logo

иҷтимоиёт

ВАҲДАТ. ОҒОЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Аз соли 1997 инҷониб ҳар сол мардуми сулҳхоҳи тоҷик бо ифтихору сарбаландӣ ва масъулияти муқаддаси ватандорию меҳанпарастӣ 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Ҳанӯз бисту се сол муқаддам дар таърихи давлатдории миллати тоҷик рӯйдоди нодире ба вуқӯъ пайваст, ки баъдан барои мардуми кишварамон аз омилҳои муҳиму тақдирсоз гардид. Яъне, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо талошҳои фарзандони баору номуси кишвар, бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар роҳи ба даст овардани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва арзишманд аст. Вақте ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони халқ Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд,  он  замон  дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад. Дар чунин як шароити бисёр мураккабу ҳассос Сарвари тозаинтихоби кишвар аз минбари ин иҷлосия бо дилпурӣ ва ҷасорати ба худ хос изҳор дошта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва ба ин қавли хеш устувор монда, туфайли заҳматҳои шабонарӯзии ин фарзанди сарсупурдаи миллат сулҳу субот дар кишвар барқарор ва пойдор гардонда шуд.
Имрӯз бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории хеш ва сулҳу субот гуфта метавонем, ки ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад.
Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушду устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии мардуми мо торафт таҳкиму густариш меёбад. Ваҳдату якдилӣ дар байни аҳли ҷомеа ва фарзандони худогоҳу ватандӯсти мамлакат торафт мустаҳкаму устувор гардида истодааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таъкид намуданд, ки ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва дар ин асос фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиро барои сокинони мамлакат аз вазифаҳои аввалиндараҷа бояд донист.
Ин таъкидҳои Сарвари давлат ҳар яки моро водор месозад, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят бузургу беназир ҳифз намоем, онро дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ  гиромӣ дорем.
Соли равон дар ноҳияи Темурмалик ба ифтихори ин санаи таърихӣ, яъне 23 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ ба анҷом расонда шуданд. Айни замон корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ идома доранд. Махсусан, корҳои сохтмону навсозӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Тӯли солҳои охир дар ноҳия аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ як қатор биноҳои маъмурӣ, иншооти таъйиноти маишӣ, тандурустию варзишӣ, истироҳатию фароғатӣ, ҳамчунин, як зумра корхонаҳои хурду миёна сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
 

Фотеҳ АМИНЗОДА, раиси ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2020    №: 120    Мутолиа карданд: 166
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед