logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ: 14 ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМО ДАР ЯК ҲАФТА

Sputnik. Ҳавопаймоҳои Тоҷикистон минбаъд ҳамарӯза 2 парвоз ба самти Россия анҷом медиҳанд. Дар ин бора вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳузури хабарнигорон гуфт.
Ба изҳори ӯ, ба ин минвол ҳар ҳафта 14 парвоз дар масири Тоҷикистону Россия сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки қаблан Тоҷикистон барои иҷозатномаи парвозҳои ҳаррӯза ба Россия ба  ҳукумати ин кишвар муроҷиат намуда буд. Аз суханҳои вазир бармеояд, ки Москва ба муроҷиати Душанбе посухи мусбат додааст.

СУТ БАРОИ БАРРАСИИ ВАЗЪИ ФЕЪЛИИ КОРОНАВИРУС ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ФАВҚУЛОДАРО ДАЪВАТ МЕКУНАД
REGNUM. Аз ин хусус раҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус зимни нишасти матбуотӣ дар Женева хабар расонд.
Ба гуфтааш, 30 июл аз рӯзе, ки СУТ аз COVID-19 эълом дошт, шаш моҳ пур мешавад. «Бо тақозои қоидаҳои байналмилалӣ ман аъзои кумитаи фавқулодаро ҳамин ҳафта ҷамъ меорам. Кумита бояд вазъи пандемияро таҷдиди назар намуда, тавсияҳои дахлдор пешниҳод созад», - гуфт Гебрейесус.


ТРАМП: «ФАВТ АЗ COVID - 19 ДАР ИМА ҚАТЪИЯН КОҲИШ ЁФТ»
АИР Новости. Тавре Президенти Иёлоти Муттаҳида изҳор намуд, дар мамлакат тавонистанд сатҳи марг аз коронавирусро нисбат ба давраи баҳор ҷиддан паст кунанд.
«Сатҳи фавт барои ашхоси аз 18 - сола боло ҳоло назар ба моҳи апрел 85 дарсад, нисбат ба Аврупо 25 дарсад камтар мебошад. Моҳи апрел 22 дарсади марг дар ИМА бо вируси нав рабт дошт. Ҳафтаи гузашта мо ин нишондиҳандаро ба камтар аз 7 дарсад фуровардем», - гуфт Трамп дар иёлати Каролинаи Шимолӣ.
Тибқи маълумоти охирин, дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион одам гирифтори вируси нав гашта, аз ин миён қариб 147 ҳазор бемор шифо наёфт.


ҲИНДУСТОН МОҲИ АВГУСТ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАРО БА РОҲ МЕМОНАД
India TV. «Пажӯҳишгоҳи хунобаи Ҳиндустон (SII) моҳи август ба истеҳсоли партияи нахустини ваксинаи озмоишии Covishield сар мекунад», - гуфт директори муассиса Адар Пунавалла.
«Мо ба истеҳсоли чанд миллион воя таваккул мекунем. Агар корамон барор гирад, то охири сол истеҳсоли оммавияшро ба роҳ мемонем. То семоҳаи якуми соли дигар ваксина ба мардум дастрас мегардад», - баён дошт Пунавалла. 
Ваксина натиҷаи тадқиқоти донишгоҳи Оксфорд ва ширкати утришии AstraZeneca мебошад. Пунавалла тавзеҳ дод, ки дар аввал моҳе  60 - 70 миллион воя бароварда, онро тадриҷан ба 100 миллион мерасонанд. Ҳамин тавр, то охири сол 300 - 400 миллион вояи Covishield бароварда мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 151
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед