logo

иҷтимоиёт

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ. ҲАДАФ АЗ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН ТАЪМИНИ УҲДАДОРИҲОИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ АСТ

Бо назардошти таъсири пандемияи бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми даромади буҷет, ҳамзамон, зиёд гардидани эҳтиёҷоти иловагӣ, бознигарӣ шудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020, инчунин, тавсияҳои созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишвар бо шарикони рушд то охири соли ҷорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»  дар Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, зимни баррасии он иброз дошт, ки суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) ҷумҳурӣ таҳти таъсири равандҳои мухталиф дар сатҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва пайомадҳои пандемияи бемории сироятии COVID-19 дар моҳҳои январ – майи соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 дарсад коҳиш ёфт ва дар робита ба ин вазъ нақшаи даромадҳои Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои воридот дар сатҳи 84,8 дарсади нақша ё 15,2 дарсад кам таъмин шуд.
Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Бонки ҷаҳонӣ барои соли 2020 аз 5,5 фоизи қаблӣ то 1,0 фоиз, Бонки осиёии рушд аз 6,5 то 5,5 фоиз ва Хазинаи байналмилалии асъор 2 фоиз паст баҳодиҳӣ намудаанд.
Вобаста ба вазъияти баамаломада нишондиҳандаҳои асосии макро-иқтисодии кишвар барои соли 2020 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо бознигарӣ шуд, ки тибқи он коҳиш ёфтани ҳаҷми номиналии ММД - и кишвар нисбат ба дурнамои тасдиқшудаи соли 2020, яъне аз 87,3 то 83,5 миллиард сомонӣ ва пастравии суръати рушди воқеии он аз 7,8 то 4,7 дарсад пешгӯӣ мегардад.
Мутобиқи лоиҳа нақшаи даромадҳои андозию ғайриандозӣ дар ҳаҷми 2,8 фоизи ММД, нақшаи азхудкунии маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ баробар ба як фоизи ММД ва воридоти маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 81 миллион сомонӣ кам карда мешавад.
Ҳамзамон, ҷиҳати маблағгузории эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ  вобаста ба чорабиниҳо оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 нақшаи хароҷоти Буҷети давлатӣ аз ҳисоби аз нав тақсимкунии хароҷот ба истилоҳ консалидатсия ба маблағи 1,9 миллиард сомонӣ, пардохти кумакпулиҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар ҳаҷми 0,5 фоизи ММД ва аз ҳисоби аз нав тақсимкунии маблағҳо ҳаҷми хароҷоти маблағҳои мутамаркази буҷетӣ ба андозаи то 0,7 дарсади ММД  зиёд карда мешавад.
Тағйиру иловаҳои пешбинишуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» имкон медиҳанд, ки маблағҳои давлатӣ барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва, дар маҷмӯъ, барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ равона карда шаванд.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2020    №: 121    Мутолиа карданд: 182
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед