logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

25 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қарор доштанд. Ҳадафи ин сафар, шиносоӣ аз рафти корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки замин, ташкили боғҳои интенсивии ба содирот нигарондашуда, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ мебошад.
Зимни сафари корӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои “Сомонҷон”, “Фатҳиддин” ва “Барно” шинос шуданд. Боздиди кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии «Сомонҷон» оғоз ёфт.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2018 ва 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии “Сомонҷон” 200 гектар боғи интенсивӣ бунёд ёфта буд. Ҳамон вақт Президенти мамлакат ба роҳбарияти кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” супориш дода буданд, ки то ба ҳосил даромадани боғҳо дар байни қатори дарахтон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла полизӣ, помидор, бодиринг, каду, пиёз, картошка ва қаланфури булғорӣ, кишт намоянд.
Ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин хоҷагӣ назорати рафти иҷрои супоришҳо мебошад.
Зимни боздид аз кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагон аз заминҳои полизӣ, ки ҳосили фаровон парвариш ёфтааст, тарбузу харбуза ҷамъ оварданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки аз ҳосили ҷамъовардашуда ба ду муассисаи пойтахт – мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятиму бесаробон ва мактаб - интернати рақами 2 барои кӯдакони ятим ду мошини пурбор бо 20 тонна полизӣ кумаки моддӣ расонанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба захираи маводи ғизоӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ супориш ва ба мардуми кишвар барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, руёндани ду – се ҳосил ва ба таври кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ дар хонаҳояшон дастуру ҳидоятҳо медиҳанд.
Дар хоҷагии бисёрсоҳаи “Сомонҷон” имсол дар майдони 170 гектар полизӣ парвариш меёбад, ки аз ин 130 гектар дар байни боғҳо кишт гардида, ҳосили фаровон дорад.
Дар хоҷагӣ масъалаи истифодаи замин намунавӣ буда, ба ғайр аз тарбузу харбуза дар байни қатори боғҳо 60 гектар маккадон ва 10 гектар бо обёрии қатрагӣ пиёз кишт шудааст.
Нақшаи кишти такрории хоҷагӣ низ хуб буда, коргарон дар заминҳои аз зироати ғалладона холишуда маккадон, мош, помидор, тарбуз, бодиринг, каду, картошка, карам ва дар 150 гектар сабзӣ парвариш мекунанд.
Тавре мушоҳида гардид, ҳосили дилхоҳ зироат ва полизӣ дар хоҷагии «Сомонҷон» фаровон мебошад. Деҳқонони хоҷагӣ маҳсулоти худро аз сари замин ба тоҷирон мефурӯшанд. Тарбузу харбуза ва сабзавоту меваҷоти хоҷагӣ ба бозорҳои ноҳияи Данғара, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва пойтахт ба фурӯш бароварда мешаванд.
Дар хоҷагии “Сомонҷон” Сарвари давлат бо фарзандону наберагон аз заминҳои серҳосили тарбуз, харбуза ва маккаи дон дидан карданд.
Дар хоҷагӣ таҷрибаи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва, аз ҳама асос, ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар бахши боғдорӣ, зироаткорӣ ва полизӣ хуб истифода мегардад. Натиҷаи ҳамин аст, ки парвариши дилхоҳ маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили фаровон медиҳад.
Дар ин ҷо, ҳамчунин, ба масъалаи азхудкунии заминҳои талу теппаи беҳосилу солҳо бекорхобида аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин ҳосили заминҳои обёришуда ва ба гардиши кишоварзӣ даровардашуда шинос шуда, ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.
Ин тарзи ташкили кор аз бисёр ҷиҳат метавонад намунаи ибрати дигар истифодабарандагони замин гардад, зеро дар хоҷагӣ ягон порча замин бекор нест. Аз ҳар як қитъа ду – се ҳосил гирифта мешавад.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, аз боғи хоҷагии деҳқонии “Барно” дидан карданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои дарахтони боғи интенсивӣ шинос шуданд. Дар ин ҷо дар масоҳати 11 гектар замини солҳо бекорхобида ба тариқи обрасонӣ боғ бунёд гаштааст, ки 60 нафар бо кори доимӣ таъмин буда, дар мавсим беш аз 200 нафар барои ҷамъоварии ҳосил ба кор ҷалб мегардад.
Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии “Барно” байни қатори боғро самаранок истифода бурда, полизӣ, картошка, помидору бодиринг ва зироатҳои лӯбиёӣ киштаанд.
Ҳолати токзори боғ низ хуб буда, дар 4 гектар 460 бех ангур парвариш меёбад. Дар масоҳати 11 гектар боғи хоҷагӣ, ки аз соли 2014 шинондани дарахтон оғоз гардид, то имрӯз олу 1706, себи шоҳӣ 276, себи интенсивӣ 260, зардолу 400, шафтолу 420, гелос 146, олучаи бобоӣ 200, ангур 460 ва хуч 1000 бех сабзидаанд.
Аз ҳосили бадастоварда, имсол 36 тонна олуи хушсифат ба Федератсияи Россия ва 20 тонна олу барои коркард ба корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Муъминобод фиристода шуд. Дар худи хоҷагӣ қариб 20 тонна зардолу хушк кардаанд.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зулоли деҳоти ба номи Исмат Шариф аз заминҳои полизии хоҷагии деҳқонии “Фатҳиддин” боздид намуданд.
Деҳқонони хоҷагӣ дар майдони 12 гектар тарбузу харбуза парвариш менамоянд, ки ҳосилаш фаровон аст. Дар ин ҷо, тариқи кишти зери плёнка, навъҳои серҳосил ва хуштаъми тарбузу харбуза, байни қаторҳо бошад, анвои гуногуни сабзавот парвариш мешаванд.
Тибқи маълумоти роҳбарияти Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф, дар ҳудуди деҳот 7130 гектар замин мавҷуд буда, аз он 2510 гектарашро замини обӣ ташкил медиҳад. Дар 220 гектар боғ бунёд ёфтааст.
Кишти полизӣ дар деҳот 130 гектар (120 гектар замини обӣ ва 10 гектар замини лалмӣ)-ро дар бар мегирад.
Мувофиқи нақша, бояд дар  1170 гектар кишти такрорӣ гузаронда шавад. Алҳол бошад, 800 гектар кишт шудааст ва дар ин самт ҳанӯз корҳо идома доранд. Ҳамзамон,  дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидорон тасмим гирифтаанд, ки парвариши картошкаро ба роҳ монанд.
Данғара яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатию аграрии вилояти Хатлон ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти раёсати кишоварзии ноҳия, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 июли соли равон 389 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион сомонӣ беш мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, кишоварзони ноҳия дар майдони 40 ҳазору 697 гектар кишти зироатҳо гузарондаанд, аз ҷумла дар 30 ҳазор гектар ғалладонагӣ, 690 гектар картошка, 1389 гектар сабзавот, 4587 гектар пахта ва ғайра.
Ҳамаи ҷаҳду талоши сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Данғара ба он равона гардидааст, ки бо истеҳсоли фаровони маводи ниёзи аввал дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2020    №: 139    Мутолиа карданд: 1542
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед