logo

сиёсат

ВАҲДАТ САРВАТИ МИЛЛИСТ

«Ман  ба  шумо  сулҳ  меорам!» – гуфтани Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дертар, баъди дарки маънӣ, ҳаҷми ҳадафи ниҳоияш тобишу оҳанги дигари таърихӣ пайдо кард, то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳад. Аз нигоҳи огоҳиву шинохти имрӯза бигӯям, он рӯзҳо таърихи аз хоку хун эҳё гардидани миллати тоҷик дар пеши назарамон рух додаву мо амиқ пай намебурдем, ба фардои пурсамари он нидои таърихии Сарвари ҷавони давлат эътимод намебастем. Чунки ба худ бовар надоштем.
Муҳит ҳамин гуна басо душвору нобасомон, пурихтилоф буд, одамон рӯҳану ҷисман паҳну парешон, ҳар яке побанду ғуломи ақидаву мавқеи ғаразолуди хеш. Кӯшидам, он лаҳзаҳоро то ҳадде ба таври бадеӣ дар пйесаи худ «Назаркарда» – ба шарафи талошҳои сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасвир намоям.
Баъдан, тамоми фикру зикр, ҷаҳду ҷадал, амалисозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, зарра-зарра барқарорсозии иқтисодиёти фурӯрафта, эҳёи мардуми рӯҳану ҷисман бар асари ҷанги бемаънии бародаркуш абгору афтода, қадам ба қадам, ҳарф ба ҳарф ба роҳ мондани фаъолияти бениҳоят мураккаб ва пурпечутоби музокироти сулҳҷӯёнаи байни тоҷикон комилан марбут ба ҳамон нидои таърихии дар Иҷлосияи тақдирсоз садодода буд.
Камина, ки дар он айём ба сифати муовини директор дар телевизиони Тоҷикистон фаъолият мекардам, лаҳзаҳои баъди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Москва бозгашти фотеҳонаи Президент, бо шодиву нишот ба истиқболи Сарвари давлат баромадани издиҳоми мардум, мулоқоти рӯбарӯву озод бо одамони дар дилашон умеддавида дар саҳни Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, суханрониҳои самимӣ ва хушнудиҳои беохирро ёд дорам. Он ҷо бори аввал шеъри «Сулҳи деринтизор»-и устод Лоиқ садо дод ва шоир изҳор намуд, ки рӯзе мерасад, халқ ба ин абармарди таърихи худ муҷассама мегузорад. Дар пйесаи болозикр ман онро муҷассамаи Ҷасорат, Ғурур, Шукӯҳ, Матонат ва Сулҳ номидам.
Рӯзи дигар, 28 июн дар саҳн ва студияҳои телевизион ба ифтихори он рӯзи таърихӣ сабқати сулҳу ваҳдат ба вуқӯъ пайваст. Ман, ки яке аз муаллифони асосии сенарияи баргузории он будам, ба чашми сар гурӯҳи зиёди одамонро дидам, ки ба телевизион меомаданд. Сабқат аз соати шаши субҳ то бисту чор идома ёфту садҳо нафар ҳарф заданд, даҳҳо суруди дилангез дар васфи Тоҷикистон, Ватан, сулҳу ваҳдат рӯи мавҷ баромаданд.
Ман ҳамон рӯзҳо рӯшан эҳсос намуда будам, ки баъди ба сулҳу ваҳдат даст ёфтан дар шуури мардум як табаддулоти куллии маънавӣ ба вуҷуд омад, зеро дар он соати муборак Президент ба халқ ва халқ ба Президент пайвастанд…
Ниҳоди кохи ваҳдат баски бар хуни шаҳидон аст,
Нигаҳ дор аз шабохунҳои ваҳшат ваҳдати моро.
Ва се моҳ пас, октябри ҳамон сол, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гумон мекунам, бори нахуст сарбаландонаю шарафмандона аз минбари баланди Иҷлосияи 52-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба аҳли ҷаҳон иттилоъ доданд: «… Се сол муқаддам аз ин минбари баланд таъкид карда будам, ки роҳбарияти Тоҷикистон роҳи қатъии муколамаи сиёсиро ҳамчун роҳи ягонаи таъмини сулҳу созгории миллӣ интихоб намуд.
Инак, боэътимод кафолат медиҳам: барои халқи Тоҷикистон, ки самараи талхи ҷанги бародаркушро чашидааст, мақсади дар оинномаи СММ эълонгардида – «Наслҳои оянда аз даҳшатҳои ҷанг наҷот дода шаванд!»  маънии махсус касб менамояд».
Иборатан аз ҳамон рӯзҳо зиндагӣ дар сарзамини тоҷикон ба маҷрои табиии хеш ворид гашт, рӯҳи одамон, нигоҳ ва ақидаи онҳо ҳусну маънии дигар пайдо кард. Ҷомеаи ҷаҳон низ Тоҷикистонро як ҷузъи комилҳуқуқу ҷудонопазири худ эътироф намуд.
Боқӣ ҳама комёбиҳои бешумори соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, шаҳрсозӣ, маориф, фарҳанг, обрӯю эътибори кишвар дар арсаи олам ва амсоли инҳо, ки таи сӣ соли замони истиқлолият ба  даст омаданд ва умедворам, ки босуръат идома меёбанд, вобаста ва ҳосили ҳамон сулҳ ва санъати сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Абдуғаффор АБДУҶАББОРОВ,
нависанда, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон,
раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Қазоқистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2020    №: 137    Мутолиа карданд: 468
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед