logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарону масъулони идораю корхонаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2020 ва муайян кадани вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар давоми нимсолаи якуми соли 2020 муовини якуми раиси ноҳия Умар Маҳмадёров   гузориш дод.
Дастоварду камбудиҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳамаҷониба таҳлил гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуданд.
Вусъат додани корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи замин,васеъ кардани майдони кишти картошка ва ғалладонагиҳо, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, таъсиси  корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани ҷавонон, инчунин, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии хуруҷи эҳтимолии мавҷи дуюми бемории сироятии COVID - 19, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расондани корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, пешниҳоди маълумоти дурусти оморӣ, дар соли хониши 2020 зиёд намудани шумораи гирандагони стипендияи президентӣ, ба таври шаффоф гузарондани озмунҳо ҷиҳати дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва беҳтаринҳо барои сазовор гардидан ба стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавзӯъҳое буданд, ки аз ҷониби ширкатдорони ҷаласа ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.
Дар охири ҷаласа раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода ба масъулини тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия доир ба вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, иҷрои босифати нақшаҳои нимсолаи дуюм, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои тандурустии ноҳия ба ҳолатҳои фавқулода, ҷалби бештари сармояи мустақими дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр ва тақвият башидани корҳо дастурҳои мушаххас дод.

Маратҷон ҶАББОРОВ, ноҳияи Деваштич
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1115
12.05.2021


МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВАН И

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДА

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ҲАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АШТ. ЗАРАРИ СЕЛ БАРТАРАФ МЕШАВАД

ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР КӮЛОБ

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

11.05.2021


ХАТЛОН. 29 ИШТИРОКДОРИ ҶБВ ЁРИПУЛӢ ГИРИФТ

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ. ҒАМХОРӢ БА ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ЛАХШ. ДАСТУРИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ ДАР АМАЛ

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед