logo

Хабарҳо

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

Тибқи иттилои Ҷабори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ, сокинони диёри пурганҷ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои   миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо хушнудӣ истиқбол  гирифтанд ва аллакай  як қатор амалҳои ободкорӣ ва созандагӣ рӯи кор омаданд.
Аз ҷумла,  дар ҳамин рӯзҳо дар деҳаи Баравни Ҷамоати деҳоти Ҷовидон боз як  иншооти обрасонӣ бунёд гардид. Дар расми  ифтитоҳи  хати обгузар, ки  орзуи чандинсолаи   сокинони ин деҳаи баландкӯҳи даромадгоҳи водии Ванҷи Боло  буд, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов  иштирок ва суханронӣ  карда, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки   дар  панҷ моҳи соли  равон ин чорумин иншооти обрасонӣ мебошад, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат дар ҳамдастӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони хориҷии рушд  дар ноҳияи  Ванҷ мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода шуд. Хеле муҳим ва арзишманд мебошад, ки мардуми ин минтақаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешрафтаи вилоят   дар татбиқи барномаҳои  беҳтар сохтани инфрасохтори деҳот саҳми  хуб мегузоранд.
Роҳбари  барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии  манотиқи кӯҳистони  хазинаи Оғохон  дар ноҳияи Ванҷ Саидбек Қосимов хотиррасон  кард, ки  мардуми деҳаи Баравн  дар саргаҳи обҳои равон  ба сар мебаранд, вале аз норасоии оби нӯшокӣ  танқисӣ мекашиданд. Хушбахтона,  дар доираи  сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - юмин солгарди соҳибистиқлолии кишвар мушкилоти рӯзгори деҳнишинон  ҳал гардид. Бо ёрии Ҳукумати кишвар, шарикони хориҷии рушд ва саҳми  аҳолии деҳа аз масофаи 14 километр, аз домони дараву пуштаҳои душворгузар  ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба деҳа об омад. Қариб 60 хонавода ба оби мусаффои дарёчаи  мавзеи Чихох дастрасӣ пайдо намуд. Сокинони деҳаҳои Баравн ва Ҷовидон бо оби полизӣ таъмин гашта, зиёда аз 60 гектар замин ва 22 гектар боғ  обёрӣ шуданд.  
Ба гуфтаи Ёдгор Мухторов, раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Таваккал Маҳмадшоев, дар  ҳудуди  Ҷамоати деҳоти Ҷовидон барои  васеъ намудани киштзорон ва бунёди боғҳо захираҳои  ҳанӯз ҳам истифоданашуда зиёданд. Аз ҳамин хотир, тасмим  гирифта шудааст, ки   то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин музофоти кӯҳистон боз қариб 45 гектар заминҳои бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид созанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1634
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед