logo

Хабарҳо

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

Бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID - 19 ва андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии он дар ҳамаи манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳри Турсунзода, тадбирҳо роҳандозӣ ва амалӣ шуда истодаанд. Бо ин мақсад, дар тамоми корхонаву ташкилоти шаҳр ситоди фаврии доимоамалкунанда таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Тибқи маълумоти ситоди шаҳрӣ, бо мақсади роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳр беш аз 10 гурӯҳи кории таблиғотӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолони ҲХДТ, аҳли зиё, эҷодкорон ва табибону омӯзгорон таъсис дода шуд. Ҳамзамон, 5 мошини таблиғотӣ бо баландгӯякҳо муҷаҳҳаз гардида, барои маълумотнокии мардум аз вазъи баамаломада, расондани муроҷиатномаи раиси шаҳр ва тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб оид ба пешгирӣ аз бемории мазкур ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Ҷиҳати расондани кумак аз ҳисоби кормандони шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар тамоми марказу бунгоҳҳои саломатӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст. Саҳми васоити ахбори оммаи маҳаллӣ низ дар ин самт назаррас буда, дар телевизиони маҳаллии ТВ «Регар» гузориш ва барномаҳои мустақим бо иштироки мутахассисони соҳаи тандурустӣ, маркази санитарию эпидемиологии шаҳр, видеороликҳои таблиғотӣ ва гузоришҳои радиоӣ ба аҳолӣ расонда мешавад. Дар ҳафтаномаҳои маҳаллии «Диёри Турсунзода» ва «Ҳидоят» низ мунтазам мақолаҳо нашр шуда истодааст.
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо, кӯчаҳои асосии шаҳр ва деҳаҳои дурдаст аз ҷониби волонтёрон ва гурӯҳҳои корӣ барои пешгирии пандемияи COVID-19 аксияҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, беш аз 90 ҳазор варақаҳои таблиғотию иттилоотӣ, 15000 ниқоби муҳофизатӣ ба аҳолӣ, тақсим карда шуд. Вазъи эпидемиологии шаҳр дар умум муътадил арзёбӣ гардида, барои бистарӣ намудани гирифторони беморони илтиҳоби шуш ва табобати онҳо тамоми имконияту шароит фароҳам мебошад.
Бинобар сабаби наздисарҳадӣ будани шаҳри Турсунзода, дар гузаргоҳи сарҳадӣ ва терминали «Дӯстӣ» аз ҳисоби кормандони соҳаи тандурустӣ шахсони масъул вобаста гардида, масъалаи ба карантин фаро гирифтани ронандагони воридшаванда ва безарар гардондани воситаҳои нақлиёт зери назорати доимӣ қарор дорад. Барои шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридгардида ва табибоне, ки баъд аз табобат ба карантин фаро гирифта мешаванд, истироҳатгоҳи бачагонаи «Ширкент» бо беш аз 400 кат ва шароити хуб ҳамчун нуқтаи карантинӣ фаъолият дорад. Аз нуқтаи карантинӣ бинобар сабаби ба қайд нагирифтани нишонаҳои сироятёбӣ ва пурра гузаштани марҳилаи карантин дар ин давра 479 шаҳрванд ҷавоб дода шуд.
Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии пандемияи COVID-19 ва барои харидорӣ намудани доруворӣ, либоси махсуси тиббӣ, маҳлули антисептикӣ, хокаи гипохлорид, сӯзишворӣ, хӯрока ва безараргардонии сироятӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба соҳаи тандурустии шаҳр 620 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар муддати кӯтоҳ ошёнаи якуми шуъбаи бемориҳои сироятӣ аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти тиббӣ, кат, рахти хоб ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардид. Барои дастгирии 226 нафар корманди соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби шахсони саховатпеша ва соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 110300 сомонӣ кумакҳои яквақтаина, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва макарон расонда шуд. Инчунин, се нафар соҳибкори маҳаллӣ барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ 3 воситаи нақлиётро харида, ба маркази ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим намуданд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 254
12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед