иҷтимоиёт
АФЗАЛИЯТ БА ИСТЕҲСОЛГАРОНИ ВАТАНӢ
Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои рушди хоҷагии халқи мамлакат ва пешгирии пайомадҳои беморӣ иқдоми муфид ва саривақтӣ мебошад.
Афзалият додан ба истеҳсолгарони ватанӣ ва шароити мусоид фароҳам овардан баҳри татбиқи муқаррароти ин санади муҳим яке аз ҳадафҳои асосии кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки дар шароити буҳрони молиявию иқтисодӣ ва номуътадилии макроиқтисодӣ дар кишварҳо, низоми хариди давлатӣ дар сиёсати зиддибуҳронии давлатҳо баҳри ҷоннок намудани истеҳсолоти рақобатпазири ватанӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ яке аз унсурҳои калидӣ аст.
Ҳоло зимни анҷом додани расмиёти хариди давлатӣ дар асоси дархости муассисаҳои харидор “Маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон” шарти асосӣ дониста мешавад. Ба ин васила дастгирии давлатии истеҳсолгарони ватанӣ таъмин гардида, корхонаю коргоҳҳо бо ба даст овардани даромад аз фармоишҳои давлатӣ метавонанд дар ин давра сатҳи зарурии истеҳсолотро нигоҳ доранд ва уҳдадориҳоро дар назди кормандон, таҳвилгарони дигари дохилӣ ва буҷет иҷро намоянд.
Таъмини иқтисодиёт бо воситаҳои пулӣ ва пешгирии коҳишёбии даромади субъектҳои хоҷагидор дар давраи паст гардидани сатҳи гардиши мол ба вазифае, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанд, равона гардидани маблағҳои давлатӣ ба иқтисодиёти кишвар дар маҷмӯъ, ба нигоҳдории суботи иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.
Айни замон ташкилотҳо маҳсулоти гуногуни ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоту масолеҳи кишоварзӣ, дӯзандагӣ, саноатӣ, сохтмонӣ, мебел, мехаранд. Ҳамчунин, ба иҷрои корҳои сохтмонию таъмирӣ танҳо корхонаҳои ватанӣ ҷалб карда мешаванд.
Зайнулло ШАРИФЗОДА, директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.07.2020 №: 120 Мутолиа карданд: 165