logo

Хабарҳо

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

АИР Новости. Барои нафароне, ки аз дигар кишварҳо ба Россия меоянд, дигар карантини дуҳафтаина ҳатмӣ нест, - хабар медиҳад «Роспотребнадзор».
Ҳангоми вуруд ба мамлакат маълумотнома дар бораи набудани сирояти коронавирусро пешниҳод намудан зарур аст. Ташхис бояд на бармаҳалтар аз се рӯзи вуруд ба қаламрави ФР гирифта шуда бошад. Тести сироятро баъди ба Россия омадан, дар тӯли се рӯз кардан мумкин аст.


ДАР НЮ-ЙОРК БОРИ АВВАЛ ДАР МУДДАТИ ТӮЛОНӢ ЯГОН КАС АЗ SARS – COV - 2 НАФАВТИД
ТАСС. Ин хабари хушро шаҳрдор Билл де Блазио расонда, афзуд, ки ҳоло аз ғалабаи комил бар коронавирус гуфтан хеле барвақт аст.
Ҳафтаҳои аввали пандемия вазъият дар Ню-Йорк нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар ниҳоят бад буд. Кор ба дараҷае расид, ки фурсати кашондану гӯрондани мурдаҳоро намеёфтанд. Шабонарӯзи гузашта бори якум бе хабари шум гузашт, ки нишонаи яқини ба эътидол омадани вазъият аст.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс дар ИМА беш аз се миллион ҳодисаи сироят сабт шуда, аз ин беморӣ зиёда аз 134 ҳазор одам даргузашт.


ХФА ДАР ВИЛОЯТИ РОСТОВ ГУРӮҲИ ПАЙРАВОНИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ» - РО ДАСТГИР НАМУД
АИР Новости. Кормандони Хадамоти федералии амнияти Россия дар ин вилоят гурӯҳи шашнафараро ошкору безарар гардонд.
Бино ба маълумоти ниҳод, шаҳрвандони Россия ва як кишвари Осиёи Марказӣ ба он шомил буданд ва дар ҳамин минтақа сукунат доштанд. «Онҳо ба ҳуҷум ба кормандони полис омодагӣ гирифта, нақша доштанд, ки дар муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ амалиёти террористӣ содир созанд», — омадааст дар хабар.
Сардори гурӯҳ ҳангоми боздошт ҷониби қудратиён оташфишонӣ намуда, бомбаи дастисохтро тарконд ва аз зарбаи он мурд.


ИМА БА ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНА ОМОДАГӢ МЕГИРАД
CNBC. Истеҳсоли ваксинаи коронавирус дар кишвар то охири тобистон шурӯъ мешавад,- гуфтанд дар департаменти давлатии ИМА. 
"Истеҳсоли он эҳтимол баъди 4-6 ҳафта оғоз ёбад", - гуфт намояндаи маъмурият. Ғайр аз ин, тавре ӯ таъкид намуд, ИМА то ибтидои соли 2021 нияти истеҳсоли миллионҳо воя доранд, ки ин миқдор ба аҳолии мамлакат мерасад.
Ваксинаи барои истифода тасдиқшуда алҳол набошад ҳам, дар ИМА барои истеҳсолаш иқтидорро омода месозанд. Зеро имкон дорад, то анҷомёбии озмоиши клиникӣ истеҳсоли ваксина шурӯъ гардад, то ки дар сурати тасдиқшавияш вақт зоеъ наравад.


БАРОИ ЧӢ СТИВЕН СИГАЛ ВА НАБЕРАИ ДИСНЕЙ АНДОЗИ БЕШТАР СУПУРДАН МЕХОҲАНД?
Free News. Актёри амрикоӣ Стивен Сигал ва боз 80 миллиондори дигар бо мактуб аз Ҳукумат хоҳиш намуданд, ки ба хотири барқарорсозии иқтисод дар шароити коронавирус андози онҳоро баландтар бардорад. Миёни имзогузоштаҳои нома на танҳо Сигал, ҳамчунин, набераи Уолт Дисней Эбигейл, сенариянависи британӣ ва дигарон ҳастанд.
«Дар тафриқа аз миллионҳо одамони ҷаҳон мо тарси бекор мондан, аз хона маҳрум шудан, ё мушкили таъмин кардани аҳли хонавода надорем. Мо дар лаби вартаи ин фоҷиа наистодаем ва имкони қурбони пандемия шуданамон камтар аст. Аз ин рӯ, хоҳишмандем, моро андозбандӣ кунед. Ин ягона интихоби дуруст аст, зеро инсоният аз пул авлотар мебошад», - гуфта мешавад дар нома.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 153
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед