logo

Хабарҳо

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳоти Шӯрообод ва Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз  нашъунамои зироатҳо дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони кишти  деҳоти Шӯрообод 2518 гектарро ташкил медиҳад ва дар он, асосан, гандум, ҷав, зироатҳои лӯбиёӣ, картошка, анвои гуногуни мева ва хӯроки чорво парвариш меёбанд.
Дар деҳоти Доғистон бошад, то имрӯз дар 1295 гектар гандум, 70 гектар ҷав, 55 гектар лӯбиёиҳо, 20 гектар картошка кишт шуда, дар 28 гектар боғҳои нав бунёд гаштааст. Ҳамзамон, дар 129 гектар кишти зироат бо суръат ҷараён дошта, дар боғҳо коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо идома дорад.
Зимни боздиди Қоҳир Расулзода аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сайдалӣ», масъулон маълумот доданд, ки тибқи созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзӣ ва хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Данғара дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи 452 ҳазору 417 сомонӣ дар майдони 50 гектар боғи нав бунёд гардид.
Ҳамчунин, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб омада, бо рафти корҳои кишоварзии кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии Зиракӣ, ки роҳбараш Абдуҷаббор Зардиев мебошад, шинос шуд.
Тибқи маълумоти роҳбари кооператив, айни ҳол дар заминҳо ҳосил фаровон аст. Зимни кишти такрорӣ дар масоҳати 10 гектар  шолӣ, 2 гектар лӯбиё, 2 гектар гулкарам ва 1 гектар  бодиринг парвариш меёбад. Дар баробари ин, дар масоҳати 2 гектар боғи ангур бунёд ёфта, хоҷагидорон ният доранд, ки онро ба 3 гектар  расонанд.
Кишоварзон, аллакай, пиёзи барвақтиро ғундошта, ба фурӯш баровардаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 166
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед