logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚИ КӮДАК. ТОҶИКИСТОН БА ҲИФЗИ ОН КАФОЛАТИ ҚОНУНӢ МЕДИҲАД

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва тарбияву камолоти дурусти онҳо тадбирҳои судманди давлатӣ ва чораҳои қонунӣ андешида шудаанд. Дар баробари дигар қонунҳо, барномаву консепсияҳои дар ин самт қабулшуда, инчунин, барои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимоя аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардидаанд.
Ин  дар  ҳолест,  ки  бо  мақсади  таъмини  эҳтиром,  риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудааст. Ниҳоди мазкур ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, амалӣ гардондани муқаррароти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат мекунад.
Ҳуқуқ  ба таҳсил тавассути кафолат додани таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъмин мешавад. Давлат ба ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир  менамояд.  Ҷиҳати  бо  ҳаёти  пурарзиш,  сатҳи  шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.
Қонунгузории амалкунанда кафолатҳои иловагиро вобаста ба меҳнати кӯдакон (манъи истифодаи он дар корҳои вазнин, муоинаи ҳатмии тиббӣ, давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ, муайян намудани реҷаи махсуси меҳнат ва истироҳат) муқаррар намудааст. Қонун шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдаконро, ки ба саломатӣ, рушди ҷисмонӣ ва маънавӣ ва таҳсили кӯдак таъсир мерасонанд, манъ мекунад. Ҳамчунин, кӯдаконро ба корҳои вазнин ҷалб намудан мумкин нест, ки вобаста ба ин “Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, “Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашонидан иҷозат дода мешавад” ва дигар санадҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
Табиист, ки ин гуна кафолатҳо дар таъмини бехатарӣ, солимии насли наврас ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон мусоидат намуда, онҳоро ҳарчи бештар ба таҳсилу омӯзиш фаро мегиранд.

Наргис ҲАЙДАРОВА,омӯзгори МТМУ № 92, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2020    №: 136    Мутолиа карданд: 416
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед