logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛИВУ ДИНӢ

Мусаллам аст, ки Истиқлолияти давлатӣ барои худшиносии милливу динӣ имконоти заруриро ба вуҷуд овард. Аммо нигоҳдорӣ ва дурусту мақсаднок истифода кардан аз онҳо ба сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, Сарвари асили давлат, иртиботи ногусастанӣ дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ин ҳақиқатро собит сохт, ки мо аз кишварҳои пешрафта хеле қафо монда будаем. Ба ин сабаб, ҷангро ба ин кишвар таҳмил карданд. Бо фиреби истифода аз «озодии виҷдон» моро ба гирдоби бало кашиданд ва дар ин роҳу иҷрои мақсадҳои муғризона хуни ба ноҳақ бисёр рехта шуд. Ин ҳама ба поён рафтани сатҳи маърифат, хосса маърифати динӣ, мусоидат намуд. Инчунин, ба суннатҳои таърихӣ ва фарҳангиву динӣ таваҷҷуҳ камтар гардид.

Аз имрӯз ба гузаштаи начандон дур назар кардан бас осон аст. Дастовардҳои фарҳангӣ рӯҳу хотири моро болида мегардонанд. Бори дигар ин ҳақиқатро бо шодмонӣ мепазирем, ки иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи нек оварданд ва ояндаро ин шахсияти таърихӣ нек дида тавонистаанд. Дар асри рафта ва асри навин ҳеҷ сарвари ин давлату сарзамин чун Эмомалӣ Раҳмон бо ғамхорӣ ва эҳсоси ватандорӣ барои рушди фарҳанги милливу исломӣ тадбирҳои дурусту муассирро сари вақт наандешидааст.
Сарвари давлат арзишҳои милливу диниро эҳё намуданд. Туфайли раҳнамоиву ҳидояташон ҳуқуқ ба озодии виҷдон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардид ва низ ба он кафолат дода шуд.
Ба ифтихори 1310 – солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам соли 2009 Соли бузургдошти ин шахсияти барҷастаи таърихиву динӣ эълон гардид. Дар Ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» уламо ва хидматгузорони бузурги олами ислом ба кишвари мо ташриф оварданд.Онҳо бо шодмонӣ ошкоро изҳор доштанд, ки чунин ташаббус бо ин гуна ҷасорати бузург пештар аз ҳеҷ сарвари давлат ба амал наомада буд ва таърих онро дар сафҳаҳояш бо ҳарфҳои заррин хоҳад навишт.
Тарғиби ин шахсият тамоми сол, инчунин, баргузории ҳамоишҳо, хосса ҳамоиши байналмилалӣ, нашри китобҳои Имоми Аъзам ва китобҳои дар бораи шахсияти ин пешвои мазҳаби ҳанафӣ таълифгардида ӯро бештару беҳтар ва густардатар шиносонд. Пайравонаш агарчи бо номаш ошно буданд, аммо дар бораи шахсияташ, мақоми илмияш, таълифоташ, талошҳояш барои мазҳабу пойдорияш маълумоти кофӣ надоштанд.
Таҷлилу ҷашнҳои санаҳои таърихии шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангӣ чи пештар ва чи баъдтар аз эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам маҳз бо ташаббус, пешниҳод ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат сурат гирифтанд. Мардуми кишвар ба таълимоту таълифоти арзишманди Шайх Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон маҳз туфайли ин таҷлилу ҷашнҳо дастрасии бештар пайдо карданд.
То Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон идҳои Рамазон ва Қурбон расман бо шукӯҳи зиёд баргузор намегардиданд. Бо фарорасии ин ду ид Сарвари давлат тамоми мусулмонони кишварро бо Паёми махсус табрик мекунанд ва арзишҳои бузургу мондагори онҳоро ёдовар мешаванд.
Нахустин бор дар ин давра қонунан рӯзҳои ид рӯзҳои истироҳат эълон гардиданд.  Амалҳои неки мазкур, тавре зикр шуд, пештар аз ин собиқа надоштанд.
Бо супориш ва дастгирии Сарвари давлат нахустин бор китоби осмонии Қуръони карим бо тарҷумаи тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди беш аз 200 ҳазор нусха ба табъ расид ва ройгон ба мардум тақсим шуд. Китобҳои зиёди динӣ, аз қабили «Саҳеҳ» - и Имом Бухорӣ, «Муснад» - и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми дин», «Кимиёи саодат» - и Имом Ғазолӣ ва дигар осори пурқимати диниву фарҳангӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат нашр шуданд.
Дар ин муддат шаҳри Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб гардид. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат таъсис ёфт. Донишкадаи исломии Тоҷикистон мақоми давлатӣ гирифт. Барои имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи кишвар маоши ҳармоҳа таъйин намуданд.
Шумораи масҷидҳо пеш аз даврони Истиқлоли давлатӣ 17 адад буд. Ҳолиё теъдоди онҳо аз 4000 беш мебошад. Шумораи ҳоҷиёни мамлакат пеш аз замони истиқлол 30 нафарро ташкил медод. Ҳолиё ҳамасола қариб 6000 нафар ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегарданду маносики ҳаҷи фарзиро ба ҷо меоранд.
Дар пойтахти кишвар масҷиди бузург бо истифодаи санъати меъмории миллӣ бунёд ёфтааст. Ин ҳама гувоҳ бар озодии эътиқоди динӣ ва имкон барои пойдориву рушди ахлоқи диниву инсонӣ мебошанд.
Сарвари давлат бо фароҳам овардани ин гуна имконот таъкид медоранд: «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқандозӣ дар байни уммати мусулмон».
Азбаски ифротгароӣ ва таассубу хурофот, афзудани кинаву адовати диниву мазҳабӣ ба тамоили хатарнок табдил ёфт, Пешвои миллат зарур шумурданд, ки тадбирҳои судманду қатъӣ андешида шаванд. Воқеан, агар фаъолияти муғризонаи баъзе аз гурӯҳҳову намояндагони дигар мазҳабҳо сари вақт пешгирӣ ва қатъ намегардиданд, маълум набуд, ки имрӯз вазъи сиёсӣ ба чи сурат анҷом меёфт.
Пешвои миллат барҳақ иброз медоранд: «Мо бояд ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд». Дар ҳақиқат, масъалаи мазкур на танҳо муҳим, балки бисёр нозуку ҳассос мебошад. Андак ғафлату беэътиборӣ ва дуруст сарфаҳм нарафтан ба он вазъи сиёсиву фарҳангиро ба маънии манфиаш мураккаб мегардонад. Имрӯзҳо абарқудратон, сиёсатмадорон бо мақсадҳои муғризонаи худ ва бадном кардани ислом маҳз аз ҳамин нуқтаи заъф истифода бурдан мехоҳанд. Моро як бор, он замон, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сари қудрати давлатдорӣ набуданд, ба ин гуна дом афтоданд ва бо бародарони ҳамхуну ҳамдин душмани ҷонӣ гардидем. Ин хато набояд дигарбора такрор шавад. Албатта, нахоҳад шуд, чун Пешвои миллатро дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дорем ва иттиҳоду сарҷамъӣ дар атрофи ӯ моро бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нахоҳад кард.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2020    №: 142    Мутолиа карданд: 377
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед