logo

иҷтимоиёт

COVID-19. ТАДБИРҲОИ НАВИ ПЕШГИРӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАНД

Бар асари пандемияи COVID - 19 - вабои асри XXI, суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ коҳиш ёфт ва ин вазъ ба соҳаҳои иҷтимоӣ таъсири амиқи манфӣ расонд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пешгирии пайомадҳои беморӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, хусусан ёрӣ ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, тадбирҳои фаврӣ ва муассир меандешанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории COVID - 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки аз ҷумла барои сокинони мамлакат, хусусан оилаҳои камбизоат, бесаробон ва афроди ниёзманд, кумаки яквақта расонад. Чанде пеш Ҳукумати кишвар бо бастани шарнома бо Бонки ҷаҳонӣ иқдоми нав - татбиқи Барномаи грантии фавқулодаи муқовимат бо пандемияи COVID – 19-ро  рӯи даст гирифт. Мувофиқи ин барнома, ба оилаҳои камбизоати мамлакат, ки кӯдакони то 3 - сола доранд, кумакпулии иҷтимоии якдафъаина дода мешавад. Мақоми ваколатдори давлатии татбиқи барнома Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолист. Бинобар муроҷиати шаҳрвандон, хабарнигори рӯзнома С. Азизӣ суҳбате орост бо Абдулҳаким Холзода, директори агентӣ, ҷиҳати шарҳи нуктаҳои асосии барнома.
- Ҳаҷми кумакпулии иҷтимоии якдафъаина чӣ миқдор аст ва он ба кӣ дода мешавад?
- Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3-сола, ки дар давраи паҳншавии бемории коронавируси COVID - 19 аз нуқтаи назари амнияти иҷтимоӣ ва озуқаворӣ нисбатан осебпазиранд, аз ҳисоби маблағҳои манбаъҳои иловагии сармоягузории давлатӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар доираи амалисозии  Лоиҳаи грантии фавқулоддаи муқовимат ба бемории COVID - 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ва пардохт карда мешавад. Ҳаҷми кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба ҳар як оилаи камбизоати дорои кӯдакони то синни 3-сола (аз якрӯза то 36-моҳа) 500 (панҷсад) сомонӣ аст.
Кронавируси COVID - 19 тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла ҷумҳурии моро фаро гирифт. Бар асари он вазъи иқтисодии кишварҳо, низоми содироту воридоти молу маҳсулот, бахусус молҳои ниёзи аввалиндараҷаи мардум ва озуқаворӣ, коста ва қобилияти харидории қишри ниёзманди аҳолӣ маҳдуд гардид.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки норасоии ғизо, пеш аз ҳама, ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони хурдсол доранд ва рушди ҷисмонию равонии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар  ин, кумакпулии иҷтимоии якдафъаина барои оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то 3-сола таъйин шудааст.  
- Ҳамаи оилаҳое, ки кӯдакони то 3-сола доранд, кумакпулӣ мегиранд?
- Мутаассифона, на ҳама оилаҳо ин кумакпулиро гирифта метавонанд. Кумакпулии иҷтимоии якдафъаинаро оилаҳои камбизоати дорои кудакони то 3-сола, ки дар махзани ягонаи системаи иттилоотии Агентии давлатии ҳифзи иҷимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гирандаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудаанд, мегиранд.
Оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то 3 - солаи  шаҳру ноҳияҳое, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди онҳо механизми мазкур аз 1 июли соли равон ҷорӣ карда мешавад, баъди ба онҳо таъйин гардидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба рӯйхати гирандагони кумакпулии яквақтаинаи иҷтимоӣ дохил карда мешаванд. Пардохти кумакпулии мазкур ба чунин оилаҳо дар моҳи минбаъдаи ба қувваи амал даромадани қарори мазкур анҷом дода мешавад.
- Агар кӯдак шаҳодатномаи таваллуд надошта бошад, пас, волидонаш бояд чӣ кор кунанд?
- Новобаста аз он, ки оила кӯдак ё кӯдакони то 3-сола дорад, агар дар системаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қайд гирифта нашуда бошад, ба кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ҳуқуқ пайдо намекунад.
Агар дар натиҷаи баҳогузории вазъи зиндагӣ оила ҳамчун оилаи камбизоати ба кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ниёзманд сабт шавад, пас барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии яквақтаина сардори оиларо зарур аст, ки ба таври таъҷилӣ кӯдакро (ё кӯдаконашонро) тибқи қоидаҳои амалкунанда дар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта, шаҳодатномаи таваллуди фарзандашро (фарзандонашро) ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр ё ноҳия пешниҳод намояд.
Мутахассиси коргузор оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр ё ноҳия тағйироти заруриро ба махзани маълумот дохил менамояд ва пардохти кумакпулӣ моҳи дигар анҷом дода мешавад.
Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то 3 - сола танҳо як маротиба дар давраи паҳншавии бемории COVID - 19 таъйин ва пардохт карда мешавад.
- Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба кӣ расонда мешавад ва тартиби гирифтани он чӣ гуна аст?
- Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба он оилаҳое таъйин ва пардохт карда мешавад, ки вазъи зиндагиашон душвор аст ва имконияти мустақилона аз ин ҳол баромаданро надоранд. Барои гирифтани кумакпулӣ сардори оила ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳия муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро ба ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи (қитъаи) истифодабарии манзилию коммуналӣ ё кумитаи маҳали ҷойи истиқоматаш месупорад:
- ариза дар бораи таъйин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ;
- маълумот дар бораи даромад ва молу амволи аъзои оила;
- маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи шахси муроҷиаткунанда;
- нусхаи шиносномаҳои шаҳрвандии аъзои калонсоли оила, шаҳодатнома   дар бораи таваллуди кӯдак (кӯдакон), инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба маъюбӣ (агар чунин шахсон дар ҳайати оила бошанд).
Нусхаҳои ҳуҷҷатҳои номбурда аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ё идораи (қитъаи) истифодабарии манзилию коммуналӣ ё кумитаи маҳали ҷойи зисти доимӣ ройгон дода мешаванд.
- Мақоми татбиқкунанда кадом вазорат ё идора маҳсуб меёбад?
- Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми татбиқкунандаи механизми таъйин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии якдафъаина маҳсуб ёфта, ҳамзамон, фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар раванди татбиқи механизми мазкур, ҳамоҳанг месозад ва маъмурикунонии махзани системаи иттилоотонии гирандагони кумакпулиҳои иҷтимоиро барои пардохт, гузарондани мониторинги рафти татбиқи он дар шаҳру ноҳияҳо назорат мекунад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2020    №: 123    Мутолиа карданд: 399
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед