logo

иҷтимоиёт

КИШОВАРЗӢ. НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИБРАТОМӮЗ ДОРАД

Мувофиқи маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 91,6 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ҳолати нақшаи шашмоҳаи соли 2020 маблағи 5  миллиону 934 ҳазору 745 сомонӣ будан, дар асл  5 миллиону 433 ҳазору 405  сомонӣ ба буҷети ноҳия ворид шуд. Маблағи вориднашуда 201,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
-  Дар ноҳия иҷрои  нақшаи шашмоҳаи андози иҷтимоии буҷетӣ 85 фоизро ташкил дода,  аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи 607019  сомонӣ ворид нагардид. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 16 миллиону 133 ҳазору 308 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо шудааст, ки ба 93 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
Иҷрои қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар ин давра 90 фоизро ташкил дода, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ба маблағи  2 миллиону 715 ҳазору 382 сомонӣ маблағгузорӣ шуданд. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 84 фоиз, маориф 91, нигоҳдории тандурустӣ 93, суғуртаи иҷтимоӣ  ва ҳифзи иҷтимоӣ 70, хоҷагии манзилию коммуналӣ 96, фарҳанг ва варзиш 76  ва хоҷагии қишлоқ 91.
Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2020 аз тарафи бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба маблағи 8 миллиону 111 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки ин нисбат ба як соли пеш  6 маротиб зиёд аст, - иброз дошт Почохон Зарифзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.

СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Дар шаш моҳи соли 2020 аз тарафи нозироти андози ноҳия 179 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 56 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 27419 сомонӣ ба буҷет ворид   шудааст.      
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016 - 2020 - ум 138 лоиҳаро ба маблағи 159 миллиону 229 ҳазор сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1 июл 27 лоиҳа ба маблағи  умумии 69 миллиону 275 сомонӣ (43,5 фоиз)  иҷро гардид.
Аз маблағҳои азхудшуда 30 миллиону  717 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ,  475 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, 12 миллиону 818 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва  25 миллиону 265 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ мебошад.

САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА
Тӯли ин муддат дар ноҳия ба маблағи 4 миллиону 683,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта  3,9 миллион сомонӣ ё ин ки 46 фоиз кам мебошад.
Дар ин давра аз 10 корхонаи саноатӣ 6 корхона фаъолият дошта, 4 корхона бинобар  сабаби норасоии маблағ  аз кор монд. 
Ба истеъмолкунандагон ба миқдори 16 миллиону 759,2 ҳазор кВт/соат неруи барқ интиқол гардида, талафот 2 миллиону 249 ҳазор кВт/соатро ташкил дод. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 60 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ  55,1 фоизро ташкил дод.

КИШОВАРЗӢ 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ 41 миллиону 55,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.  То 1 июл дар майдони 12923 гектар ғалладонагиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка ва сабзавот кишт шудааст. Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 130 гектар кишти картошка гузаронда шудааст, ки нисбат ба нақша 50 гектар зиёд мебошад. 
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 29 ҳазору 473 сар, моли майда ба 75 ҳазору 908 сар, саршумори паранда ба 44260 сар расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 саршумори чорвои калон 261 сар, моли майда 807  сар ва паранда  750 сар зиёд аст. 
Вобаста ба  масъалаи ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ ва беҳбудии вазъи экологӣ ба миқдори 35000 дона гули лола, 2500 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 250 бех ниҳоли тут, 10000 дона гули садбарг шинонда шудааст. 

МАОРИФ ВА ИЛМ
Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, дар  муассисаҳои таълимӣ 10 ҳазору 882 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд, ба онҳо 1161 омӯзгор таълим медиҳад.
Дар даври вилоятии озмунҳои фаннӣ хонандагон соҳиби 3 медали тилло, 10 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гашта, дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои фаннӣ ба гирифтани 1 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Дар самти таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ пайваста чораҳо андешида шуда, аз тарафи шуъбаи маориф бо корхонаҳои дӯзандагии Агентии таъминоти махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои  4441 ҷуфт ва сехи дӯзандагии атласу адрасбофии ноҳия  барои 1000 ҷуфт либоси мактабӣ шартнома баста шудааст.
Дар шаш моҳи соли равон дар ноҳия сохтмони  2 муассисаи таълимӣ барои 1420 ҷои нишаст дар ду баст идома ёфта, инчунин, дар назди муассисаи таълимии № 11 сохтмони бинои дуошёнаи таълимӣ иборат аз 8 синфхона барои 180 ҷои нишаст дар як баст аз тарафи фонди Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, ки маблағгузораш давлати Олмон мебошад, ба маблағи 1825572 сомонӣ  ба истифода дода шуд.
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори раиси ноҳия нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо таъмиру бунёди 192 иншоот бояд иҷро гардад, ба ҳолати 1 июл 61 иншоот мавриди  истифодабарӣ қарор гирифт.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2020    №: 137    Мутолиа карданд: 356
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед