logo

Хабарҳо

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

Картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосии кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод буда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун гардидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот нақши муҳим дорад. Дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, алалхусус картошка дар ноҳияи Тоҷикобод иҷро гардид. Бори аввал картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 2005 гектар кишт шуд, ки нисбат ба соли гузашта 84,5 фоиз зиёд аст.
Имрӯзҳо дар хоҷагии деҳқонии  «Нӯшор» ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, рафти ҳосилғундорӣ нишон медиҳад, ки заҳмати кишоварзон натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст.
Юсуфҷон Худойдодов, аз деҳаи Шарқиён, анъанаи дерини деҳқонони ноҳияро, ки маъмулан даҳаи дуюми моҳи август ба ҷамъоварии картошка оғоз менамоянд, шикаст. Ӯ 7 июл картошкаи хоҷагии деҳқониашро, ки 0,40 гектарро ташкил медод, ҷамъ овард.
Раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хоҷагӣ ташриф оварда, ба Юсуфҷон барори кор хостанд.
- 15 март картошка кишт намудам, - гуфт ӯ. - Тухмии навъи маҳаллиро аз деҳаи Ширинчашма харид карда будам, онро мардум  «сафедак» меноманд. Ҳосил пухт. Чун харидор аз шаҳри Душанбе пайдо шуд, бе ҳеҷ дудилагӣ ба ҷамъоварӣ сар кардам, чуноне  мебинед, зарар надидам,  12 тонна картошка бо нархи ҳар килояш 2 сомониву 85 дирам аз сари замин ба фурӯш рафт.
Шуғли асосии Юсуфҷон Худойдодов деҳқонист. Бо номи «Нӯшор» дар майдони 2 гектар хоҷагии деҳқонӣ дорад. Дар як гектари он боғ бунёд намудааст. Дарахтон имсол ҳосили хуб бастаанд. Зардолуҳояш хеле барвақт пухтанд, ки чанд бор меваи онро ба бозор баровард. Бо мақсади истифодаи босамари замин байни қаторҳо  гандум коштааст, ки ду ҳафта баъд ба дарав шурӯъ хоҳад кард. Майдони боқимондаро сабзию юнучқа ташкил медиҳанд.
Хоҷагидор ният дорад дар замини холишуда ҷуворимакка кошта, исбот намояд, ки аз замини Тоҷикобод низ метавон ду ҳосил гирифт.
Кишоварзони Тоҷикобод  бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида қитъаҳои заминҳои кишоварзиро барои парвариш ва истеҳсоли картошка васеъ карда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, саҳми муносиби худро мегузоранд.

Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1067
12.05.2021


МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВАН И

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДА

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ҲАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АШТ. ЗАРАРИ СЕЛ БАРТАРАФ МЕШАВАД

ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР КӮЛОБ

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

11.05.2021


ХАТЛОН. 29 ИШТИРОКДОРИ ҶБВ ЁРИПУЛӢ ГИРИФТ

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ. ҒАМХОРӢ БА ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ЛАХШ. ДАСТУРИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ ДАР АМАЛ

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед