logo

Хабарҳо

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

Дар доираи иҷрои  қарори раиси шаҳри Душанбе аз 4 феврали соли ҷорӣ «Дар бораи ташкили гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт» ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии ҷавонону наврасон, пеш аз ҳама, пешгирӣ аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳр аз ҷониби мақомоти милитсияи пойтахт як қатор чораҳои зарурӣ, роҳандозӣ гардиданд.
Ҳарчанд мақомоти дахлдор барои ҷилавгирӣ аз ҳолати авбошӣ дар байн наврасону ҷавонон чораҳо андешанд, ҳамоно ин масъала нигаронкунанда боқӣ мемонад. Чунончи, тибқи иттилои маркази матбуоти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, давоми як рӯзи баргузории амалиёти шартӣ бо номи «Тартибот» 25 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш ошкор шудааст. Тавре гуфта мешавад, дур мондани баъзе ҷавонон аз таҳсил, тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳангу маданияти бегона ва худнамоию ҳавобаландӣ боиси коста гардидани одобу ахлоқи онҳо гардидааст. Маҳз ҳамин гуна муносибат кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанберо водор кард, ки дар байни ҷавонону наврасон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои зиддиқонунӣ ва, ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои профилактикӣ ва рейду санҷиш гузаронанд.
Дар ҷараёни амалиёти мазкур 16 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо, 2 ҳолат дар ошхона, 7 муноқиша ва хушунати оилавӣ, ки боиси халалдор шудани тартиботи ҷамъиятӣ гардидаанд, муайян шуданд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур 9 нафар бо қарори суд ҷарима шуда, 8 ҳолати дигар дар баррасӣ қарор дорад. Ҳамзамон, нисбат ба  7 нафар тибқи муқаррароти моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шуда,  нисбат ба онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯз татбиқ гардида, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб шуданд.

Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 188
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед