logo

иҷтимоиёт

ТИРГОН – ҶАШНИ ОБУ НОН

Соли 2019 Пешвои миллат дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» ишорат бар он намуданд, ки ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), дар марҳалаи таърихи навин нигоҳи тоза мехоҳад».

Ниёгони мо дар замонҳои бостон ҷашнҳои зиёд доштанд. Маънои вожаи «ҷашн» (авестоӣ - ясна) парастишу ситоишу шодмонӣ ва ид аст. Ниёгони мо аз замонҳои бостон тамоми корҳо ва рӯзҳои неки зиндагиро якҷо, дастаҷамъона бо шодиву сурур, яъне бо ҷашн анҷом медоданд. Ҷашн ин наздикии гурӯҳи одамон, иттиҳоди неру, якҷоя бартараф намудани мушкилиҳо, ба якдигар ёрӣ расондан, иттифоқ аст. Ҷашнҳоро, тибқи гоҳшумории замони бостон, ба воситаи гардиши Хуршед дар раванди корҳои нек таҷлил менамуданд.
Тахминан 5 - 6 ҳазор сол пеш ниёгони мо дар чор фасли сол чор ҷашни бузург доштанд: дар баҳор – Наврӯз, тобистон – Тиргон, тирамоҳ – Меҳргон, зимистон – Сада.
Тиргонро низ ба монанди ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ниёгони мо дар даврони паҳн шудани тамаддуни ориёиҳо ба диду салиқаи нав устувортар намуданд.
Пас аз Наврӯз зери таъсири фурӯғи Хуршед ҳаво гармтар мешавад. Тамоми кишти деҳқон мепазад. Моҳи тир (тирмоҳ – бо солшумории мелодӣ аз 21 июн то 21 июл) гармтарин моҳ меояд. Ҷамъоварии ҳосил фаро мерасад. Дар ин моҳ кишоварзон ба дарави ғалла мепардозанд. Ба ин муносибат, 13-уми тирмоҳ (3-юми июл), ки номи рӯзи тирмоҳро дорад, ниёгони мо Тиргонро ҷашн мегирифтанд.
Аз таърихи башарият медонем, ки дар гузаштаҳои дур мардум ба эзидони (худоҳои) зиёд бовар доштанд. Ҳар ҳодиса, воқеа ва рӯйдоди зиндагиро ба эзиди махсус вобаста мешумурданд, ба ӯ ниёиш менамуданд ва аз рӯзгори ҳаррӯзаи хеш дар пайвастагии он шукргузорӣ мекарданд.
Соли  мардуми ориётабор аз 12 моҳ иборат буда, ҳар рӯзи ҳар моҳи сирӯза номи фариштаеро дошт. Яъне 30 рӯз дорои номи махсус буд: 1. Ҳурмузд (номи Худо). 2. Баҳман (андешаи нек). 3. Урдубиҳишт (беҳтарин, ростӣ). 4. Шаҳривар (шаҳриёри неруманд). 5. Исфанд (фурӯтанӣ). 6. Хурдод (тандурустӣ). 7. Мурдод (бемаргӣ). 8. Дай-ба-озар (офаридгори оташ). 9. Озар (оташ, фурӯғ). 10. Обон (обҳои судманд). 11. Хур (Хуршед (Офтоб). 12. Моҳ (Моҳ). 13. Тир (ситораи борон, ситораи тир). 14. Гуш (ҷаҳон ва зиндагӣ). 15. Дай-ба-меҳр (Офаридгор, барои эзади Меҳр). 16. Меҳр (паймон, дӯстӣ). 17. Суруш (фармонбардорӣ). 18. Рашн (додгарӣ). 19.  Фарвардин (ҳимоятгари рӯҳу равон). 20. Баҳром (пирӯзӣ). 21. Ром (шодмонӣ). 22. Бод (бод, шамол). 23. Дай ё дай-ба-дин (офаридгори боварӣ, эътиқод). 24. Дин (эътиқод, биниши дарунӣ). 25. Ард (ҳадияи нек). 26. Аштод (адолат). 27. Осмон (осмон). 28. Зомйод (замин). 29. Меҳроспанд (муқаддас, гуфтори нек). 30. Анирон (равшании беохир).
Маъмулан, яке аз рӯзҳои ҳар моҳ бо номи ҳамон 12 моҳ ҳамном мешуд. Аз ин рӯ, он рӯзи ҳамномро чун рӯзи нек бо шодиву сурур ҷашн мегирифтанд.
Барои он ки хонанда дақиқтар огоҳ шавад, мо номи он 12 моҳ ва рӯзи ҷашнҳои онро низ дар қавс меорем: 1. Фарвардин (нуздаҳуми фарвардин). 2. Урдубиҳишт (сеюми урдубиҳишт). 3. Хурдод (шашуми хурдод). 4. Тир (сездаҳи тир). 5. Мурдод (ҳафтуми мурдод). 6. Шаҳривар (чоруми шаҳривар). 7. Меҳр (шоздаҳуми меҳр). 8. Обон (даҳуми обон). 9. Озар (нуҳуми озар). 10. Дай (дайгон ё хуррамрӯз - аввали дай, дайгони дувум - ҳаштуми дай, дайгони сеюм - понздаҳи дай, дайгони чорум -  бисту сеюми дай). 11. Баҳман (дуюми баҳман). 12. Исфанд (панҷуми исфанд).
Моҳи тир дар фасли гармои тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳо мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парвардаи ғаллакорон оғоз мешавад. Барои идомаи киштукор дар ин айём об аҳамияти вижае дошт. Ба ин ҷиҳат, дар пайвастагии гардиши Офтоб таҷлили Ҷашни Тиргон муҳим буд. Аз тариқи он мардум бо иҷрои оинҳо ва шодиву нишот ва бо ниёиш аз эзидони худ талаб менамуданд, ки кишварро аз хушксолӣ эмин нигоҳ доранд. Мувофиқи ҳамон суннати гоҳшумории ниёгон Тиргон, дар рӯзи сездаҳуми моҳи тир ҷашн гирифта мешуд, ки ин рӯз, тибқи солшумории мелодӣ, имсол ба 3 июл рост меояд.
Пас аз он ки оини зардуштӣ густариш пайдо намуд, Ҷашни Тиргон ба гиромидошти эзиди (худои) Тиштар марбут гашт, ки дар «Авесто»  («Тир-яшт») аз он бо муҳаббат ёд шудааст. Дар фарҳанги суннатии мардуми ориёитабор Тиштар номи эзид ва ситораи бороновар аст. Устураи машҳуртарини ин Яшт дар бораи Тиштар аст, ки он дар 10 рӯзи аввали моҳ симои ҷавони 15-сола, дар 10 рӯзи дуюм чеҳраи говро бо шохҳои заррин ва дар 10 рӯзи сеюм чеҳраи аспи сафеду зеборо бо гӯшҳои заррин мегирифт.
Ҳанӯз соли 2006 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» зимни пажӯҳиши хеш ба ин эзид таваҷҷуҳ намудаанд. Дар байни мардум ба мисли дигар эзидҳо оид ба Тиштар низ ақидаҳое вуҷуд доштанд ва рафтору амалҳои Тиштарро низ мувофиқи оинҳои бостонӣ аз насл ба насл ҳикоят менамуданд. Ҳар соле, ки ҷилави абрҳоро неруҳои аҳриманӣ мегирифтанд, бо мадади Аҳурамаздо эзиди Тиштар ба ёрии онҳо мешитофт. Дар ин бора Пешвои миллат чунин ёдовар шудаанд:
«Дар тасаввури онҳо Тиштарйа – фариштаи раъду барқ, борон, фаровонҳосилӣ ва ризқу рӯзӣ дар пайи ҷустуҷӯи нозу неъмати одамон бо деви Апауша, ки душмани инсон, фаровонӣ ва ҳабскунандаи борон мебошад, ҳамеша дар набард ва мубориза мебошад… Ориёиён чунин мепиндоштанд, ки Тиштарйа ситораи падидоварандаи боронҳои судманд дар тобистон ва бавуҷудоварандаи обҳои зинда мебошад. Мувофиқи ин устура, Апауша – деви палиди хушкӣ обҳоро зиндонӣ сохта, ба замин намедод ва аз уҳдаи раҳоию кушодани обҳо ғайр аз Тиштарйа каси дигар намебаромад».
Тиштар ба Апауша пирӯз мешаваду оби борон ба киштзорҳо мерезаду зиндагии нав идома меёбад. Ин аст, ки пирӯзии Тиштар ба Апауша ҷашн гирифта мешавад. Ба гуфти муҳаққиқон, Тиргон ҷашни ҳамин пирӯзӣ мебошад.
Ба монанди ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон дар бораи Тиргон низ устура ва ривоятҳое ба вуҷуд омадаанд, ки аз тариқи осори навишторӣ то имрӯз расидаанд. Чанде аз онҳоро ёдовар мешавем:
Ҷашни сулҳ. Манучеҳр - шоҳи Эронзамин мехоҳад бо шоҳи Тӯронзамин Афросиёб сулҳ намояд. Ҳар ду шоҳ ба созиш мерасанд, ки камонваре тире раҳо намояд ва он тир дар ҳар ҷое, ки афтад, марзи Эрону Тӯрон таъйин шавад. Манучеҳр аз паҳлавони ватандӯсти номдор Ораши поку озодаву тандуруст хоҳиш менамояд, ки маҳорати худро нишон диҳад. Ба гуфти Берунӣ, «Ораши бараҳна ва бо қуввату неруи Худованд камонро то баногӯш кашида раҳо кард. Худованд бодро амр кард, ки тири ӯро аз кӯҳи Рӯён ба марзи Хуросон, ки миёни Фарғона ва Табаристон аст, партоб кунад». Бо ёрии эзид фариштаи Бод тирро то канори рӯди Ҷайҳун мебарад. Тир ба танаи дарахти чормағзи бузурге бармехӯрад. Марзи Эрон ва Тӯрон таъйин ва сулҳ барқарор мегардад. Ин рӯз, ки дар моҳи тир ва рӯзи тир буд, ҷашн гирифта шуд ва онро Тиргон гуфтанд.
Ҳамномии моҳ ва рӯз. Тавре ки ёдовар шудем, он рӯзе, ки бо номи ҳамон моҳ дар як рӯз баробар ояд, онро ҷашн мегирифтанд. Дар моҳи тир рӯзи тир 13-ум (3 июл) аст.
Ҷашни борону об ва раҳоӣ аз хушксолӣ. Дар устураи дигаре омадааст, ки ситораи Тиштар, ки онро эзиду фариштаи борон низ мегӯянд, дар қиёфаи аспи сафед ба дарё фурӯ меравад. Дар он ҷо бо деви хушксолӣ Апауш, ки ба қиёфаи аспи сиёҳ аст, чанд рӯз набард мекунаду шикаст мехӯрад. Дар набардҳои баъдӣ вай бо ёрии Аҳурамаздо бар он деви хушксолӣ пирӯз мешавад. Сипас обҳо ба киштзорҳо ҷорӣ мешаванд. Бод боронҳои зиндагибахшро бар ҳафт кишвар мерезад, он рӯз 13-уми моҳи тир буд. Ривоят мекунанд, ки ба умеди боридани борон мардум дар солҳои хушксолӣ, дар моҳи тир, дар рӯзи тир ҷашне баргузор намуда, дар боғу роғ, дашту даман, доманаи дараву кӯҳҳо шодиву сурур, рақсу бозӣ, обпошиву оббозӣ мекарданд. Номи ин ҷашнро Тиргон гуфтанд.
Оини обпошон. Шоҳи Эронзамин Кайхусрав ба чашмае оббозӣ карда, фариштаеро мебинаду беҳуш мешавад. Вақте ба ҳуш меояд, мегӯянд, ки «маяндеш, ҳамаш хуб аст». Баъд дар он ҷо деҳае сохта номи онро «Маяндеш» мегузоранд ва бо гузашти замон номи он «Андеш» мешавад. Ба гуфтаи Берунӣ ва Гардезӣ, дар ин моҳ обпошӣ ва оббозӣ кардан ба ёди ҳамон чашмаю фаришта бар муқобили хушксолӣ чун оин боқӣ монд. Дар ин рӯзи тиргон мардум ба шодиву сурур, ҷашни обпошонро (обрезонро) баргузор намуда, аз эзиди борон мехостанд, ки боронро фаровон созаду хушксолӣ нашавад.
Ситораи Тиштар (Суҳайл). Дар қисми ҷануби осмон дар фасли тобистон ситораи дурахшоне пайдо мешавад, ки онро «Суҳайл», «Суҳайли Яман», «Суҳайли яманӣ» мегўянд. Ин ҳамон ситораи Тиштар буда, маъмулан, дар чиллаи тобистон намоён мешавад. Ҳанўз ҳам байни тоҷикон дар рўзҳои чиллаи тобистон гоҳе калонсолон дурахши ситораи Суҳайлро ба некӣ ба ёд меоранд ва хушнуд мешаванд. Дар баъзе ҷойҳо занҳои тоҷик ҳоло ҳам баробари дидани Моҳи нав ва ситораи дурахшони Суҳайл бо шодмонӣ ҳафт маротиба аз ҷои худ «боло-боло» ҷаҳида мегўянд: «Шодӣ, шодӣ, Худо баракат диҳад, серию пурӣ шавад». Шояд ин як нишона аз ҷашни Тиргон аст, ки дар ёдҳо мондааст.
Пухтани меваю гандум. Ба андешаи Берунӣ, пас аз он ки Афросиёб заминҳои Эронро ишғол кард, аҳволи мардум сахт шуд. Мардуми ба ҷанг машғул, Ватанро дифоъ карда, ҳатто барои орд кардани гандум ва пухтани нон фурсат намеёфтанд. Пас аз сулҳу оромиш, оини пухтани меваю гандум бо шодмонӣ ва ҷашну сурур дар рўзи тири моҳи тир расм шуд.
Ситораи нависандагон. Ниёгони мо дар канори фарҳанги гуфторӣ, ба осори навишторӣ низ эҳтиром доранд. Аз сарчашмаҳо мебинем, ки дар фарҳанги гузаштаи мо қадри адабиёт ва нависанда баланд аст. Ин аст, ки дар замонҳои пеш Тиргон рўзи бузургдошти нависандагон низ будааст. Воқеа ва ҳодисаҳои дунёро нависандагону котибон дар китобҳо сабт менамоянд. Ба гуфти Берунӣ, ҳифзи дунё, яъне «даҳуфазия», бо деҳқонию зироат ва китобат намудан бо ҳам наздик мебошанд: «Ва китобат дар пайравии он аз Ҳушанг содир шуд ва деҳқанатро бародари ў Вигард расм ниҳод. Номи ҳамон рўз Тир аст, ки онро Уторид низ мегўянд, ки он ситораи нависандагон аст… Деҳқанату китобат як чиз аст... Ва ин рўзро аз роҳи ҷалолият ид карданд. Дар ин рўз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипўшанд. Ва деҳқононро низ бар ҳамин кор амр кард. Дар ин рўз мулуку деҳқонону мўбадон ва ғайри эшон ин либосро пўшиданд… То рўзгори Гуштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ монд». Ба ин ҷиҳат, Тиргон дар гузашта ҷашни бузургдошти нависандагон низ будааст.
Тиргони кўчак ва бузург. Ба мисли Наврўзу Меҳргон Тиргон низ хурду бузург доштааст. Берунӣ гуфтааст: «Рўзи партоб кардани тир рўзи тир мебошад, ки он тиргони кўчак аст. Ва рўзи чордаҳуми он ки шаш рўз аст, тиргони бузург бошад. Дар ин рўз хабар оварданд, ки тир ба куҷо афтодааст».
Оинҳои тиргонӣ. Ҳамин тавр, ҷашни Тиргон дар байни ниёгони мо шуҳрат доштаст. Шодмониҳо ва баъзе аз нишонаҳои вобаста ба ҷашн то имрўз дар ёди калонсолон мондаанд. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз ҷуфтронии деҳқонон, ки «одатан дар шабҳои тобистон» будааст, ёд намуда гуфтаанд, ки «дар ин гуна вақтҳо ягона тасаллибахши ҷуфтронон, ки бо маҷбурияти зиндагӣ хоби ширинро тарк карда, дар шаби тор кор мекарданд, сурудхонӣ  буд». Сурудхонии деҳқонон ҳамон нишонаи шодиву сурури тиргонӣ аз замонҳои бостон аст, ки то имрўз расидааст.
То охири асри ХХ кишоварзони тоҷик ғалларо фасли тобистон дар шаб дарав мекарданд ва онро «шабдарав» мегуфтанд. «Шабдарав» бо шодиву суруду тарона мегузашт, яъне кор ва ҷашн якҷо буд, ки ин нишоти тиргонӣ то солҳои наздик дар тамоми минтақаҳои кўҳистони тоҷикнишини Осиёи Миёна вуҷуд дошт. Ҳангоми дарави ғалла, кишоварзони тоҷик барои сабук намудани кори худ сурудҳои «Ман доғ», «Якафарёд», «Анталҳо», «Ёзӣ», «Майдаё», «Ё Аллоҳ» ва ғайраро месароиданд. Дар баъзе ҷойҳо оинҳои «Досбагардан» (Гардандосӣ), «Чошбаророн», бозии «Дарзапартояк» баргузор мешуданд. Ҳамаи ин амалҳо нишонаҳои ҷашни Тиргон буда, аз рўзгорони дур то имрўз расидаанд.
Нишонаҳои ҷашни Тиргонро дар пайвастагии оинҳои фасли тобистон дар байни тоҷикон ва ориёитаборони Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки дар домани фарҳанги мардуми  эронитабор парвариш ёфтаанд, метавон ҷуст.
Яке аз оинҳои ҷашни Тиргон ин «Фоли кўза» аст, ки дар гузаштаҳо маъмул буд. Дар ин оин бештар духтарони болиғ иштирок менамоянд. Тарзи баргузории «Фоли кўза» чунин аст: як рўз пеш аз ҷашн аз байни духтарони дўшиза якеро интихоб намуда, ба вай як кўзаи сафоли сабзранги даҳонаш кушода медиҳанд. Духтар кўзаро бо оби покиза пур намуда даҳони онро бо як рўймоли сабзи абрешимӣ мепўшонад. Сипас, кўзаро ба навбат ба назди духтароне мебарад, ки дар дил орзуе доранд. Ҳар духтар чизеро ба дохили кўза меандозад, мисли гўшвора, ангуштарӣ, сикка, гиреҳбанди мўй… Баъди ин амал кўзаро ба таги дарахти сабзе ба мисли арча ё сарв мегузоранд. Рўзи дигар ҷашн оғоз мешавад. Мардум зимни шодмонӣ ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд. Духтароне, ки ба кўза чизе андохта буданд, ба маконе ҷамъ меоянд. Духтаре, ки кўзаро дар таги дарахт гузошта буд, онро меорад. Занҳо рафтори духтаронро тамошо мекунанд ва барояшон шеър мехонанд. Пас аз шеър дўшизаи посбони кўза дасташро бар даруни он андохта як - як чизҳоро берун мебарорад ва шеъри хондашударо марбути вай медонанд. Занҳои калонсол шеърро шарҳ медиҳанд ва зимнан, орзуву омоли он духтарро мепурсанд. Дар аксари маврид мазмуни шеър ба орзуву нияти соҳиби он чиз мувофиқ меояд. Ин оин дар Бухоро, баъзе минтақаҳои Эрон ва Афғонистон низ вуҷуд дошт.
Оини дигаре, ки вижаи ҷашни Тиргон аст, «Дастбанди тир ва бод» мебошад, ки ҳоло ҳам дар байни зардуштиёни Кирмон маъмул аст. Хурду калони мардуме, ки дар ҷашн ширкат доранд, дар аввали ҷашн пас аз хўрдани шириниҳо бандеро, ки аз ҳафт тор риштаи ҳафтранги мисли тиру камон аст, ба дасти худ мебанданд. Номи ин бандро «Тир ва бод» низ мегўянд. Ин риштаи ҳафтранги дар банди даст бастаро то 9-10 рўз, яъне то рўзи бод, нигоҳ медоранд. Баъди гузаштани 10 рўз, гўё рўзи бод мерасад. Дар рўзи бод мардум гурўҳ-гурўҳ ё чанднафарӣ ба баландие мебароянд, ки маъмулан дар он ҷо вазиши бод аст. Масалан, ба теппа, тал, болои бом, кўҳ баромада он бандро аз банди дастони худ кушода, ба  ҳаво сар медиҳанд. Дар ин амал чанд эътиқоде нуҳуфта аст: яке ҳар орзуе, ки дар дил доранд аз эзид таманно мекунанд, ки иҷро шавад; дигар он , ки бо ёрии эзиди бод аз ҳаво гузаштани тири Орашро ба ёд меоранд. Ҳанўз ҳам дар байни мардуми Язду Кирмон ҳангоми ба бод супурдани дастбанди ҳафтранг хурдсолон ва наврасон таронаи зеринро месароянд, ки нависандаи ин сатрҳо онро шунида, дар ҳамин шакл аз зардуштиёни Язд сабт намудааст:
Тир буру, бод биё,
Ғам буру, шод биё,
Меҳнат буру, рўзӣ биё,
Хўшаи марворӣ биё.
Дар ин порчаи манзуми хурди содаю самимӣ аз як тараф тиру камони Ораш ёд шуда, аз равиши тир омадани боди форам, аз рафтани ғам, омадани шодмонӣ ёд шавад, аз тарафи дигар заҳмати кишоварзон пас аз меҳнати ба даст овардани ризқу рўзӣ, ки он дар дарав намудани ғаллаи гандум, яъне «хўшаи марворӣ» аст, ёдоварӣ гардидааст. Ин оинҳо дар моҳи тир рух дода, идомаи ҳамон гоҳшумории ниёгонамон аст. Яъне, Тиргон ҷашни расиши гандуми заррини кишоварзон низ ҳаст, ки ризқу рўзии инсон дар тамоми сол ба он пайваст мебошад.
Ҳоло ҷашни Тиргон ҳар сол дар байн мардуми Дамованд, Омул ва  зардуштиёни Язд, Кирмон, Караҷ, Теҳрон, Ардакон, Бам, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар байни зардуштиёни Аврупо, Канада, Амрико, Ҳиндустон, Австралия, таҷлил мешавад. Маъмулан, ҷашни Тиргон дар баъзе ҷойҳо аввали моҳи тир (21 июн), дар баъзе ҷойҳо 10-уми тир, дар баъзе ҷойҳо 13 – уми тир барпо мегардад. Гоҳе чунин мешавад, ки дўстдорони ҷашни Тиргон онро дар наздиктарин рўзи таътили моҳи тир (бештар нимаи аввали июл) барпо менамоянд.
Чи нек аст, ки Пешвои азизи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ин ҷашни ниёгон талош доранд. Хулоса Тиргон – ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни Ораши сулҳофари Ватанро посбон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни нависандагон, ҷашни тобистон, ҷашни Хуршеди тобон ва  эҳёгари он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Равшан РАҲМОНӢ, профессори ДМТ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2020    №: 140    Мутолиа карданд: 138
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед