logo

иҷтимоиёт

«ХОКИ ВАТАН» ВА ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Барномаи «Хоки Ватан» дар замоне ташкил гардид, ки Тоҷикистонро дар заминаи ҷанги шаҳрвандӣ мушкилоти ҷиддии сиёсию иҷтимоӣ фаро гирифта буд. Сокинон бар гӯшаҳои нисбатан ороми мамлакат, хоки давлати ҳамсояи Афғонистон ва дигар кишварҳо гуреза шуда буданд. Зарурати сарҷамъ намудани мардум ва ба ҳаёти осоишта баргардондани одамон Роҳбари давлатро ором намегузошт.
Бо пахши аввалин барномаи «Хоки Ватан», 29 марти соли 1993, таъсири он ба гурезагону мардуми ба ҳар тараф парешоншуда ҳис гардид. Нашри аввали барнома нишон дод, ки метавонад барои сарҷамъии миллат мусоидат карда, дар татбиқи аҳдофи Ҳукумати навтаъсис мусоидат кунад.
Пешвои миллат тавассути ин барнома ба гурезагон муроҷиат намуда, иброз доштанд: «Ман ба шумо хуми тилло ваъда намекунам, ҳар он чизе, ки мо дар мамлакат дорем, якҷоя онро бо ҳам мебинем. Вале то вақте ки шумо ба Ватан барнагардед, хонаву ҷои шумо ба каси дигаре насиб намекунад. Баргардед!». Ин муроҷиат мавқеи барномаро устувор ва пойдории онро таъмин намуд.
 «Хоки Ватан» чун дар симои Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон пайдо кард, бадхоҳони миллат роҳи дигари мубориза бо онро пеш гирифтанд. Профессор Иброҳим Усмонов ёдовар мешавад: «Яке аз душманони раванди сулҳ дар Тоҷикистон дар он замон Салим Аюбзод соли 1994 дар як рӯзнома мақолае нашр карда, мегӯяд, ки «Хоки Ватан» мардумро аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргардонидан мехоҳад, вале дар Тоҷикистон оромӣ нест. Халқро фиреб дода истодаанд. Дар ин кор ӯ, пеш аз ҳама, маро гунаҳгор медонад. Ман дар ҳамон вақт дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷавоб чоп кардам ва гуфтам, ки воқеан, «Хоки Ватан» мардумро ба Тоҷикистон аз оворагиву сарсонӣ гардонда овардан мехоҳад. Мардумро аз бечорагиву бепаноҳӣ наҷот додан мехоҳад. Вале мардумро куштан намехоҳад, мардум дар сарсониву саргардонӣ аз зиндагӣ маҳрум мешаванд. Мардум дар Ватани худ ободу озод мешаванд. Дар Тоҷикистон заминаи оромона зиндагӣ кардан ҳанӯз пурра нест, вале ин заминаро Ҳукумати Тоҷикистон якҷоя бо халқи бозгашта фароҳам меоваранд».
Ҳамин тавр, «Хоки Ватан» бо пахши даъвату хитобаҳои масъулони ниҳодҳои давлатӣ, мактубҳо ва пахши садои гурезагон ва ё нафароне, ки наздиконашон ба кишварҳои бегона гуреза шуда буданд ва шеъру сурудҳои мазмуни баланди ватандӯстиву якдилидошта барои баргардонидани гурезагони ҷанги шаҳрвандии мамлакат ба Ватан мусоидат мекунад.
Журналисти собиқадору соҳибҳунар ва яке аз муаллифони фаъоли барномаи «Хоки Ватан» Сурайёи Шуҷоат дуруст қайд мекунад: "Ин барномаро як дипломатияи мардумӣ ҳам гуфтан мумкин аст. Чунки мардуме, ки дар Тоҷикистон буданд ва пайвандони онҳо, ки дар Афғонистон қарор доштанд, дар он рӯзҳои душвори сиёсӣ бо ҳамдигар маҳз тариқи ҳамин барнома пайғом мефиристоданд, гуфтушунид мекарданд ва бовар мекунонданд, ки дар ҳақиқат, дар Тоҷикистон оромӣ  барқарор шудааст, онҳо бояд баргарданд. Сокинон дар кишварҳое, ки имкони шунидани "Радиои Тоҷикистон" ва барномаи «Хоки Ватан»-ро надоштанд, сабти нашрҳои ин барномаро дар фитаҳо ба наздиконашон ба Россия ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мефиристоданд ва бо ин роҳ пайвандонашонро бовар мекунонданд, ки дар ҳақиқат, дар Ватан оромӣ аст".
Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки барномаи «Хоки Ватан» бо даъватҳои созандаи худ дар ваҳдати миллии тоҷикон саҳми арзишманд гузоштааст. Профессор И. Усмонов нақши ин барномаро дар сулҳи тоҷикон муҳим арзёбӣ карда, иброз медорад, ки он ҳамчун як воситаи гарм кардани меҳри Ватан дар дили муҳоҷирон, омили аслии ба Ватан баргаштани онҳо шуда, ба ин васила заминаи сулҳ дар Тоҷикистонро ба вуҷуд овардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар хусуси саҳми созгори барнома ва муаллифону мураттибони он дар раванди сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, нақши онро дар таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон бузург арзёбӣ кардаанд.

Бахтиёри ЗОИР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2020    №: 139    Мутолиа карданд: 118
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед