logo

Хабарҳо

СУҒД. 48 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БА ФАЪОЛИЯТ ПАРДОХТ

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар нишасти матбуотӣ оид  ба ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 ба хабарнигорони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ иброз дошт, ки сарфи назар аз мушкили пешомада - паҳншавии бемории COVID-19, дар шаҳру навоҳии вилоят дар маҷмӯъ, 48 корхонаи нави истеҳсолӣ бо таъсиси 650 ҷойи нави корӣ  мавриди истифода қарор гирифт.

 - Ҷойи таъкид аст, ки дар аксари ин корхонаҳо хатҳои технологии пешқадами муосир насб шуда, маҳсулоти тавлидотиашон бештар содиротианд. Бояд ин равандро босуръат идома диҳем ва Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро сазовор истиқбол гирем, - гуфт раиси вилоят.
Ҳиссаи кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар равобити иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли равон  ба 78, 5 дарсад баробар шуда, саҳми мамолики хориҷии дур дар ин ҷода 174, 8 миллион доллар ё 21,5 дарсадро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содироти меваи хушк 19,3 (1469,5 тонна), меваи тару тоза 3,2  (126,3 тонна), пиёз 24,7 дарсад (12 ҳазору 474,8 тонна) афзудааст. Бо вуҷуди мушкилиҳои воқеӣ, содироти маҳсулоти сурма ва калобаи пахтагӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.
Раиси вилоят дар робита ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19, таъкид кард, ки чун дар тамоми ҷаҳон ва манотиқи дигари кишвар дар рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят таъсири манфии ин беморӣ ба мушоҳида расид. Масалан, бар асари бемории мазкур корхонаҳои саноатии вилоят ба миқдори наздики ним миллиард сомонӣ маҳсулот тавлид карда натавонистанд. 14 ҳазор нафар соҳибкори бо патент ва 2,2 ҳазор бо шаҳодатнома фаъолияткунанда  як муддат аз хизматрасониву  ҷараёни истеҳсолӣ дур шуданд. Сарфи назар аз  мушкилиҳо, музди маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ ва нафақаи нафақагирон дар вақташ пардохт гардид.
Ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд. Муассисаҳои тиббии вилоят ба қадри басанда бо доруву таҷҳизот ва либосҳои махсус таъмин шудаанд. Барои ҳаллу фасли масоили мавҷуда дар маҷмӯъ, зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Вазъи вилоят вобаста ба бемории COVID-19 зери назорати қатъии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, ситоди доимоамалкунанда бомаром фаъолият мекунад ва ҳар мушкили пешомада дар ҷояш  ҳал мешавад.
- Роҳандозии тадбирҳои муассиру мушаххас баҳри табобату пешгирии COVID-19  шароит фароҳам меоварад, ки фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят марҳила ба марҳила ба маҷрои қаблиаш бозгашта, раванди муътадили истеҳсолию хизматрасонӣ  таъмин гардад ва бо риояи талаботи пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ хурду калони вилоят баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ба корҳои ободонию бунёдкорӣ камари ҳиммат банданд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 186
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед