logo

иҷтимоиёт

ТАБИБИ ҚАҲРАМОНИ МАН - НИГОРА!

Дар асари тасодуми нақлиётие, ки банда дар натиҷаи он ҷароҳат бардошта, бистарӣ шудам (феврали соли  2020), гоҳе шабҳо аз хадамоти «Ёрии таъҷилӣ» баҳравар мегаштам. Дар байни ходимони тиббӣ, ки дар ин бахши маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе фаъоланд, Нигора Нарзуллоева бо муоширати хуб ва донишу малакаи тиббӣ фарқ мекард.
Ин бонуи ҷавон дилшинос буда, шурўъ аз шабу рўзҳои зуҳури коронавирус дар Тоҷикистон то ҳол муборизаи пайваста мебарад, то ҷони ҳамватанон дар амон бошад. ҳар қадар бо либосу ниқоби махсус фаъолияташро идома медод, вале боз ҳам гирифтори ин вирсуси хатарзо гардид.
- Мутаассифона, вируси COVID – 19 ба хонаи мо ҳам роҳ ёфт. Модари меҳрубону ғамхорам, ки ҳамагӣ 57 сол доштанд, дар рўи дастонам ҷон бохтанд, - бо ашки шашқатор изҳор медорад Нигора.
Ин мусибати вазнин Нигораи қавииродаро рўҳафтода накард. Ў мисли бештари одамон доду вовайло накард, бо баҳонаи азодорӣ кунҷи узлатро ихтиёр нанамуд ва боз ба кор баромад. Ин амали табиби соҳибдил аксари кормандони тибро дар ҳайрат гузошт. Ҳамкоронаш ҳаргиз чашм надоштанд, ки Нигора баъди марги модар ба зудӣ сари кор мешавад.
Сабаби чунин азму иродаро қаҳрамони мо чунин шарҳ дод: «Қасди аҷалро зи амал бояд гирифт. Агар ин вирус ҷони модари маро гирифта бошад, ман бояд нагузорам, ки ҷони модарону падарони дигаронро рабояд. Агар модар зинда мебуданд, боз ҳам ҳамин амалкарди маро мехостанд».
Як вижагии табобатии Нигорабону забони ширину лутфи нотакрори ўст. Ҳамеша баъди гузарондани сўзандору ё ягон табобати дигар мегўяд: «Зиқ нашавед, ин бемории шумо хатарнок нест, эҳтиёткорӣ, хўрдани доруҳо дар вақти таъйиншуда ва парҳез кофист, ки зуд шифо ёбед. Фаромўш накунед, ки табиби аввалину охирини  шумо, боз ҳам шумоед».
Бо ин нома мехоҳам ба табибону ҳамшираҳои маҷмааи тандурустии «Истиқлол», махсусан масъулони бахши «Ёрии таъҷилӣ», изҳори сипос намоям. Имрўзҳо ягона роҳи ёрии мо ба табибон риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ ва гўш андохтан ба гуфтаву маслиҳатҳои  муфиди онҳост.

Абдурашид САМАДОВ,
устоди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода, собиқадори меҳнат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2020    №: 141    Мутолиа карданд: 141
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед