logo

ҳуқуқ

ДОЛЛАР. ВАҚТЕ МУОМИЛА ҒАЙРИҚОНУНӢ АСТ...

Чанде пеш суди ноҳияи Сино шаҳрвандон Дилшод Қосимов ва Фарҳод Саидовро дар муомилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомро ба маблағи 74066 сомонӣ ҷарима кард.

Рафти тафтишот муайян кард, ки Дилшод Қосимов, роҳбари ҶДММ «Тоҷикояндасоз» (ширкати мазкур ба хизматрасонии барасмиятдарории ҳамагуна ҳуҷҷатҳои барои гирифтани раводиди давлатҳои хориҷӣ алоқаманд машғул мебошад), дар асоси маслиҳати пешакӣ бо менеҷер-муҳосиби ҷамъияти мазкур Фарҳод Саидов хилофи талаботи қонунгузории кишвар амал намуда, 30 январи соли 2020 ба номи Олимҷон Яқубов ва Сафаралӣ Каримов шартномаҳои алоҳида ба маблағи 2000 долларии ИMA барои гирифтани раводиди «Шенген», ки сафар ба давлатҳои Аврупо, бахусус Ҷумҳурии Литваро, имконпазир менамояд, ба имзо расондааст. Аз шахси мусоидаткунандаи милитсия, ки ба сифати мизоҷи шартӣ баромад мекард, маблағи 3300 долларро бо қурби 9,7 сомонӣ барои 1 доллар баробар ба 32 010 сомонӣ ва 6950 сомонӣ, ки бояд, дар маҷмӯъ 4000 долларро ташкил медодааст, қабул карда, бо ин ҳаракатҳои худ амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро анҷом додааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Сино Дилшод Қосимов ва Фарҳод Саидов бо моддаи 286 қисми 3 банди «б»-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, дар асоси он ҷарима ба андозаи як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 74 066  сомонӣ барои ҳар кадоме ба фоидаи давлат таъйин гардид.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” харидуфурӯши асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи бонкҳои ваколатдор, ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар ва нуқтаҳои мубодила, ҳамчунин, ба воситаи биржаҳои асъор, ки ба тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.

А. ҲАМДАМЗОДА, судяи суди ноҳияи Сино,
С. АЛИМОВА,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2020    №: 127    Мутолиа карданд: 621
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед