logo

Хабарҳо

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

Чанде пеш дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд онлайн - рӯнамоии китобҳои «Овози Самарқанд»: дирӯз ва имрӯз», «30 гуфтор аз 30 тор» ва «30 номаи рӯзнома» баргузор гардид. Муаррифӣ тавассути барномаи интернетии ZOOM амалӣ гашт.

Ин китобҳо ба ифтихори 30 - солагии ҷаридаи тоҷикии «Овози Самарқанд» интишор ёфтаанд. Дар сафҳаҳои онҳо назару андеша ва мақолаву шеърҳои ба ин муносибат иншокардаи адибону рӯзноманигорони тоҷик низ ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, ашъори шоирон ва назари журналистони тоҷик зебу орои китобҳоянд.
Баҳодур Раҳмонов, сармуҳаррири рӯзнома, дар муаррифӣ изҳор дошт, ки бо хуб шудани муносибатҳо байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ду соли охир як силсила матолибу ашъори қаламкашони тоҷикро нашр кардем. Ҳоло озмуни «Беҳтарин мақола» барои гиромидошти адиби ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ идома дорад ва ба иштироки фаъолонаи тоҷикони ҷаҳон дар он умедворем.
Дар онлайн - рӯнамоии китобҳо хоҳишмандон аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ширкат варзида, дар баробари пешниҳоди ғояҳои созанда, ҳамчунин, шодмонии худро аз будани чунин ҷарида баён карданд.
Ёдовар мешавем, ки «Овози Самарқанд» аз соли 1989 пурра ба забони тоҷикӣ интишор ёфта, яке аз минбарҳои асосии тарғибу ташвиқи забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба шумор меравад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1753
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед