logo

иҷтимоиёт

ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. ВАҲДАТ ВА РУШДИ ОЯНДАСОЗ

Баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва бо заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Созишномаи мазкур аз як тараф ҷамъбасти гуфтушунидҳои зиёд ва аз тарафи дигар оғози марҳилаи боз ҳам душвортар буд. Махсусан, ҳалли масъалаи манзили гурезагони ба Ватан баргашта, ки хонаҳояшон сӯхта ва ё ғайриқонунӣ ғасб шуда буданд, хеле душвор буд.

Маҳз ба шарофати ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва пойдор гаштани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ҳокимияти фалаҷшудаи судӣ барқарор ва таҳким ёфта, мавқеъ ва мақоми суд муайян гардид.
Бо ташаббуси Пешвои миллат ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти судяҳо якчанд маротиба воҳидҳои кории дастгоҳи суд ва судяҳои судҳо ба миқдори 252 воҳиди корӣ, аз ҷумла 116 судя ва 136 корманди судҳо зиёд карда шуд, ки он боиси аз байн бурдани сарбории зиёди кори суд ва беҳтар шудани сифати таҳияи санадҳои судӣ гашт.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳбуди вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин, мукаммал намудани қонунҳо чор маротиба барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти судӣ яке аз масъалаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, соли 2008 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон институти нави коромӯз - судя такшил карда шуд, ки минбаъд судяҳо пас аз гузаштани омӯзиши назариявӣ - таҷрибавии яксола интихоб ва ҷобаҷогузорӣ мешаванд. Дар ин замина соли 2017 комиссияи ягонаи имтиҳонӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз - судяҳо таъсис дода шуд.
Илова бар ин, музди меҳнати судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бамаротиб баланд бардошта шуда, қонунҳои соҳавӣ низ мукаммал гардиданд. Аз ҷумла, дар ин давра қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 ва «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли 2014 дар тарҳи нав қабул гардиданд. Биноҳои маъмурии якчанд судҳои ҷумҳурӣ аз нав сохта шуда, дигар биноҳои маъмурӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар ин муддат, ҳамчунин, 50 судя ва кормандони дастгоҳи судҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳоварии тоҷикон дар ҷаҳон ҳамчун модели беҳтарини ба даст овардани сулҳ эътироф гардидааст. Мо бояд дарк ва ифтихор дошта бошем, ки дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ дорем ва соҳибватанем. Соҳибдавлат будан барои ҳар шаҳрванд бахти бузург аст.

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, раиси суди ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2020    №: 120    Мутолиа карданд: 185
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед