logo

Хабарҳо

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

Sputnik. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бо назардошти он дархости ҳамкории муштарак бо олимони рус намуд.
Ниҳод, аз ҷумла доруи "Афивавир" - ро зикр кардааст, ки муассирии он дар табобати гирифторони вируси нав  собит гардидааст.
"Афивавир", аллакай дар дармонгоҳҳои бемориҳои сироятӣ васеъ истифода бурда мешавад ва муқаррар шуд, ки беморони миёнаҳол пас аз истеъмоли ин дору бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз шифо ёфтанд.
Дар Россия алъон се навъи ваксинаи коронавирус муфидияти худро нишон дода тавонист. Мутахассисони рус самаранокӣ ва бехатарии онҳоро таҳқиқ мекунанд.

МАЙКЛ РАЙАН АВҶИ ДУЮМИ МАВҶИ ЯКУМИ КОРОНАВИРУСРО ЭЪЛОМ ДОШТ
АИР Новости. Директори барномаи СУТ оид ба вазъияти фавқулода Майкл Райан ҳолати феълии пандемияро, ки дар иддаи кишварҳо мушоҳида мешавад, авҷи такрории беморӣ номид.
Ба фикри ӯ, ин мавҷи дуюм нест. Тавре Райан таъкид дошт, эҳтимоли он, ки ногузир мавҷи дуюм мешавад, вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи намояндаи СУТ, вақтҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодани сирояти COVID-19 авҷи дуюми мавҷи якум дар он кишварҳое мебошад, ки он ҷо хуруҷ ба дараҷаи зарурӣ пахш карда нашуд. Ӯ кишварҳоро даъват намуд, ки аз пиндори ғалаба бар коронавирус даст кашида, тадбирҳои пешгирии паҳншавии эпидемияро давом диҳанд.


ҚАСРИ САФЕД АЗ ТРАМП, КИ КОРОНАВИРУСРО БЕЗАРАР ХОНД,
ҶОНИБДОРӢ НАМУД
АИР Новости. Қас-ри сафед аз суханони Президент Доналд Трамп, ки дар 99 дарсади ҳодисот COVID-19 «мутлақо безарар аст», ҳимоят кард.
"Ин амалан изҳороте дар пояи илмӣ буд ва нишон медод, ки сатҳи фавт дар кишвари мо ниҳоят паст аст", - гуфт ба хабарнигорон сухангӯи Трамп Кейли Макинани.
Аз ҷадвали нишондодаи ӯ бармеомад, ки фавт дар ИМА аз коронавирус назар ба Франсия, Британияи Кабир ва Италия камтар мебошад. Лекин худи ҳамон ҷадвал ба суханҳои Трамп хилоф аст: дар он нишон дода мешавад, ки фавт дар Иёлоти Муттаҳида аз миқдори умумии сирояти ошкоршуда каме камтар аз 5 дарсадро ташкил медиҳад.


ДАР ӮЗБЕКИСТОН  60 ДАРСАДИ БЕМОРИИ SARS-COV-2 БЕ АЛОМАТ АСТ
«Газета.uz». «Ҳиссаи маризони коронавирус, ки аломаташ зуҳур намекунад, дар ҷумҳурӣ қариб 60 дарсад мебошад», - гуфт саринфексияшиноси Вазорати тандурустии Ӯзбекистон Эркин Мӯсобоев.
"Дар аввал беморони вазнин зиёд буданд. Баъд тақрибан ду моҳ беаломатҳо бисёр шудан гирифтанд», - иброз дошт Мӯсобоев. Ӯ зарурати ҳарчи тезтар дар кишвар ба роҳ мондани низоми табобати амбулатории дардмандони беаломатро таъкид намуд, зеро беморхонаҳо на ҳама гирифторони афзударо ҷой дода метавонанд.
То 7 июл дар мамлакат 9199 ҳодисаи сирояти вируси нав ба қайд гирифта шуд, 6161 нафар шифо ёфту 27 бемор фавтид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 202
12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед