logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

9 сентябри соли 1991 дар таърихи халқи тоҷик гардиши куллӣ ва тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум бо қарори худ 9 сентябрро Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон кард ва ин сана дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи миллӣ бо хати заррин сабт гардид, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард.
Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ҳамон сол мустақилияти Тоҷикистонро як қатор давлатҳои ҷаҳон расман эътироф карданд, ки дар ин миён Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз аввалинҳо буданд. Ҳамин тавр давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба арсаи вуҷуд аввалин гомҳои худро гузошт. Мутаассифона, аз ин санаи таърихӣ чанде нагузашта дар кишвар бесарусомониҳо сар заданд. Оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт ва масъалаи буду набуди давлати тоҷикон дар тарозуи таърих меистод.
Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд. Ҳарчанд баъди ҳазор сол таърих барои тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати мустақил дошта бошад, дар он рӯзҳо аз тарафи бадхоҳон боз нақшаҳои тақсими ин давлат ба миён омада буд. Чунин тарҳҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, доир ба иҷрои он қадам низ гузошта буданд.
Соли 1992 пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе ҳамчун хонаи умеди тоҷикистониён моҳияти сиёсӣ ва марказии худро қариб аз даст дода, маҳали кашмакашиҳои номатлуб ва майдондориҳои ба ном «Озодӣ» - ву «Шаҳидон», арсаи мубориза, рақобат, зӯроварӣ ва фишору таҳдид гардида буд. Вазъи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию мадании кишвар ноустувор гашта, дар мамлакат ба ҷойи таҳкиму такмили пояҳои давлатдорӣ ихтилофу низоъ шиддат мегирифт. Ба ҷойи корҳои ободонию созандагӣ мансабталошӣ, гурӯҳбозӣ, маҳалгароӣ ва дигар ҷараёнҳои номатлуб қувват гирифтанд. Ин кашмакашиҳо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ табдил ёфтанд, беш аз 150 ҳазор нафар қурбон ва наздик ба як миллион нафар гуреза шуд. Ҳамин тавр хатари воқеии парокандашавии Тоҷикистон пеш омад. Вақте ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мешуд, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро ба зимма гирифтан намехостанд.
Хушбахтона, ба шарофати иродаи қавӣ ва ҷиддии Сарвари тозаинтихоби давлат ин хатар дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ бартараф гардид, низоми мукаммал ва муосири давлатдорӣ барқарор гашт, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосӣ аз нав эҳё, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз, ягонагии Тоҷикистон таъмин шуд ва ин яке аз дастовардҳоест, ки номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон абадан сабт намуд.
Бо қадамҳои устувор ва андешаҳои дурбинонаи барномаи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш давра ба давра хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё гаштанд.
Соҳибистиқлолӣ ва самти сиёсати хориҷии мо дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ ва таърихиро бозиданд. Моҳи марти соли 2017 татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне масоили об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Яъне ибтикори кишвари мо дар давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра амалӣ мешавад.
Дар партави Истиқлолияти давлатӣ мо ба таври огоҳона сиёсати «дарҳои кушода» - ро интихоб намудем, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мутамаддини демократӣ ва дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст шарики боэътимод мешиносанд, зеро ки таҳсанги фарҳанги куҳанбунёди миллии мо - тоҷикон, аз дӯстию бародарӣ, таҳаммулпазирию меҳмоннавозӣ сарчашма мегирад.
Дар солҳои баъдӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ барои солҳои 2016 – 2020 ҷиҳати аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани нақши саноат дар таъмини тараққиёти мамлакат заминаҳои заруриро фароҳам овард. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат тайи бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 81% то 28% коҳиш ёфт, аз рӯи дурнамои барномаи ҳукуматӣ то соли 2030 сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар ба 15%  расонда мешавад. Ҳоло ба шарофати хизматҳои содиқона, дастуру ҳидоятҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст.
Албатта, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибис-тиқлол зери роҳбарии Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело зиёданд ва яке аз комёбиҳои муҳим устуворсозии давлатдории тоҷикон ва ба арсаи ҷаҳон баровардани обрӯю нуфузи давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик буд. Маҳз ҳамин дастовард аҳамияти бисёр муҳим дорад, зеро ин масъалаи муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихии муосири мост, вагарна бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва кулли ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои ҳастии худро аз даст медод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба истиқболи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии худ қадам мегузорад. Дар ин муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ Тоҷикистон роҳи басе мураккаб ва вазъи ҳассосеро сипарӣ намуда, аз оташи чандин буҳронҳои амиқи сиёсию иқтисодӣ гузашта, ҳамчун як кишвари орому босубот ва ободу шукуфон дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо Пешвои миллати худ, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисту ҳашт соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст дошта, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат таъмини амнияту пойдории истиқлолият, сулҳу субот ва инкишофи давлату миллат буда, роҳ ба сӯи ҷомеаи мутамаддин аст.

Дилшод ДАВЛАТЗОДА,
мутахассиси пешбари бахши ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ,
унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2019    №: 171    Мутолиа карданд: 828
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед