logo

иҷтимоиёт

КВОТА. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА ДАР ВМКБ

Мувофиқи Қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020 – 2021» барои навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 152 ҷой ҷудо гардид. Чун солҳои қаблӣ аз теъдоди умумии ҷойҳои ҷудогардида аксарият, яъне 91 - тоаш ба соҳаи маориф - равияи омӯзгорӣ, 16 ҷой ба соҳаи тандурустӣ, 14 - то ба соҳаи фарҳанг, 10 - то ба кишоварзӣ ва 21 - тои дигар ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва саноат тааллуқ доранд.
Одинашо Мардов, сардори раёсати маорифи вилоят, зимни ахборот дар машварати назоратии назди раиси вилоят зикр намуд, ки квотаҳо барои ин ё он ноҳияву шаҳр ва ихтисос дар асоси дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба норасоии кадрҳо дар ин ё он соҳаи хоҷагӣ ба раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят ва, сипас, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ пешниҳод мешаванд. Дар доираи дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дар робита ба нарасидани кадрҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ иловатан 40 ҷой ва ноҳияи Роштқалъа 10 квота ҷудо гардида, барои Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ҷудо намудани квотаи иловагӣ дар соли таҳсили оянда пешбинӣ гардидааст.
Ба гуфтаи сардори раёсати маорифи вилоят, айни ҳол баъди суҳбат бо довталабони Квотаи президентӣ 139 хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуданд. Мутаассифона, 13 квотаи барои вилоят ҷудогардида аз худ карда нашуд.
Аммо Ёдгор Файзов, раиси вилоят, таъкид намуд, ки ҷорӣ гардидан ва сол ба сол афзоиш ёфтани теъдоди Квотаҳои президентӣ барои навоҳии кӯҳистон ҳам як далели ғамхории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони кишвар, таваҷҷуҳи ӯ ба омӯзиш, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонони болаёқат мебошад. Ин тадбири Сарвари давлат имкон медиҳад, ки дар кишвар ягон кас аз омӯзиш дар канор намонда, ҷавонони болаёқат, новобаста аз баромади иҷтимоӣ ва шароити зиндагӣ, дар ҷомеа ҷойи худро пайдо карда, қобилияташонро ба нафъи ҷомеа истифода баранд. Чанд сол боз тариқи Квотаи президентӣ хатмкардагони муассисаҳои таҳсилотии вилоят таълим гирифта, мутахассиси хуб шуда, ба маҳал бармегарданд. Бо вуҷуди ин, дар шаҳру навоҳии вилоят дар ин масъала камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Саҳлангорӣ ва канорагирӣ намудани раисони ноҳияҳо дар пешниҳоди дархост ба Квотаи президентӣ яке аз чунин камбудиҳо арзёбӣ гардид. Ба гуфтаи раиси вилоят, ҳангоми пешниҳоди дархост мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо бояд ба нарасидани кадрҳо дар бахшҳои калидии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Имрӯз дар ноҳияҳои вилоят 17 мутахассиси заминсоз намерасад. Аммо чанд соли охир ба Вазорати иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вобаста ба омода намудани мутахассисони ин соҳа дархост пешниҳод нашудааст. Ин дар ҳолест, ки аз 352 хатмкунандаи равияи омӯзгории муассисаҳои олии кишвар ба вилоят бакоромада бештар аз 100 нафарашон бо ҷойи кор таъмин нашуданд. Бо вуҷуди ин, шумораи Квотаҳои президентӣ барои қабул ба равияҳои омӯзгорӣ нисбат ба дигар равияҳо хеле зиёд аст. Дар ин кор бояд шуъбаҳои иқтисод ва савдои шаҳру ноҳияҳо фаъол бошанд. Онҳо бояд талаботи воқеиро ба мутахассисони соҳибкасб дар тамоми бахшҳои хоҷагӣ таҳлил ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пешниҳод созанд. Ҳамчунин, кӯшиш бояд кард, ки Квотаҳои президентӣ, дарвоқеъ, ба хонандагони болаёқат дода шаванд.
Раиси вилоят баъди хатми муас-сисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба макони зист барнагаштани донишҷӯёни тибқи квота қабулшударо як мушкили асосӣ ва масъалаи ҷиддии таъмини муассисаҳои деҳот бо мутахассисон маънидод кард. Ба гунаи мисол зикр шуд, ки ҳамасола тариқи квота чандин нафар ҷавонони вилоят муассисаҳои олии тиббии кишварро хатм мекунанд, вале ба зодгоҳашон барнамегарданд. Ин ҳолат махсусан дар ноҳияи Мурғоб нигаронкунанда аст. Айни ҳол дар ҷамоатҳои деҳоти ин ноҳияи дурдаст ҳатто муҳосиби соҳибихтисос ёфт намешавад. Дар ноҳия ба духтурони маълумоти олидор ва муҳандисон ниёзмандии шадид ба мушоҳида мерасад. Раиси вилоят таъкид кард, ки ҳангоми пешниҳоди дархост барои ҷудо кардани Квотаи президентӣ бояд талаботи бозори меҳнат ба инобат гирифта шавад ва дар ин кор ҳамкории шуъбаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф дар сатҳи зарурӣ қарор дошта бошад.
- Тибқи қонунгузории кишвар ҳангоми дохилшавии хатмкунандагон тибқи квота миёни волидон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки довталаб ба он дохил мегардад, шартномаи сетарафа баста мешавад ва баъди хатми донишгоҳ ё донишкада вай бояд ба зодгоҳаш баргардад. Агар хатмкунанда хилофи шартнома амал карда, ба ҷойи зист барнагардад, хароҷоти таҳсилро бояд пардохт намояд. Аммо кам андар ками хатмкунандагон ба чунин ҷавобгарӣ кашида мешаванд, ки ин далели беҳавсалагии масъулон аст, - зикр намуд Ёдгор Файзов.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2020    №: 140    Мутолиа карданд: 114
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед