро бо куртааш пӯшондаанд. Ҳарчанд садояш кардам ва сару рӯяшро палмосидаму бӯсидам,  дигар чашм во накард", - гуфт мусоҳиби мо ашки дидагон пок сохта.
Чун аз Обигарм гузаштем, Мирзо оҳи сабук кашида,  ба техникаҳои пуриқтидоре, ки ба бунёди роҳи Обигарм – Нуробод машғул буданд, ишора карда гуфт: "Ҳазорон бор ба Худо шукри онро мекунем, ки ба бахти мардуми  тоҷик сарварии мамлакатро  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанду сулҳро пойдор  ва бо ташаббусу иқдомҳои беназирашон кишварро обод ва зиндагии шоистаро ба сокинони ҷумҳурӣ фароҳам карданд".
Оре, раванди ҳассоси таърих дар остонаи ҳазорсолаи сеюм бар дӯши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазифаҳои басо мураккаб ва пурмасъулиятро гузошт. Ин вазифаҳои тақдирсоз, пеш аз ҳама, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардондани фирориён, таъмини ваҳдату ягонагии ҳамаи сокинони Тоҷикистон, нигоҳ доштани якпорчагии мамлакат, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳалли дигар мушкилот буданд, ки ба онҳо муваффақона ноил гардиданд.
Бояд зикр кард, ки аз баракати сулҳу ваҳдати миллӣ  бо ташаббус ва ибтикори меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншооти барои пешрафти мамлакат бағоят муҳим – роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳҳои мошингарди байналмилалии Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қароқурум, Душанбе – Хуҷанд тавассути нақби "Истиқлол", бунёди неругоҳҳои барқи обии “Роғун”, “Сангтӯда”, “Помир” ва даҳҳо объектҳои тақдирсоз оғоз ва аксари онҳо ба анҷом расонда шуданд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо Сарвари муаззами хеш Эмомалӣ Раҳмон ба ҳазорсолаи сеюм бо ҳазорон умеду орзуҳои нек, сулҳу салоҳ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагиву бунёдкорӣ қадам гузоштанд.  Бидуни шакку тардид, агар тоҷикон  дар оғози ҳазорсолаи дуюм – дар замони  ҳукмронии Сомониён давлати мутамарказу муқтадир барпо карда бошанд, имрӯз ҳамагон шоҳиди онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар остонаи ҳазорсолаи  сеюм бо ташаббусҳои беназиру хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати пешрафтаву шукуфо ва рӯ ба тараққӣ гомҳои устувор мебардорад. Ана, ҳамин дастовардҳои рӯзафзун ва касби ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар пайваста дуд аз димоғи наҳзатиҳои фурӯхташуда мебарорад ва ба сафсатагӯӣ водор месозад. Аммо дигар ҳарзаву ҳазёни онҳо ба ҷомеаи рӯ ба тараққиёти тоҷик сари мӯе таъсир надорад ва иттиҳоду ҳамбастагии моро халалдор нахоҳад кард.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2020    №: 120    Мутолиа карданд: 385
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед