logo

иҷтимоиёт

ТАТБИҚИ ФАРМОН. ПАЙОМАДҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ COVID -19 БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  ки 5 июни соли 2020 қабул гардид, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» - ро баррасӣ ва тасвиб намуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, зимни ташреҳи  лоиҳаи қонуни мазкур иброз дошт, ки он бо мақсади  бартараф намудани пайомадҳои таъсири манфии бемории сироятии COVID -19 аз тарафи Вазорати молия таҳия гардид. Тибқи лоиҳа аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 барои иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои саломатӣ – варзишӣ, осоишгоҳҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ, аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ карда шуда, ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ карда мешавад. Аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателҳои мӯд ва хидматрасониҳои дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд.  Аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои шахсони воқеӣ вобаста ба пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътил пешбинӣ карда мешавад. Аз 1 июн то 1 сентябри соли 2020 воридоти мавод барои воситаҳои безараргардонӣ, доруворӣ, либоси муҳофизатӣ, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии COVID-19 зарурӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Зимнан, аз 1 июл то 31 декабри соли 2020 фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ ё табобат аз бемории сироятии COVID-19 қарордошта аз пардохти андоз аз фоида, арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда мешаванд. Аз 1 июл то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозони шахсони воқеӣ 50 дарсад кам карда мешавад. 
Вазири молия зикр кард, ки бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ҳамкориҳои судманд бо тамоми созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт тавофуқоти зарурӣ ба даст омадааст. Аз ҷумла, дар доираи чунин ҳамкориҳо аз Хазинаи байналмилалии асъор тавассути механизми қарздиҳии оҷилӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 189, 5 миллион доллари ИМА қарзи бефоиз ба муҳлати 10 сол ҷалб карда шуд. Чунин ҳамкориҳо, айни ҳол бо Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди Авруосиёии рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ идома дорад. Маблағҳои ҷалбшаванда барои бартараф намудани пайомадҳои иҷтимоию иқтисодии бемории сироятии COVID-19 масраф мешаванд.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2020    №: 121    Мутолиа карданд: 191
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед