logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. АЗ МАСЪУЛИЯТ ТО КАМОЛОТ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳияву пешниҳод ва 2 августи соли 2011 қабул гардид.

Вобаста ба муҳокимаи лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ду вохӯрии Сарвари давлат (14 декабри соли 2010 ва 8 апрели соли 2011) баргузор гардида, барои такмил додани он фикру андешаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, тамоми ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, инчунин, муассисаҳои таълимӣ, ҳар як оила ва худи ҷавонон тавассути мақомоти дахлдор ба инобат гирифта шуд.
Қонуни мазкур аз дигар қонунҳои кишвар куллан тафовут дошта, мақсади асосии он пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзандон ва пойдории оила мебошад. Қабули чунин як санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ мебошад, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1993 ба “Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак”, ки 20 ноябри соли 1989 ба тасвиб расидааст, ҳамроҳ шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ пазируфта шудааст, ҳуқуқҳои асосии кӯдак ва уҳдадориҳои падару модар, давлат дар бобати дуруст ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон зикр гардидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин меъёрҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба ҳифзи манфиатҳои кӯдакон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон равона шудааст. Дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”.
Қобили зикр аст, ки муқаррароти Конститутсия оид ба уҳдадориҳои фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модарон хусусияти хоси анъанаҳои миллии халқи тоҷик ба шумор меравад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии тоҷикон асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табиии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад. Тавассути қонуни мазкур ва дигар қонунҳои амалкунанда давлат ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобастаро вазифадор мекунад, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд.

Шоҳин ВАЛИЗОДА,
мутахассис – коргузори шуъбаи  корҳои умумӣ ва хизмати давлатии  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2020    №: 135    Мутолиа карданд: 397
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед