logo

иҷтимоиёт

КИТОБ: АЗ НАШР ТО ФУРӮШ

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои 2014 - 2019 аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион китоби бадеӣ нашр гардид, ки қисме аз онҳо дар анборҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар ин самт чӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд? Чӣ бояд кард, ки китобҳо ба гардиш ворид гарданд?
Албатта, масъулони баъзе аз нашриётҳо китобҳои батабърасондаашонро дар пойтахти кишвар ва маркази баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварданд, аммо ин роҳи ҳалли дурусти масъала нест, инчунин, буда ҳам наметавонад.
Пештар Иттиҳодияи ҷумҳуриявии савдои китоб «Тоҷиккитоб», ки алҳол номи Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китобро дорад, фаъолияти чашмрас дошт. Масъулон аз ҳама шаҳру ноҳияҳо барои дастрасии китобҳои тозанашр ба он муроҷиат мекарданд. Ҳоло чӣ? Метавон корхона мавқеъ ва мақоми пештараашро дар самти гардишу фурӯши китоб ба даст оварад? Чӣ монеаҳое вуҷуд доранд, ки садди роҳи пешрафт дар ин самт мегарданд? Нашриётҳои кишвар дар кадом сатҳ бо корхонаи мазкур ҳамкорӣ доранд? Оё мағозаҳои китобфурӯшӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба талабот ҷавобгӯянд? Инчунин, бо китобҳои тозанашр саривақт таъмин мегарданд?
Хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Абдулқодири Раҳим ба сарвари Корхонаи таъминот ва савдои китоб Сироҷиддин Икромӣ дар ин хусус муроҷиат намуд. Мавсуф изҳор дошт:
-  Пештар муассисаи давлатие буд бо номи Иттиҳодияи ҷумҳуриявии савдои китоб “Тоҷиккитоб”, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешуд. Дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳову ноҳияҳо дуконҳои китобфурӯшӣ вуҷуд дошт. Савдои китоб аз рӯи низоми муайян роҳандозӣ гардида ва шароити дастрасии аҳолӣ ба китоб хеле хуб буд. Илова ба ин, ба хотири боз ҳам хубтар кардани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардондани шароити дастрасӣ ба китоб ин ниҳод бо “Тоҷикматлубот” ва Иттиҳодияи “Союзпечат” (ҳоло ҶДММ “Тоҷикматбуот”) ҳамкории густурда дошт, ки аввалӣ тавассути мағозаҳо ва дуюмӣ ба воситаи дуконҳои рӯзномаю маҷаллафурӯшӣ китобҳоро ба аҳолӣ дастрас менамуданд. Мутаассифона, аз даҳаи охири қарни гузашта, бо сабаби маълум тамоми дуконҳо ғайридавлатӣ гардонда шуданд ва низоми ягонаи савдои китоб аз миён рафт. Гузашта аз ин,  соли 2000-ум Иттиҳодияи ҷумҳуриявии савдои китоб “Тоҷиккитоб” барҳам дода шуда, дар заминаи он Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” таъсис ёфт. Фаъолияти он бо усули худмаблағгузорӣ ба роҳ монда шуд ва вақт нишон дод, ки ин ба манфиати кор набудааст.
Ҳамин тавр, низоми ягонаи савдои китоб аз миён рафт. Шояд савол ба миён ояд, ки “чаро низоми ягона” мегӯям? Ҳар китобе, ки аз тарафи нашриётҳо омода ва тавассути чопхонаҳо чоп мешуд, инчунин, ҳар осори нашрие, ки аз дигар шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷумҳурии мо ворид мегардид, танҳо тавассути Иттиҳодияи ҷумҳуриявии савдои китоб “Тоҷиккитоб” савдо ва тавзеъ меёфт. Яъне, нашриёт, чопхона, муаллиф ва дигарон ҳаққи фурӯхтани китобро надоштанд. Ҳамин буд, ки дар робита ба нашри китоб, савдо ва тавзеи он омори дақиқ вуҷуд дошт ва чӣ китобҳо дар бозори китоб дар гардишанд, мушаххасу муайян буд. Ҳоло чунин нест, нашриёту чопхонаву муаллифу соҳибкор ва умуман, ҳар фард метавонад ба савдои китоб даст дошта бошад. Чаро чунин аст? Аввал ин, ки низоми озоди савдои китоб ҷорист. Қонунгузорӣ иҷозат медиҳад, ки дар ин самт фаъолияти соҳибкорӣ ба роҳ монда шавад.
Нашриётҳои давлатӣ аз он хотир саргарми фурӯши китобанд, ки КДТС “Китоб” ба таври лозим рисолати худро ба ҷо оварда наметавонад. Сабабашро дар боло гуфтам ва боз такрор мекунам: аз даҳаи охири қарни гузашта аз мағозаву дуконҳои худ маҳрум гардид, заминаи моддию техникии қавӣ надорад ва бо усули худмаблағгузорӣ фаъолият мекунад.
Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар сурате метавонад, мавқеи қаблии худро соҳиб шаваду рисолати худро таври лозим анҷом бидиҳад, ки агар он ба муассисаи буҷавӣ табдил ёбад, заминаи техникии он қавӣ гардонда шавад, дар марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ нуқтаҳои фурӯши китоби худро дошта бошад ва ҳамзамон, бо муҳайё гардидани шароити мусоид фурӯши сайёри китобро дар қаламрави кишвар роҳандозӣ намояд. Агар ин муяссар гардад, ба манфиати ҳам корхонаи мо, ҳам муассисаҳои нашриявӣ ва ҳам муаллифоне, ки мо бо онҳо ҳамкорӣ дорем, хоҳад буд, зеро тасаввур намоед, ки агар 70 дукон таъсис ёбад ва ҳадди аққал дар моҳ 1000 сомонӣ ба КДТС “Китоб” аз ҳисоби фурӯши китоб даромад биёранд, дар 1 моҳ ба 70000 ва дар сол ба 840 000 мерасад. Ин метавонад барои холӣ гардидани анборҳо аз китобҳо, роҳандозии чопи китобҳои нав ва эҷоди асарҳои хуб аз сӯйи муаллифон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Бояд иқрор шуд, ки дастрасии аҳолӣ, хосса, дар музофот, ба китоб хуб нест. Омилҳо зиёданд ва аз ҳама умда он аст, ки бозори китоб дар ихтиёри бахши хусусӣ қарор дорад. Мусаллам аст, ки он дар интихоби маҳсулот соҳибихтиёр мебошад ва бо назардошти манофеи худ китобҳоро интихоб мекунад. Ин аст, ки китобҳои хубу босифат, ки албатта, нархи қиммат ҳам доранд, кам ба музофот бурда мешаванд. Вазорати фарҳанги кишвар ба хотири ислоҳи вазъ дар ин самт 2 барномаи давлатиро дар 15 соли охир таҳия ва татбиқ карда, ҷиҳати мукаммалгардонии китобхонаҳо бо китобҳо ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб”-ро роҳандозӣ намуд. Аммо ин ҳалли ниҳоии масъалаи савдои китоб ва таъмини аҳолӣ бо китоб нест. Роҳи ҳалли вазъро дар боло ишора кардам ва бояд бигӯям, ки ҳоли ҳозир мукаммалгардонии захираи китобхонаҳо дар шаҳру навоҳӣ пурра бар дӯши мақомотҳои маҳаллист, ки мутаассифона, ба талабот ҷавобгӯ нест.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2020    №: 140    Мутолиа карданд: 120
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед